8. методикаи рақамгузорӣ. Зинаҳои ташаккулдиҳии фаҳмишҳои адад ва рақАМҲо калима ва ибораҳои такягоҳӣ



Download 199,51 Kb.
bet3/3
Sana24.06.2022
Hajmi199,51 Kb.
#700731
1   2   3
Bog'liq
тема8

Мазмуни фаҳмишҳои адад ва рақам
Фаҳмиши ададҳои натуралӣ яке аз фаҳмишҳои асосии математикӣ мебошад. Он монанди фанни математика, дар натиҷаи эҳтиёҷҳои фаъолияти амалии одамон ба вуҷуд омадааст. Зарурати муқоисаи маҷмӯаҳои рақамии гуногун сабаб шудааст, ки ададҳои натуралӣ бавуҷуд ояд. Фаҳмиши ададҳои натуралӣ дар навбати худ аз якчанд зина гузашт. Дар замонҳои қадим барои муқоисаи маҷмӯаҳои рақамӣ байни маҷмӯаҳои муайяншуда, ё ки байни яке аз маҷмӯаҳо ва қисме аз маҷмӯаи дигар монандии якқийматӣ ба роҳ монда шудааст, яъне дар ин зина одамон адади маҷмӯаи чизҳоро онҳоро ҳисоб накарда, дарк намудаанд.
Одамон бо гузашти вақт танҳо номи ададҳоро не, балки ҳисоби онҳоро, инчунин, аз рӯйи онҳо иҷро кардани амалҳоро омӯхтанд. Дар Ҳиндустони қадим навиштани системаи даҳии ададҳо ва фащмиши сифр офарида шуд. Оҳиста -оҳиста дар бораи номаҳдуд будани ададҳои натуралӣ тасаввур пайдо шуд.
Ададҳо дар хат бо рақамҳо ифода шуданд. Ҳамагӣ 10 то рақам мавҷуд: 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9. Адади 10 мавҷуд нест. Он аз ду рақам: аз 1 ва 0 ифода меёбад. Дар рафти як машғулот бо як ва ё ду рақам шинос кардан мумкин аст.
Масалан, ҳангоми шиносоӣ бо рақами “1” муаллим дар карточкаи ҳисоб расми якто бозичаро мемонад, дар назди онҳо яктогӣ карточкаи доирачашаклро мегузорад.
Ду нафарро дар наздаш даъват намуда, ба яке аз онҳо як маротиба ҷаҳидан ва ба дигаре як маротиба задани мизро таклиф мекунад. Бачаҳо ҳисоб карда, ҳамаашон яктогӣ гӯён хулоса мекунанд.
Сипас, рақами “1”-ро нишон дода, фаҳмонида мешавад, ки ин рамзи шартноки нишондиҳандаи адад буда, ҳар як адад рамзи худро дорад.
Ҳамин тавр, баробари машқҳои болоӣ дар хонандагон малакаи навиштани ададҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 0 ташаккул меёбад. Дар дафтари математика намунаҳои чӣ тавр аз рӯйи нишондоди хат бо ҳаракатҳои даст навиштани рақамҳо нишон дода шудааст. Муаллим ба хонандагон дар тахтаи синф (дар катакчаи кашидашуда) чӣ тавр иҷро кардани супоришро, сараввал аз кадом хат оғоз кардан, ҳангоми кашидани рақам аз рӯйи дафтар бардоштан ва ё набардоштани руча ва дигарҳоро нишон медиҳад. Хонандагон амали муаллимро такрор мекунанд, ручкаро гирифта, ҳаракатҳои дахлдорро дар “ҳаво” нишон медиҳанд. Баъд аз он онҳо мустақилона ба иҷрои вазифа мекӯшанд. Хонандагон навиштани ададҳои омӯхтаашонро машқ мекунанд, дар он навиштан ва ҳисобро баробар бурдан мувофиқи мақсад аст: сараввал рақами 2-ро як маротиба нависед, баъд 2 катак монда рақами 2-ро ду маротиба нависед, боз 3 маротиба нависед ва ҳоказо. Дар ана ҳамин дарсҳо оид ба рақамгузорӣ супоришҳои аввалини хаттӣ дода мешавад: адади чизҳоеро, ки дар миз гузошта шудааст, бо рақамҳо муайян созед; ҳосили ҷамъи 2 ва 1-ро нависед; адади дар ҳисоб пеш аз 3 бударо (баъд аз 3 меомада) нависед. Баъдтар доир ба муқоисаи рақамҳо, инчунин, супориши ҳалли мисол ва масъалаҳо, аз ҷумла, ?+1, ?+_2, ва ҳ. илова мегардад.
Download 199,51 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish