Дараҷаи омӯзиш. Дар байни олами ҳайвоноте, ки хело гуногуннамуд мебошанд, бешубҳа ҳайвонҳои барои одам фоидабахш ва зараррасон низ мавчуданд. Аз ин лиҳоз омузиши олами ҳайвоноти Тоҷикистони Шимолӣ кайҳост, ки диққати бисёр олимони беруни, ҷумҳурӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Дар натиҷа, натанҳо намудҳои ҳайвонот муайян шуданд, балки усулҳои ҳифзи намудҳои барои одам фоидабахш дарёфт карда шуда муҳофизат карда мешуданд. Инчунин барҳам дода шудани бемориҳои пурхавфи инсон-табларза (малария) ришта, трахома (чашмдард) ва ғайра мисол шуда метавонанд,ки аз байн бурда шуданд. Дар ҳалли ин масъала олими забардасти рус академик Е. Н. Павловский, ки қисми зиёди ҳаёти худро баҳри тадқиқи олами ҳайвоноти Тоҷикистони Шимолӣ бахшидааст саҳми калон дорад. Е. Н. Павловский ва шогирдонаш дар кори тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба Тоҷикистон ёрии бебаҳо расондаанд. Ҳоло пайравони ў омўзиши ҳаматарафаи олами ҳайвоноти Тоҷикистонро идома дода истодаанд.
Ногуфта намонад, ки хазандаҳо яке аз ҳайвоҳои сутунмўрадори қадимтарин ва паҳншудатарини дунё ва ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта таърихи зиёда аз 250 милн сола доранд. Аз рўи маълумоҳои Т. Сатторов (1994) дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 50 намуду зернамуди хазандҳо маълум шудаанд. Бинобар ин, хазандаҳои Тоҷикистон аз давраҳои қадим диққати олимони гуногуни хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Оид ба фаунаи хазандаҳои Тоҷикистон ва Шимолии он олимон герпетологҳо С.А.Чернов (1959); С.А.Саид-Алиев (1979); Т. Сатторов (1993-1994) ва дигар шогирдони онҳо корҳои зиёдеро ба сомон расондаанд. Лекин тадқиқотҳои бурдашудаи онҳо хусусияти умум дошта маълумотҳоро оид ба паҳншавию ҷойгиршавии хазандаҳо ҷамбаст карда буданд.
Навгонии кор. Дар солҳои охир таъсири фаъолияти хоҷагии кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал ба фаунаи Тоҷикистони Шимолӣ хусусан хазандаҳо хело зиёд шуда истодааст, ки водиҳо, доманакўҳҳо барои кишту кори растаниҳои кишоварзӣ бо суръати тез аз худ карда шуда истодаанд. Каналҳо, сой ва обанборҳо, заводҳо ва фабрикаҳо сохта шуда истодаанд. Ҳамаи ин тағиротҳо ба паҳншавии миқдор ва ареали хазандаҳо таъсири манфи расонида истодааст. Дар натиҷа бисёр намуди хазандаҳо дар қаламрави Ҷумҳури миқдоран хело кам шудаанд: (боҳтур, сангпушти Осиёи миёнагӣ, сусмори хокистаранг, лундасаракҳо, калтакалосҳои турнақш, чобук, пулакчаҳамвор ва ғайра), баъзе намудҳояшон дар ҳудуди нестшавӣ ва нест шуда истодаанд. Масалан (куброи Осиёи миёнагӣ, мори печони Шарқӣ, мори чипори доғдор ва ғайра) баъзе намудҳои дигараш бошад дар Тоҷикистони Шимоли тамоман нест шудааст. Масалан: мори афъии дашти.
Do'stlaringiz bilan baham: |