қисми панҷуми ҳамин модда.
2) Мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рўзи содир шудани ҷиноят то рўзи эътибори
қонунӣ пайдо намудани ҳукм ҳисоб карда мешавад.
3) Агар шахс аз тафтишот ё суд саркашӣ намояд, ҷараёни мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ
кашидан боздошта мешавад. Дар ин ҳолат мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рўзи дастгир
кардани шахс ё омада, ба гуноҳи худ иқрор шудани ў барқарор карда мешавад. Зимнан, агар аз
вақти содир намудани ҷиноят бист сол гузашта, мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан бо содир
намудани ҷинояти нав қатъ нагардида бошад, ин шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин
нест.
4) Агар то гузаштани мўҳлати дар ҳамин модда зикрёфта шахс қасдан ҷинояти нави дараҷаи
миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир намояд, мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рўзи
содир намудани ҷиноятҳои мазкур аз нав шурўъ гардида, мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан
барои ҳар ҷиноят алоҳида ҳисоб карда мешавад. пешбинӣ шудааст, суд ҳал менамояд. Агар суд бо
сабаби гузаштани мўҳлати
5) Масъалаи истифодаи мўҳлати ба
ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданро нисбати шахси
содирнамудаи ҷинояте, ки барои он ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ба ҷавобгарии
ҷиноятӣ кашидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсро имконнопазир донад, ба ў ҷазои
қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда намешавад.
6) Нисбати
шахсон
е, ки ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият ҷиноят содир намудаанд,
мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан истифода карда намешавад.
Б О Б И
12
ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАЗО
Моддаи 76. Шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кардан
1) Шахсе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул
шудан бо фаъолияти муайян корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани
озодӣ,маҳрум сохтан аз озодӣ ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ адо карда истодааст, агар
ў бо рафтори намунавӣ ва муносибати софдилона ба меҳнат ислоҳ шудани худро исбот кунад , суд
метавонад ўро шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод кунад. Дар айни замон ин шахсро пурра ё
қисман аз адои ҷазои иловагӣ озод намудан мумкин аст.
2) Суд шахсро шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод карда, метавонад ба зиммааш
ўҳдадориҳои пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 71 ҳамин Кодексро гузорад, ки шахс бояд
дар давоми қисми адонашудаи ҷазо онҳоро иҷро кунад.
3) Шартан пеш аз мўҳлат озод кардани маҳкумшуда танҳо дар мавриди воқеан мўҳлати
зеринро адо намудани ў имконпазир аст:
а) на камтар аз нисфи ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин
гардидааст;
б) на камтар аз се ду қисми ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;
в) на камтар аз чор се ҳиссаи ҷазои барои ҷинояти махсусан вазнин таъиншуда, инчунин ҷазое,
ки ба шахси қаблан шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озодгардида таъин шудааст, агар шартан
пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод намудан тибқи асосҳои дар қисми шашуми ҳамин модда
пешбигардида бекор карда шуда бошад.
4) Мўҳлати ҷазои воқеан адонамудаи шахс дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ аз шаш моҳ
камтар буда наметавонад.
5) Ба рафтори шахсе, ки шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод карда шудааст, мақоми
давлатии ваколатдор ва ба рафтори хизматчиёни ҳарбӣ фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ назорат
мекунанд.
6) Агар дар давоми мўҳлати боқимондаи ҷазои адонашуда:
а) маҳкумшуда тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда ва барои он ба ў ҷазои маъмурӣ татбиқ
шуда бошад ё аз иҷрои ўҳдадориҳое, ки суд ҳангоми шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод
кардани ў ба зиммааш гузоштааст, ашадд саркашӣ намояд, суд бо дархости мақомоти дар қисми
панҷуми ҳамин модда зикргардида дар хусуси бекор кардани шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо
озод кардан ва татбиқи қисми ҷазои адонашуда қарор қабул мекунад;
б) маҳкумшуда ҷиноят содир намояд, суд мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 68
ҳамин Кодекс ба ў ҷазо таъин мекунад.
7) Шахсони зайл дар ҳолатҳои зерин шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазо озод карда
намешаванд:
а) шахсе, ки нисбати ў ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст ё ҷазои қатл ба
тариқи бахшиши ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;
б) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок;
в) ташкилкунанда, иштирокчиёни гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти
ҷиноятӣ);
г) шахсе, ки барои ҷиноятҳои муқобили сулҳу амнияти башарият маҳкум карда шудааст.
Do'stlaringiz bilan baham: |