Мавзўи Предмети омӯзиш ва вазифаҳои фан. Мавќеи геополитикї ва таќсимоти маъмурию сиёсии Љумњурии Тољикистон Наќша



Download 1,42 Mb.
bet32/70
Sana25.06.2022
Hajmi1,42 Mb.
#704195
1   ...   28   29   30   31   32   33   34   35   ...   70
Bog'liq
ктм (1)

Савол ва супориш:
1. Муҳоҷиратчиствачӣгунагурӯҳбандӣмешавад?
2. Нишондиҳандаҳоимуҳоҷираткадомҳоянд?
3. Коэффитсенти иммигратсия (омад) ва коффитсенти эммигратсия (рафт)-ро чӣгунаҳисобмекунанд?
4. Коэффитсенти шиддатнокии муҳоҷиратрочӣгунаҳисобмекунандваондар Тоҷикистонбачандпромиллбаробараст?
5. Бозори умумии меҳнатӣчист?
6. Роли омилҳоидемографӣ, иқтисодӣваиҷтимоиродаршаклгириибозориумумиимеҳнатӣмуайянкунедвахулосабарорӣкунед.
7. Муҳоҷиратимеҳнатӣчиствааздигарнамудҳоимуҳоҷиратбокадом хусусиятҳояшфарқмекунад?
8. АҳамиятимуҳоҷиратимеҳнатиродарсоҳаҳоииқтисодӣваиҷтмоииТоҷикистонмуайянкунед.
9. Љињатњои мусбї ва манфии муњољирати мењнатиро номбар кунед.
Мавзўи 8.Вазъи демографи ва сиёсати демографии Тољикистон. Сиёсати демографї ва наќши он дар идоракуни равандхои иљтимої
Наќша:

