Мавзўи Предмети омӯзиш ва вазифаҳои фан. Мавќеи геополитикї ва таќсимоти маъмурию сиёсии Љумњурии Тољикистон Наќша


Таърихи таќсимоти њудудї - маъмурї ва шаклгирии сарњадњо



Download 1,42 Mb.
bet3/70
Sana25.06.2022
Hajmi1,42 Mb.
#704195
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   70
Bog'liq
ктм (1)

Таърихи таќсимоти њудудї - маъмурї ва шаклгирии сарњадњо. То Инќилоби октябр марзи имрўзаи Тољикистон ба њайати якчанд давлатњо шомил буд. Тољикистони Љанубу Ѓарбї якљоя бо Помири Ѓарбї, ки Бухорои Шарќӣ мегуфтанд, ба њайати Аморати Бухоро дохил мешудва таќсимоти маъмурии ба њамон давраи феодалї хос, яъне бекигарї дошт. Дар марзи Тољикистони Љанубу Ѓарбї ва Помири Ѓарбї чунин бекигарињо мављуд буданд: бекигарии Њисор (бо дарёњои Ќаротоѓ ва Кофарнињон ба ѓайр аз поёнобаш); бекигарии Дарвоз (бо дарёњои Язѓулом, Ванљ ва Хиногоб); бекигарии Ќаротегин (бо дарёњои Муксу ва Сурхоб, якљоя бо ќишлоќи Обигарм); бекигарии Балљувон (болоб ва миёнаоби дарёи Ќизилсу); бекигарии Ќўрѓонтеппа (бо поёноби Ќизилсу ва соњили рости дарёи Панљ); бекигарии Кўлоб (бо дарёњои Яхсу ва Обиниёз). Помири Ѓарбї ба бекигарињои Рўшон, Шуѓнон ва Вахон таќсим шуда буд.
Ќисми боќимондаи Тољикистон, яъне марзи вилояти Суѓд ва Помири Шарќї, байни вилоятњои Самарќанду Фарѓонаи империяи Русия таќсим шуда буданд. Ба њайати вилояти Самарќанд территорияњои њозираи ноњияњои Спитамен, Љ. Расулов, Б. Ѓафуров, Деваштич, Истаравшан, Айнї ва ѓайрањо (њамагї иборат аз 18 волост) дохил мешуданд ва ин волостњо ба уезди Хуљанд ва вилояти Самарќанд мансуб буданд. Марзи имрўзаи ноњияи Ашт аз ду волост - Ашт ва Бободархон иборат буда, ба уезди Намангон дохил мешуд. Ноњияњои Конибодом ва Исфара аз волостњои алоњида иборат буданд ва ба волости Ќўќанд дохил мешуданд. Уезди Хуљанд ба вилояти Самарќанд ва уездњои Намангону Ќўќанд якљоя бо Помири Шарќї ба вилояти Фарѓонаи генерал губернатории Туркистони империяи Русия дохил мешуданд.
Дар солњои аввали ташкил шудани Њокимияти Шўравї таќсимоти нави маъмурї гузаронида шуд. Октябри соли 1917 Инќилоб дар Русия, ноябри соли 1917 дар Тошкент ѓалаба кард. Баъд аз он ќариб дар њама губернияњои Туркистон, аз он чумла дар марзи имрўзаи Тољикистони Шимолї Њокимияти Шўравї барќарор шуд. Апрели соли 1918 Республикаи Автономии Советї Сотсиалистии Туркистон ташкил шуд. Сентябри соли 1920 Республикаи Халќии Бухоро ташкил шуд.
Соли 1924 таќсимоти миллии Осиёи Миёна гузаронида шуд ва дар натиља Республикаи Советї Сотсиалистии Ўзбекистон (РСС Ўзбекистон) ва дар њайати он Республикаи автономии Совети Сотсиалистии Тољикистон (РАСС Тољикистон) ташкил шуд. Дар ин давра (яъне даврае, ки Тољикистон њамчун республикаи автономї дар њайати Ўзбекистон буд) марзи Тољикистон ба округњо таќсим шуда буд ва аз округњои Њисор, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа, Ѓарм, Панљакент, Ўротеппа ва вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон (ВМКБ) иборат буд.
Соли 1929 РАСС Тољикистон аз њайати РСС Ўзбекистон баромад ва РСС Тољикистон ташкил шуд. Ба њайати РСС Тољикистон округи Хуљанд, ки то ин дам дар њайати РСС Ўзбекистон буд, дохил карда шуд.
Соли 1936 Ќонуни СССР оид ба таќсимоти вилоятї (таќсимоти маъмурї дар шакли вилоятњо) дар як ќатор республикањои иттифоќї баромад ва соли 1939 чунин таќсимот дар марзи РСС Тољикистон низ гузаронида шуд. Соли 1939 чунин вилоятњо: вилояти Ленинобод (бо масоњати 23,3 њ. км кв. ва бо 502 њ. нафар ањолї), вилояти Сталинобод (бо масоњати 24,1 њ. км2 ва бо 491 њ. нафар ањолї), вилояти Кўлоб (бо масоњати 10,6 њ. км2, 204 њ. нафар ањолї), Ѓарм (бо масоњати 19 њ. км2, 163 њ. нафар ањолї) ташкил шуданд. Хело пештар январи соли 1925 ВМКБ бо масоњати 66,9 њ. км2 ва бо 50 њазор нафар ањолї ташкил шуда буд. Дертар боз 2 вилояти дигар Ўротеппа ва Ќўрѓонтеппа (соли 1947) ташкил шуданд.
