Моддаи 179
1
. Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ
дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онҳо
1) Ҷалб кардани шахсон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 1792, 1793, 181,
182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи
ҳамин Кодекс ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ,
яроқнок намудан ё таълими шахсон бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин
мусоидат кардан ба тарзи дигар, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин ҳаракат агар такроран ё бо истифода аз мақоми хизматиаш содир шуда бошад, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи
ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода
мешавад.
Эзоҳ: Шахсе, ки ҷинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо содирнамуда, аз ҷавобгарии
ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар ў ихтиёран ва саривақт бо роҳи ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ
хабар додан ё бо дигар тарзҳо барои пешгирии содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ
дошта мусоидат намояд, агар дар ҳаракатҳояш таркиби ҷинояти дигар набошад.
Моддаи 1792. Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта
1) Бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё
қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он ки ин воситаҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар
моддаҳои 179, 1791, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945,
310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс истифода мегарданд, ҳамчунин агар воситаҳои мазкур
воқеан дар ҷиноятҳои зикршуда истифода нагарданд, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошанд, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд.
3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:
а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошанд, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Зери мафҳуми «воситаҳо» дар моддаи мазкур активҳои ҳама навъ, ламсшаванда ё
ламснашаванда, манқул ё ғайриманқул, новобаста ба тарзи ба даст овардани онҳо, ҳамчунин
ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва ё санадҳо дар ҳама гуна шакл, аз он ҷумла электронӣ ва рақамӣ, ки ҳуқуқро ба
чунин активҳо ва ё иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, инчунин кредитҳои бонкӣ, чекҳои
сафарӣ, чекҳои бонкӣ, интиқолоти почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, облигатсияҳо, векселҳо,
аккредитивҳо ва ғайраҳо фаҳмида мешаванд.
Do'stlaringiz bilan baham: |