  1. Вазъи демографии Тољикистон

  2. Сиёсати демографии Тољикистон

  3. Усулњои татбиќи сиёсати демогафї дар Тољкистон

Калимаи вазъият (аз лотинӣ «sitғation»- шароит, ҳолат) маънои шароит, муҳит, мавқеъро дорад. Вобаста ба ин вазъи демографӣ маънои шароити демографӣ ё ҳолати демографиро дорад.
Умуман се намуди вазъияти демографиро ҷудо кардан мумкин аст: вазъияти демографии мусоид, номусоид ва мобайнӣ.
Вазъияти демографии мусоид, чунин ҳолати таҷдиди аҳолиест, ки он ба шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва таърихии ноҳия, мамлакат мувофиқат мекунад.
Вазъияти демографии номусоид бошад, чунин ҳолати таҷдиди аҳолӣ мебошад, ки он ба тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ мухолиф буда, ба пешрафти ҷамъият монеъ мешавад.
Дар замони ҳозира афзоиши босуръати шумораи аҳолӣ ба ҳаёти иқтисодӣ иҷтимоии давлатҳои алоҳида ва муносибатҳои байналхалқӣ таъсири зиёд мерасонад. Дар қатори масъалаҳои зиёди глобалӣ аз қабили масъалаҳои ҷанг ва сулҳ, тараққиёти иқтисодии мамлакатҳои рӯ ба инкишоф, масъалаҳои озуқаворӣ ва энергетикӣ, масъалаи бартараф кардани бемориҳои хатарнок ва муҳофизати муҳити зист ҷои асосиро масъалаҳои демографӣ мегирад, зеро аксарияти проблемаҳои дар боло номбар шуда аз проблемаҳои демографӣ ибтидо мегирад. Дар натиҷаи афзоиши босуръати аҳолӣ проблемаҳо нав ба нав ба вуҷуд меояд.
Замин якчанд миллиард сол дорад. Агар мо ин мӯҳлати вақтро шартан 1 рӯз қабул кунем, он гоҳ инсон дар ин мӯҳлати вақт ҳамагӣ 1 сония инҷониб зиндагӣ мекунаду халос. Соли 1998 ҷамъияти миллии географони ИМА харитаи ҷаҳонро бо «номи замин дар хатар» чоп кард. Хатари рақами 1-и ин харита фишори аҳолӣ ба замин, яъне маскуншавии зиёд нишон дода шудааст. Ҳомо-сапенс-одами боақл, одами бошуур, ки қуллаи олии ҳаёти замин аст, дар сайёра 100 ҳазор сол инҷониб зиндагӣ мекунад. Антропологҳо муайён карданд, ки 8 ҳазор сол пеш аз ин дар замин ҳамагӣ 10 млн. нафар одам буд. Дар нимаи асри 18 ин нишондиҳанда ба 800 млн. нафар расид. Соли 1820 миллиарди аввал ба вуҷуд омад, соли 1897 миллиарди дуввум, соли 1959 миллиарди сеюм, пас аз 15 сол (1974) миллиарди чорум, пас аз 13 сол 11 июли соли 1987 СММ сокини панҷумин миллиардаи сайёраро эълон кард ва аллакай соли 2000-ум миллиарди шашум ба вуҷуд омад. Мувофиқи гуфти мутахассисони СММ аҳолии сайёра соли 2025 ба 8,5 млрд.н. мерасад.
Вазъи имрӯзаи демографӣ барои он глобалӣ шуморида мешавад, ки афзоиши босуботи аҳолӣ махсусан дар давлатҳое ба вуҷуд омада истодааст, ки инкишофи иқтисодиашон суст аст ва аҳолии зиёдшудаистодаи худро бо хӯрока, манзил ва ғ. таъмин карда наметавонад. Ва дар натиҷаи босуръат зиёдшавии аҳолӣ сохтори аҳолӣтағйир ёфта, саҳми кӯдакони то 15 сола меафзояд, ки ин фишори демографӣба захираҳои меҳнатӣ мебошад.
Инчунин масъалаи камшавии захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист низ аз проблемаҳои демографӣ бармеояд. Ҳоло истифодаи захираҳои табиӣ дар саноати мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба давлатҳои муттараққӣ 10-20 маротиба кам аст. Фарз мекунем, ки агар давлатҳои рӯ ба инкишоф пас аз фосилаи муайяни вақт ба дараҷаи тараққиёти имрӯзаи давлатҳои муттараққӣ баробар шавад, он гоҳ 10 маротиба аз онҳо зиёдтар захираҳои табииро истифода мебарад.
