Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон


стасионарии воқеи шелфи континенталӣ



Download 1,54 Mb.
Pdf ko'rish
bet96/200
Sana23.02.2022
Hajmi1,54 Mb.
#131210
TuriКодекс
1   ...   92   93   94   95   96   97   98   99   ...   200
Bog'liq
Penal Code tg

стасионарии воқеи шелфи континенталӣ 
1) Ба муқобили киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ ғайриқонунӣ 
истифода бурдан ё ин ки аз киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ 
партофтани моддаҳои тарканда, маводи радиоактивӣ ё яроқи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, ё ин ки
нафт, гази моеи табиӣ ё дигар моддаи хатарнок ё зараррасон ба андоза ва ҳаҷме, ки он боиси марг ё 
зарари вазнин ба саломатӣ мегардад ё шуда метавонад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад. 
2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин 
модда бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ва ё маҷбур кардани давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои 
иҷрои ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад. 
Моддаи 195. Ғайриқонунӣ  соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба  соҳибияти  каси дигар  
додан, нигоҳ  доштан, интиқол додан  гирифта  гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои  
тарканда ва воситаҳои таркиш 
1) Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, 
интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани яроқи оташфишон, (ғайр аз яроқи ҳамвормили шикорӣ), 
лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш, ҳамчунин маҳлўлҳои оташангез ва 
моддаҳои зуддаргиранда, ки барои ба сифати яроқ истифода бурдан таъинанд ё мувофиқ карда 
шудаанд,‐
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани 
озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. 
2) Ҳамин кирдор, агар: 
а) такроран; 
б) аз ҷониби гурўҳи 
шахсон
бо маслиҳати пешакӣ; 
в) ба миқдори калон анҷом дода шуда бошад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад. 
3) Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда агар аз ҷониби гурўҳи муташаккил 
содир шуда бошад, ҳамчунин ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар 
додан, нигоҳ доштан, интиқол додан ё бо худ гирифта гаштани яроқи зарравӣ, химиявӣ, биологи
(бактириологӣ) ё дигар намуди яроқи қатли ом ё мавод ё таҷҳизоте, ки ҳангоми сохтани яроқи қатли 
ом истифода шуданашон мумкин аст,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад. 
4) Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан ё гирифта 
гаштани яроқи газӣ, ханҷар, корди дудама ё дигар яроқи сард, аз ҷумла яроқи ҳаводиҳанда агар 
чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ‐
бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз як саду ҳаштод то ду саду чил соат ё бо ҷрима ба андозаи аз 
дусад то паҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода 
мешавад. 
Эзоҳ: 1) Шахсе, ки ихтиёрӣ предметҳои дар модаи мазкур номбурдашударо месупорад, агар
дар кирдори ў дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. 
2) Мутобиқи қисми якуми ҳамин модда ҷавобгарии ҷиноятӣ барои кирдорҳои ғайриқонунӣ 
бо тирҳо танҳо он вақт ба миён меояд, ки шумораи тирҳо то даҳ дона бошад ва агар ин кирдор дар 
давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад. Барои зиёда аз даҳ дона тир бошад, 
ҷавобгарии ҷиноятӣ новобаста аз ҷавобгарии маъмурӣ ба миён меояд; 
3) Яроқи оташфишон (ду адад ва зиёда аз он), лавозимоти ҷангӣ (граната, снаряд ва ғайра ду 
адад ва зиёда аз он, тир 30 адад ва зиёда аз он), маводи оташангез ва моддаҳои зуддаргиранда (2 литр 
ва зиёда аз он), ки махсус барои истифода ба сифати яроқ таъинанд ё мутобиқ карда шудаанд, 
миқдори калон ҳисоб карда мешавад. 



Download 1,54 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   92   93   94   95   96   97   98   99   ...   200




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish