Моддаи 384. Худсарона баромада рафтан аз
майдони ҷанг ё саркашӣ кардан аз кор
фармудани яроқ
Дар вақти ҷанг худсарона баромада рафтан аз майдони ҷанг ё ки дар вақти ҷанг саркашӣ
кардан аз кор фармудани яроқ,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 385. Бо ихтиёри худ таслим шудан ба асирӣ.
Аз сабаби тарсончакӣ ё беҷуръатӣ бо ихтиёри худ таслим шудан ба асирӣ,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 386. Несту нобуд ё вайрон кардани
молу мулк
и ҳарбӣ
1) Несту нобуд ё вайрон кардани яроқ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҳарбӣ дар
натиҷаи беэҳтиётӣ, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад,‐
бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал ё бо маҳдуд
кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба
мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани яроқ, лавозимоти ҷангӣ ё предметҳои техникаи ҳарбӣ,‐
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди
ақал ё бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол, ё нигоҳ доштан дар қисми
интизомии ҳарбӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода
мешавад.
3) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси оқибатҳои вазнин
гардида бошад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои дар қисми дуюми ҳамин модда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир шуда
бошад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
Моддаи 387. Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои
атрофиён хавфи зиёд дорад
1) Вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ, лавозимоти ҷангӣ, маводи радиоактивӣ,
моддаҳои тарканда ё дигар маводу асбобу анҷоме, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад, агар он аз
беэҳтиётӣ боиси расидани зарари вазнин ё миёна ба саломатии ҷабрдида, нобуд шудани техникаи
ҳарбӣ ё ба дигар оқибатҳои вазнин оварда расонида бошад,‐
бо нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ба мўҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз
озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё
зиёда ҷабрдидагон гашта бошад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Do'stlaringiz bilan baham: |