Бо маќсади мукаммал кардани таќсимоти маъмурї - марзї аз соли 1951 сар карда, вилоятњоро барњам доданд ва ноњия ва шањрњое, ки пештар дар њайати вилоятњо буданд, бевосита ба љумњурї тобеъ шуданд. Соли 1951 вилояти Сталинобод, соли 1955 вилоятњои Ѓарму Кўлоб, соли 1962 вилояти Ленинобод барњам дода шуданд. Аз соли 1970 сар карда вилояти Ленинобод, Кўлоб (1973), Ќўрѓонтеппа (1977) аз нав таъсис дода мешаванд.
Бо укази Президиуми РСС Тољикистон 8 сентябри соли 1986 дар базаи вилоятњои Ќўрѓонтеппа ва Кўлоб вилояти Хатлон (24,6 њ. км2) ташкил карда мешавад, лекин ин вилояти навтаъсис зуд барњам мехўрад ва дар солњои аввали Истиќлолият аз сари нав таъсис меёбад.
Пас аз барњам хўрдани Иттифоќи Советї 9 сентябри соли 1991 Тољикистон соњибистиќлолии худро эълон кард ва дар сохтори маъмурии вай як ќатор таѓйиротњо ба амал омад. Таѓйироти аввал ин иваз шудани номи шањрњо, шањракњо, ноњияњо, дењот ва баъзе вилоятњо мебошад. Чунончи: Орљоникидзеобод – Кофарнињон, Коммунистї – Бохтар (Кўшониён), Иличёвск – Ѓозималик, Куйбишев – Хољамастон, вилояти Ленинобод – Суѓд ва ѓайрањо. Таѓйироти дигар ин таъсис дода шудани ноњияњои нав мебошад, ба монанди Шањристон, Тољикобод, Шўробод (Ш. Шоњин) ва ѓайрањо.
Њамин тариќ, чи хеле ки аз таърихи таќсимоти њудудї – маъмурии Тољикистон маълум шуд, сарњадњои Тољикистон печ дар печ буда, тўли асрњо чандин маротиба таѓйир ёфтааст. Тарњи имрўзаи худро сарњадњои Тољикистон дар солњои бистуми асри гузашта гирифтааст, ки мутаассифона дар натиљаи «таќсимоти табарї» - и он давра, на њама мањалњои тољикнишинро дар бар мегирад.
Дарозии умумии сарњадњои Тољикистон зиёда аз 3000 км мебошад. Тољикистон аз ѓарб, шимол ва шимолу шарќ бо 8 вилояти Ўзбекистон: Сурхондарё, Ќашќадарё, Самарќанд, Љиззах, Сирдарё, Тошкент, Намангон, Фарѓона, аз шимол бо вилоятњои Боткенту Оши Ќирѓизистон, аз шарќ бо Љумњурии Халќии Чин ва аз љануб бо Љумњурии Исломии Афѓонистон њамсарњад аст. Тољикистонро ќитъаи танги 15 – 65 километраи Афѓонистон аз сарњадњои Покистону Њиндустон људо мекунад. Сарњадњои шарќии Тољикистон бо Хитой соли 1894 аз ќаторкўњи мередионалии (ба тариќи мередионалї, яъне аз шимол ба љануб тўл кашида) Сарикўл ва сарњади љанубиаш бо Афѓонистон соли 1895 бо дарёњои Помир, Панљ ва Амударё аз тарафи империяи Русия гузаронида шуда буд. Сарњадњои шимолї ва ѓарбиаш, ки Тољикистонро аз Ќирѓизистону Ўзбекистон људо мекунад солњои 1924 – 1929 гузаронида шудааст ва то њол якчанд минтаќањои бањсноки сарњад мављуд аст. Бояд қайдкард, кидарадабиётҳоигуногунмаълумотоид бадарозиисарҳадиТоҷикистонмухталифаст.
Вобаста ба таќсимоти њудудї маъмурї Тољикистон давлати унитарї буда, аз 5 воњиди маъмурї Шўрои шањри Душанбе, вилояти Суѓд, Вилояти Хатлон, Ноњияњои тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон иборат аст. Воњидњои маъмурї - њудудї ва мањалњои ањолинишини Тољикистон чунин таќсимот доранд:

    • Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон

  • вилоят

  • шањр

  • ноњия

  • шањрак

  • дењот (љамоат)

  • дења

Ноњияњо ба дењотї ва шањрї таќсим шуда, метавонанд тобеи љумњурї, вилоят ва ё шањр бошанд. Ба ноњияњои шањрї ноњияњои шањри Душанбе дохил мешавад.
Ба мањалњои шањрї шањрњо ва шањракњо, ба мањалњои дењотї дењањо новобаста ба тобеияти маъмуриашон дохил мешаванд. Шањрњо метавонанд ањамияти љумњуриявї ва ё вилоятї дошта бошанд.

Download 1,42 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   70




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish