Дяус
дорад, ки лаќаби фахрии он
«Питар»,
яъне «Падар» мебошад.
Як гурўњ худоњои дигар њамчун таљассумгари офтоб мебошанд. Аз
њама одии онњо
«Суря»
мебошад, ки маънояш «Офтоб» мебошад.
Дигараш
Савитри
(Савитар)
, яъне «барќароркунанда», «зиндакунанда»
мебошад. Дигараш
Пушан
- худои гармии офтоб, муњофизи њайвонот ва
њомии одамон ба њисоб меравад. Ба ин гурўњ
Митраро
низ даровардан
лозим аст, њарчанд ки дар ведањо наќши он на он ќадар муайян аст ва он
бо Варуна якљоя зикр мегардад. Митра дўст ва муњофизи одамон ба
њисоб мерафт Ба ин гурўњ инчунин
Вишнуро
, ки дар ведањо наќши
хоксоронае дорад, дохил кардан лозим аст. Вишну баъдтар ба фигураи
муњимтарини дини њиндуѐн табдил меѐбад.
Баъзе худоњои дигари ведї њамчун миѐнарав байни одамону худоњои
осмон мебошанд. Масалан худои оташ
Агни
. Ба он то 200 гимн бахшида
шудааст. Дар гимнњо ба ў њамчун ба оташи барои ќурбонї истифода
мешудагї мурољиат шудааст. Чунончи: «Туро, ки дар њар дарахт пинњон
будї, эй Агни, ангирасњо (донишмандони ќадимї) дарѐфтанд. Ту дар
натиљаи соиш њамчун ќувваи бузург тавлид меѐбї».
Миѐнарав будани оташ дар байни одамону худоњо дар он зоњир
мегардад, ки оташ њангоми сўзонидани ќурбонињо онњоро ба осмон ба
назди худоњо мебарад. Чунончи: «Эй Агни, фаќат он ќурбонї ва он
маросим ки ту онњоро аз њама атроф фаро мегирї, ба назди худоњо
мераванд».
Асурњо ва девњо, ќурбонї ва назру ниёз
. Њамаи худоњои ведї ба
ду гурўњи бо њам муќобил људо мешаванд: асурњо ва девњо. Ба гурўњи
асурњо Дяус, Варуна, Митра, Савитар, Адити (Худои Замин-Модар),
вале худоњои дигар ба гурўњи девњо дохил буданд. Баъдтар асурњо
худоњои бад ва девњо худоњои нек шуданд. Баъдтар ракшасњо (арвоњњои
бад) пайдо шуданд, ки Индра ва худоњои неки дигар бо онњо мубориза
мебурданд.
Љои асосиро дар маросимњои ведї таќдими ќурбонию назру ниѐз
ишѓол мекард. Бештар ќурбонии бехунрезї таќдим мегардид, ба
монанди сома (нўшокии ба пиво ѐ шароб монанд), шири гов, равѓан,
асал, нон. Ва таќдими ин назрњо њамчун хўрок додан ба худоњо тасаввур
мегардиданд. Назрдињанда мегуфт: «ана равѓан, куљост тўњфаи ту?»
Њамин тавр, дини давраи ведї дини сода буда, нуќтаи марказии ин
дин ќурбонию назр пешнињод кардан мебошад. Дар он вуљуд доштани
ягон ибодатхонае зикр нагардидааст. Ин дини сода инъикоси гузариши
ќабилањои ориѐї аз сохти ќабилавии љамъиятї ба сохти нави дигар буд.
Таќрибан дар њазорсолаи якуми то солшумории мо дар њаѐти
љамъиятии Њиндустон таѓйиротњои љиддї рух доданд. Ориѐињо њавзањои
дарѐњои Њинд ва Гангаро тобеи худ гардонида дар онњо як ќатор
давлатњои ѓуломдорї ташкил намуданд. Дар ин маконњо таъсири ањолии
то ориѐињо вуљуд дошта (дравидњо ва мунда) хеле калон буд. Дар
миѐнањои њазорсолаи якум давлате дар маљрои поѐнии дарѐи Ганга бо
номи Магадња пайдо гардид, ки он ба маркази муттањидсозии тамоми
шимоли Њиндустон табдил ѐфт.
Дар њамин давра асосњои сохти каставї дар Њиндустон гузошта
шуданд, ки он сохт то ба имрўз омада расидааст. Дар замонњои ќадим
чор типи кастањо (аз санскрит «варна», яъне ранг) вуљуд доштанд. Он
кастањоро имрўз низ варна, вале барои фарќ гузоштани ќадимаю имрўза,
кастањои њозираро «љатї» меноманд. Он чањор каста инњоянд: брањман,
кшатрий, вайша, шудра.
Дар Магадња брањманњо њамчун кастаи махсуси рўњонї, ки
донандањои ведањо буданд ва ќурбонињоро ба иљро мерасониданд,
мавќеи роњбарикунандаро ишѓол намуданд. Брањманњо њамаи он чи ки
мансуб ба дин буд, дар дасти худ љамъ оварда, дар љамъият соњиби обру
ва нуфузи хос гаштанд.
Дар баробари брањманњо кастаи дигар-кастаи љанговарон-
кшатрийњо низ мавќеи њукмрониро ба даст гирифт. Подшоњону
ашрофон аз њамин каста буданд. Кастаи сеюм вайшњо аз дењќонону
чорводорону тољирон, ки табаќаи сокинони озоди кишварро дар бар
мегирифт, иборат буд. Онњо асосан аз ќабилањои ориѐї-фотењони
кишвар иборат буданд. Ин се каста-наљибу ориѐї дониста шуда, онњоро
ду бор зодашуда низ меноманд. Кастаи чоруми бењуќуќ ин кастаи
ѓуломон,
бозмондагони
мардуми
мањаллии
Њиндустон-шудрањо
(хидматгорон) буд.
Do'stlaringiz bilan baham: |