43.
Мафҳуми номуайянӣ дар исм тавассути кадом артикл ифода мегардад?
- е
- о
- бе
- ё
1
44.
Адабиётшинос Атахон Сайфуллоев дар бораи кадом адиб чунин гуфтааст: «Сурудҳои ӯ яке аз муҳимтарин омилҳои худогоҳии халқ ва бедории ифтихори миллии тоҷикон мегарданд. Дар онҳо болоравии тафаккури таърихии ҳамватанон ва ифтихормандӣ аз аҷдоди бузурги худ мушоҳида мешавад» ?
Меҳмон Бахтӣ
Фарзона
Бозор Собир
Абдулҳамид Самад
3
45.
Чӣ талаб мекунад, ки ҳангоми ифодаи фикр калимаи матлубро интихоб намудан, маънои воҳидҳои луғавиро дониста кор фармудан ва тобишҳои маъноии онҳоро дар мадди назар доштан зарур аст?
Ҳусни баён
Латофати табъ
Офариниш
Меъёри адабӣ
2
46.
Кадом олими маъруф дар хусуси шӯҳрати китоби «Самаки айер» навиштааст, ки ин асар «Қарнҳо мояи саргармӣ ва нишоти мардуми ин сарзамин (Хуросон) дар вақтҳои фароғат буда ва қиссагӯён ҳар яки онҳоро аз устод ё падари худ шунида ва умре барои мардумони шаҳру деҳ бозгӯ карда ва сипас ин хидмати иҷтимоиро ба шогирд ё фарзанди худ супурда ва даргузаштаанд» он кист, муайян кунед?
Парвиз Нотили Хонларӣ
Саноӣ
Ҷалолиддин Румӣ
Шайх Абулҳасани Харақонӣ
3
47.
Пасванди - ҳо дар кадом намуди услуб асосан дар нутқи қаҳрамонони асар ба мушоҳида мерасад?
Дар услуби бадеӣ
Дар услуби расмии коргузорӣ
Дар услуби рӯзноманигорӣ
Дар услуби илмӣ
1
48.
Мӯъмин Қаноат дар бораи шеърҳои кадом шоири машҳур чунин гуфтааст: «…. ба ҷаҳони офтобзадаи берун наменигарад, ӯ дар долонҳои дарун кӯшиши сайругашт дорад ва аз он ҷо чизҳои нуҳуфтаро берун меорад»?
Дар бораи Фарзона
Дар бораи Гулрухсор
Дар бораи Мирзо Турсунзода
Дар бораи Лоиқ Шералӣ
2
49.
Чиҳо қолибҳоеанд, ки барои ифодаи маъниҳо истифода мешаванд?
Калимаҳо
Ибораҳо
Ҷумлаҳо
Ҳиҷоҳо
3
50.
Асосгузори насри мусаҷҷаи сӯфиёна кадом адиби тасаввуфӣ ба ҳисоб меравад?
Абдуллоҳи Ансорӣ
Абӯсаиди Абулхайр
Саноӣ
Ҷалолиддини Румӣ
3
51.
Калимаҳо дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ аксар ба кадом маъно омада, мафҳумҳоро як дараҷа пӯшида, вале рангину дилнишин ифода мекунанд?
Ба маънои маҷозӣ
Ба маънои аслӣ
Ба маънои иқтибосӣ
Ба маънои мутазодӣ
2
52.
Кадом адиб баъд аз хондани асари машҳури Айнӣ «Ёддоштҳо» ба ӯ лақаби «Байҳақии замон» медиҳанд?
Шафеии Кадканӣ
Саид Нафисӣ
Мирзо Турсунзода
Чингиз Айтматов
3
53.
Калимаҳои наве, ки дар натиҷаи дигаргуниҳои иҷтимоӣ, хоҷагӣ, инкишофу илму маданият ва монанди онҳо пайдо шудаанд, бо кадом роҳ сурат гирифтаанд?
Бо роҳи калимасозӣ
Бо роҳи иборасозӣ
Бо роҳи ҷумласозӣ
Бо роҳи ҳиҷосозӣ
2
54.
Кадом адиб ба маснавии «Сайр-ул-ибод илал-маод»-и Саноӣ, ки аз сафари рӯҳонии солик иборат мебошад шарҳ навиштааст?
Фахриддини Розӣ
Муҳаммад Ғаззолӣ
Ҷалолиддини Румӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ
1
55.
Варваризмҳо дар адабиёти бадеӣ, одатан, барои тавсифи нутқҳои персонажҳо ба кор рафта, чанд вазифаи услубиро адо мекунанд?
Ду вазифаи услубиро
Як вазифаи услубиро
Се вазифаи услубиро
Чор вазифаи услубиро
1
56.
Кадом адиб дар бораи Айнӣ навиштааст: «Дар мавҷҳои таърих халқро нишон додан аз ракурсҳои Айнӣ мебошад. Айнӣ бисёр асарҳои хурду калони аҷоиб дорад, ман мутолиакунандагонро барои шинос шудан бо қиссаи ҳаҷвии ӯ «Марги судхӯр» даъват мекунам. Дар он ҷозибаи ниҳоят зиёд мавҷуд аст. Умедворам, ки ба ин санъаткорони сухан (Садриддин Айнӣ ва Мухтор Авезов) муроҷиат карданро мутолиакунандагон аз ман ибрат мегиранд»?
Чингиз Айтматов
Бердӣ Карбобоев
Хуршеда Отахонова
Нимо Юшиҷ
2
57.
Дар байни усулҳои калимасозии забони тоҷикӣ кадом усул сермаҳсултар аст?
Усулҳои сарфии калимасозӣ
Усулҳои маъноии калимасозӣ
Усулҳои наҳвии калимасозӣ
Усулҳои луғавии калимасозӣ
58.
Кадом маснавии адиб аз 2260 байт иборат буда, аз ҷиҳати ғоявӣ як навъ тазмин ба асари шоири сӯфии асри ХI-ХII Саноии Ғазнавӣ «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа» мебошад?
«Махзан-ул-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ
«Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридуддини Аттор
«Лисон-ут-тайр»-и Алишер Навоӣ
«Чароғи абадӣ»-и Мирзо Турсунзода
1
Do'stlaringiz bilan baham: |