Рафти реформаҳои иқтисодӣ дар давлатҳои ИДМ нишон доданд, ки ба ҳисоб нагирифтани омили демографӣ, наандешидани чорабиниҳои зарурӣ оиди масъалаҳои демографӣ дар сиёсати иҷтимоӣ, ба дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва инкишофи раванди интегратсионӣ таъсири манфӣ мерасонад
Зарурияти нигоҳ доштани таносуби байни шумораи аҳолӣ, рушди иқтисодиёт, захираҳои табиӣ ва муҳити зист, яке аз вазифаҳои муҳимтарини идоракунӣ ба шумор меравад, ки роли муҳимро дар ин самт сиёсати демографӣ мебозад.
Сиёсати демографӣ ин фаъолияти мақсадноки ташкилотҳои давлатӣ ва сохторҳои иҷтимоӣ дар раванди танзими таҷдиди аҳолӣ ба самти дилхоҳ мебошад.
Сохтори сиёсати демографӣ чунин аст:
-муносибатҳои сиёсӣ–демографӣ-шакли зоҳиршавии манфиатҳои демографии гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ,
-фаҳмишҳои сиёсӣ-демографӣ - инъикоси (дар намуди психологӣ ва идеологӣ) муносибатҳои сиёсӣ-демографӣ дар фаҳмиши ҷамъият,
-фаъолияти сиёсӣ–демографӣ-роҳҳои амалисозӣ ва инкишофи сиёсати демографии давлат,
-меъёрҳои сиёсӣ-демографӣ ва ҳуқуқӣ-танзимкунандаи муносибатҳои сиёсӣ-демогафӣ.
Мундариҷаи сиёсати демографӣ аз 3 самт иборат аст:
1. Таъсирот ба мобилнокии иҷтимоии аҳолӣ барои соҳиб шудан ба сохтори дилхоҳи ҷамъият, бо роҳи ҳавасмандгардонии гузариши аҳолӣ аз як гурӯҳи иҷтимоӣ ба дигараш.
2. Таъсирот ба равандҳое, ки хосияти афзоиши табиии наслҳоро муйян мекунад:- таваллуд, фавт. Маҳз шиддатнокии тавлиднокӣ ва фавтнокӣ тағйироти шумора ва сохтори синну солии аҳолиро муайян мекунад.
3. Таъсирот ба кӯчиши аҳолӣ аз як ҷой ба ҷои дигар ё муҳоҷирати аҳолӣ.
Усулҳои сиёсати демографиро шартан ба 3 гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:
1.Чорабиниҳои иқтисодӣ -пардохти маблағ ба оилаҳои серфарзанд, диффиренсиатсияи андоз вобаста ба ҳаҷми оила, сабукиҳо ҳангоми дастрас кардани манзил ба оилаҳои серфарзанд, инкишофи шабакаи кӯдакистонҳо.
2. Чорабиниҳои маъмурӣ – ҳуқуқӣ- қонуну қонунгузориҳо оиди никоҳ, синни никоҳӣ, талоқ, ҳифзи модару кӯдак, исқоти ҳамл ва истифодаи воситаҳои пешгирии ҳамл (контрасептивҳо), таъмини иҷтимоии бекорӣ, шуғли занон ва реҷаи кори занон ва модарон, муҳоҷирати беруна ва дохила.
3. Чорабиниҳои таблиғотӣ (идеологӣ)- чорабиниҳое, ки ба шаклгирии афкори умум, меъёрҳои рафтори демографӣ нигаронида шудааст. Инчунин истифодаи рӯзномаву маҷалла, радиову оинаи нилгун ва ҳамаи намудҳои санъат бо мақсади танзими равандҳои демографӣ ба самти дилхоҳ, самте, ки ҷамъият дар назди худ гузоштааст.
Солҳои охир истилоҳи «танзими оила» низ зиёд истифода мешавад. Дар зери ин мафҳум фаъолияти давлат ва ташкилотҳои ғайридавлатиро (барномаҳо, маҷмӯи чорабиниҳо) мефаҳманд, ки барои ба вуҷуд овардани шароит дар амалисозии масъулияти волидон ва шумораи дилхоҳи фарзандон дар оила нигаронида шудааст. Дар амалия асосан маҳдудкунии шумораи фарзандон дар оила истифода мешавад, бинобар ин барномаи танзими оиларо баъзан барномаи танзими таваллуд меноманд.
Танзими оила ба паст шудани дараҷаи фавти модару кӯдак (мустаҳкам кардани саломатии модару кӯдак, кам кардани безурётии дуюмин, яъне безурётие, ки баъди таваллуди як ва ё якчанд фарзанд ба вуҷуд меояд) нигаронида шудааст. Маҳсулнокии (эффективнокии) танзими оила аз дараҷаи маълумотнокии одамон оиди назорати таваллуди фарзанд, дастрасии маводҳои зидди ҳамл (контрасептивҳо) ва маърифати ҷинсии оила вобаста аст.
