Моддаи 173. Ифшои сирри писархондӣ (духтархондӣ)
1) Ифшои сирри писархондӣ (духтархондӣ) бидуни ихтиёри шахси фарзандхонда, ки аз
ҷониби шахсе, ки воқеияти писархондиро (духтархондиро) ҳамчун сирри хизматӣ ё касбӣ
вазифадор аст ҳифз кунад ё аз ҷониби шахси дигар агар ин кирдор бо ғарази ё бо дигар ниятҳои
қабеҳ содир бошад,‐
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ
ба мўҳлати то як сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо
фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли
мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он
ҷазо дода мешавад.
Моддаи 174. Иҷро накардани ўҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ
Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ аз ҷониби падару
модар ё шахси дигар, ки ин ўҳдадорӣ ба зиммаш қонунан гузошта шудааст, инчунин аз ҷониби
омўзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона
нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад,‐ (қҷт аз 17.05.04 №35
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат бо
маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба
мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Моддаи 175. Иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии
кўдак
1) Иҷрои номатлуби ўҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кўдаки хурдсол аз
ҷониби шахсе, ки ин ўҳдадори тибқи вазифаи хизматӣ ба зиммаш гузошта шудааст ё аз ҷониби
шахсе, ки ин вазифаро мувофиқи супориши махсус ба ҷо меорад, ё ин ўҳдадориро ихтиёран ба
зимма гирифтааст, агар дар натиҷа аз беэҳтиётӣ ба саломатии кўдак зарари миёна расида бошад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли
мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз беэҳтиётӣ боиси ворид гаштани зарари вазнин ба саломатии хурдсол гаштааст;
б) аз беэҳтиётӣ боиси марги ў шудааст,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли
мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода
мешавад.
Do'stlaringiz bilan baham: |