Расми 13. Кишварҳое, ки дар он ҷо зиёда аз 10 % - и аҳолиаш мусулмон. Бо ранги кабуд шиаҳо ва ранги сабз сунниҳо нишон дода шудааст.
Муаррифи оид ба мавзӯи: “ Фарҳанги моддӣ ва маънавии замони Эҳёи Аҷам”
Дар таърихи халқи тоҷик давраи Эҳёи Аҷам давраи инкишоф, ҷунбиши бузурги таърихию фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар адабиётҳо давраи Эҳёро ба асрҳои 1Х – Х1 ва дар дигар адабиётҳо асрҳои 1Х- Х1 нишон дода шудаанд. Аммо муайян кардани ҳудуди давраи Эҳё хеле мушкил аст. Дар ин давра афкори илмию фалсафии халқи тоҷик тараққӣ мекунад.
Дар ин давра якчанд мақбарасозӣ, ҳайкалтарошӣ, ҳунармандӣ, савдогарӣ, санъати тасвирӣ ва мусиқӣ, шаҳрсозӣ равнақу ривоҷ меёбад.
Яке аз ёдгориҳои фарҳанги қадимаи давраи Эҳё ин масҷиди Мағоки Аттор ба шумор меравад, ки дар Ӯзбекистон шаҳри Бухоро ҷой гирифтааст. Ба сохтмони он асри Х11 шурӯъ кардаанд. Ҳамчун қисми “Маркази таърихии шаҳри Бухоро “ соли 1933 ба рӯйхати созмони ЮНЕСКО даромадааст.
Расми 14. Масҷиди Мағоки Аттоқ
Номи масҷид якчанд маротиба тағийр ёфтааст.Дар асри 1Х ва оғози асри Х111 номи масҷид Моҳ; дар асри ХV1 Мағок ва ё Мағоки Атторӣ; дар асри XV11 бошад барои фарқ кардан аз масҷиди Мағоки Курпа номи ӯро ба Мағоки кӯҳна иваз карданд.
Масҷид шакли росткунҷаи андозаҳояш 13,35Х17,6 м – ро дорад, ки аз ғарб то шарқ тӯл кашидааст. Масҷид ду баромадгоҳ дорад: даромадгоҳ аз ҷануб ва ғарб.
Дигар ёдгории фарҳанги ин давра ин мақбараи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки дар охири асри 1Х ва ибтидои асри Х бино ёфтааст. Меъморони ин мақбара анъанаҳои беҳтарини санъати давраи Сомониён ва замони пешинро истифода бурдаанд. Зоҳиран мақбара шакли мураккаб надорад. Он як иншооти мукаабшаклест, ки болояш бо гунбаз пӯшида шудааст. Дар айни ҳол ниҳоят муносиб афтидани нақшҳои амудию уфуқии девор, зебу ороиши беруни бино тамоми иморатро бағоят нафису латиф нишон медиҳанд. Воситаи асосии ороиши бино хишти пухта ва намуди асосии нақш тарзи гуногуни чидани хишт аст. Нақше, ки дар натиҷаи ба тарзи гуногун чидани хишт пайдо шудааст басо оддӣ ва дар айни ҳол хеле зебо ва шинам аст. Тақрибан ҳар як ҷузъиёти тарҳу лоиҳа ва нақшу нигоре, ки дар мақбараи Исмоили Сомонӣ ҳаст, дар санъати меъмории қадимтари суғд ҳам ба худ як шабеҳ дорад. Мақбараи Исмоили Сомонӣ гӯё муҷассамаи равнақу ривоҷи санъати чандинасраи меъморӣ буда, тамоми комёбиҳои онро дар бар гирифтааст.
Расми 15. Мақбараи Исмоили Сомонӣ
Мақбараи намояндаи охирини Сомониён Абӯиброҳими Мунтасир низ ҷолиби диққат аст. Мақбара дар наздикии деҳаи Остонабобои шаҳрчаи Каркӣ тахминан соли 1005 бино ёфтааст. Дар байни мардум бо номи мақбараи Аламбардор ё Аламдор машҳур аст. Ин мақбара ҳам аз хишти пухта сохта шуда, чиниши хишт хеле назаррабо ва мӯҳташам аст.
Мақбарае дигаре, ки то имрӯз нигоҳ дошта шудааст, мақбараи арабато мебошад. Ин мақбара дар деҳаи Тим воқеъ гаштааст. Мақбараи Арабато ҳам бинои мукаабшакли гунбазпӯш аст, вале фақат як даромадгоҳ дорад. Тарафи даромадгоҳ пештоқи баланди мӯҳташам дорад, ки бо нақши зебои барҷаста оро дода шудааст. Дар болои даромадгоҳ токчаҳои ороишӣ ба назар мерасанд. Барои ороиши мақбара масолеҳ ва воситаҳои гуногунро кор фармудаанд. Дар ороиши ин мақбара ҳам усули бо чидани хишт нақш партофтан, ҳам гаҷкорӣ , ҳам гулпартоӣ бо хиштҳои сайкалӣ ва ҳам сабти катиба дар заминаи нақши исломӣ ва ғайра истифода шудааст. Умуман дар сохту нақшунигори ин мақбара ҳам аломатҳои меъмории қадимии суғдиро дидан мумкин аст, вале бештар аз он нишонаҳои нав ба назар мерасанд, ки баъдтар хеле такмил ёфта, дар осори меъмории асрҳои Х1 – Х11 равшан муҷассам мегарданд.
Рушди фарҳанги эҳё – омили муҳим буд, ки ба таърих даромадааст. Арзишҳои бузурги эҳё дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, физика, кимиё, механика, геология, геодезия, ҷуғрофия дар илми ҷаҳонӣ васеъ истифода мешаванд. Муҳаммад ал – Хоразмӣ ва оғози илми алгебра дар ҷаҳони мутамаддин ҳодисаи бағоят бузурги илмӣ буд. Бузургтарин намояндагони илми кайҳоншиносӣ: Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Берунӣ, Ал – Фарғонӣ, Умари Хайём, Насриддин Тӯсӣ, