Нақши технологияҳои информатсионӣ дар баланд бардоштани сифати таълим - таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид



Download 16,51 Kb.
Sana24.02.2022
Hajmi16,51 Kb.
#248570
Bog'liq
ннннн


Нақши технологияҳои информатсионӣ дар баланд бардоштани сифати таълим»- таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар кори конфронс олимону мутахассисони соҳавӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва ташкилоту ширкатҳои бонуфуз ширкат доштанд.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ Ховар, ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода зикр дошт, ки тараққиёти илму техникаҳои муосир водор месозад, ки ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолият, бахусус, идоракунии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ки талаботи даврони муосир аст, мувофиқ гардонида шавад. Зеро истифодаи самараноки воситаҳои муосири техникӣ дар таъмини сифати таҳсилот, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва татбиқи намудҳои гуногуни таҳсилот – кредитӣ ва фосилавӣ нақши муассир дорад.
Баъдан чанд нафар олимону устодон, аз ҷумла муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дотсент Маҳмуд Тошматов, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ, дотсент Амрулло Нурализода, муовини директори ДПДТТХ ба номи М.М.Осимӣ Хуршед Мақсудов, мудири кафедраи Донишгоҳ Шоира Муҳаммедова оид ба нақши технологияҳои информатсионӣ дар самти беҳтар намудани сифати таълим сухан гуфтанд.
Кори конфронс бо пешниҳод ва баррасии беш аз 100 мақола дар чор бахш идома ёфт. Дар маърӯзаҳо перомуни роҳҳои ташаккул ва ҳавасмандкунии донишҷӯён дар раванди таълим тавассути технологияҳои муосир, тарзи истифодаи босамари усулҳои инноватсионӣ дар мактабҳои олӣ, аҳамият ва муҳимияти технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим, коркарди технологияи нави қобилияти касбии омӯзгори навовар, муаммоҳо ва рушди самтҳои инноватсионӣ дар системаи маориф, низоми босамари тайёр кардани мутахассисон ба воситаи технологияҳои муосир, тақвияти истифодаи технологияи иттилоотии муосир дар раванди идоракунӣ, зарурати татбиқи технологияҳои инноватсионии таълимӣ дар системаи маориф ва ғайра сухан рафт.
Дар интиҳо бо муайян намудан ва пешниҳоди омилҳои муҳими омода кардани мутахассисони баландихтисос бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ кори конфронс ба анҷом расид.
Зикр гардид, ки ҳадафи асосии баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бо ҷалби намояндагон аз донишгоҳҳои бонуфузи мамлакат аз тақвияти бештари фазои таҳсилоти олии кишвар бо истифода ва татбиқи воситаҳои технологияҳои инноватсионӣ ва теллекомуникатсионӣ, касб ва мавқеи муайян доштан дар фазои таҳсилоти олии давлатҳои Аврупо иборат буд.
Download 16,51 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish