Моддаи 184
2
. Кирдорҳои қасдона ба муқобили бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ
1) Содир намудани амали зўроварӣ нисбати шахсе, ки дар ҳавопаймо ё киштӣ қарор дорад,
агар чунин амал тавонад ба бехатарии ин ҳавопаймо ё киштӣ таҳдид намояд, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
2) Вайрон кардани ҳавопаймо ё киштӣ ва ё расонидани зарар ба ин ҳавопаймо ё киштӣ ё ин ки
ба бори он, аз ҷумла вайрон намудани таҷҳизоти навигатсионӣ ё ба вуҷуд овардани монеаҳои ҷиддӣ
дар истифодабарии он, ки онро аз кор мебарорад ё метавонад ба бехатарии он таҳдид намояд,
ҷойгир кардан ё содир намудани ҳаракатҳое, ки дар ҳавопаймо ё киштӣ бо ҳар тарз ҷойгир
намудани восита ё моддае оварда расонад, ки метавонад чунин ҳавопаймо ё киштӣ ва ё бори онро
вайрон намояд ё ба он зараре расонад, ки метавонад ба бехатарии он таҳдид намояд, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё
дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти
байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо
тавонанд воқеан ба бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ таҳдид намоянд, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, ки:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи яроқ ё предмете, ки ба сифати яроқ истифода мешавад, содир шуда бошад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо
дода мешаванд.
Моддаи 184
3
. Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии фурудгоҳҳое, ки ба авиатсияи
гражданӣ хизмат мерасонанд
1) Содир намудани амали зўроварӣ дар фурудгоҳ нисбати шахсе, ки ба авиатсияи гражданӣ
хизмат мерасонад, агар чунин амал ба бехатарӣ дар ин фурудгоҳ таҳдид мекунад ё метавонад таҳдид
кунад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
2) Вайрон намудан ё расонидани зарари ҷиддӣ ба таҷҳизот ё иншооти фурудгоҳе, ки ба
авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад ё ин ки ба ҳавопаймоҳои воқеи фурудгоҳ, ки дар
истифодабарӣ қарор надоранд, ё халал расондан ба кори хадамоти фурудгоҳ, агар чунин амал ба
бехатарӣ дар ин фурудгоҳ таҳдид кунад ё метавонад таҳдид кунад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми дуюми
ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ
барои содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ кардан аз он, агар чунин кирдорҳо ба бехатарӣ дар
фурудгоҳе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад, таҳдид мекунанд ё метавонанд таҳдид
кунанд, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи яроқ ё предмете, ки ба сифати яроқ истифода мешавад, содир шуда бошанд, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо
дода мешаванд.
Do'stlaringiz bilan baham: |