Ба гуфти президенти собиқи ИМА Л. Ҷонсон 5 долларе, ки ба барномаи «танзими оила» гузошта мешавад, нисбати 100 долларе, ки ба иқтисоди мамлакатҳои рӯ ба инкишоф гузошта мешавад, натиҷаи зиёд медиҳад.
Ба маънои умумӣ мақсади сиёсати демографӣ ба даст овардани режими дилхоҳи таҷдиди аҳолӣ мебошад. Барои муайян кардани сатҳи амалишавии сиёсати демографӣ як қатор нишондиҳандаҳоро истифода мебаранд. Мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ба сифати нишондиҳандаҳои мақсаднок бисёр вақт сустшавии суръати афзоиши аҳолиро дар давраи муайян, пастшавии коэффитсентҳои умумӣ ё маҷмӯии тавлиднокиро интихоб мекунанд. Дар барномаи Умумиҷаҳонӣ дар фаъолияти соҳаи аҳолинишинӣ (Бухарест, 1974) ва Тавсияҳо оиди амалишавии минбаъдаи он (Мехико,1984) ба мамлакатҳои дараҷаи баланди тавлиднокӣ дошта, ба сифати нишондиҳандаи мақсадноки демографӣ ба даст овардани дараҷаи муайяни давомнокии миёнаи умр ва ё паст кардани фавти кӯдакона пешниҳод шуда буд.
Мақсад ва маҷмӯи чорабиниҳо оиди танзими таҷдиди аҳолӣ бо хусусиятҳои иҷтимоӣ, типи идоракунии давлат, дараҷаи инкишофи иқтисодӣ, сифати ҳаётгузаронӣ, меъёрҳои маданӣ, динӣ ва анъанот муайян мешавад.
Хусусияти асосии сиёсати демографӣ дар он аст, ки таъсирот ба динамикаи равандҳои демографӣ на бевосита, балки бо воситаи рафтори демографӣ, бо воситаи қабули қонуну қоидаҳо дар соҳаи никоҳ, оила, таваллуди фарзанд, интихоби касб, намуди машғулият, ҷои зист ва ғайраҳо ба вуҷуд меояд. Мураккабии сиёсати демографӣ дар он зоҳир мешавад, ки вай бояд манфиатҳои табақаи гуногуни одамонро ба назар гирифта, онҳоро мутобиқат кунонад: фардӣ, оилавӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъиятӣ; локалӣ, регионалӣ ва умумидавлатӣ; иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ,экологӣ ва этникӣ.
Самтҳои асосии сиёсати демографӣ инҳоянд: паст кардани дараҷаи фатнокӣ, зиёд кардани давомнокии миёнаи умр, беҳтар кардани хосиятҳои сифати аҳолӣ, танзими равандҳои муҳоҷират ва урбанизатсия, ҷойгиршавии аҳолӣ.
Инчунин сиёсати демографӣ дар сатҳи байналхалқӣ, давлатӣ, регионалӣ ва оилавӣ гузаронида мешавад.
Сатҳи байналхалқии сиёсати демографӣ дар таъмини муҳоҷирати байналхалқии аҳолӣ, мубодилаи ахбор дар масъалаҳои гузаронидани сиёсати муҳоҷирати байналхалқӣ, фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ ва ғайраҳо зоҳир мешавад.
Сатҳи давлатии сиёсати демографӣ бо хосияти муносибатҳои сиёсӣ ва истеҳсолии давлат вобаста аст. Дар ин сатҳ пешгӯикунии демографӣ барои муайян кардани шумораи минбаъдаи аҳолӣ, сохтори синну солӣва ҷинсии он, самти муҳоҷират ва тақсимоти захираҳои меҳнатии давлат ва регионҳои алоҳидаи он гузаронида мешавад.
Сатҳи регионалии сиёсати демографӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақа ба роҳ монда мешавад.
Сатҳи оилавии сиёсати демографӣ ин гузаронидани чорабиниҳо оиди ташкил ва мустаҳкам кардани оила мебошад. Оила асоси таҷдиди аҳолӣ мебошад.
Савол ва супориш:
1. Сиёсати демографӣчиствачӣаҳамиятдорад?
2. Вазъи демографӣчиствачандхелмешавад?
3. Вазъи демографии Тоҷикистончӣгунааст?
4. Танзими оила чӣмаънодорад?

Download 1,42 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   28   29   30   31   32   33   34   35   ...   70




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish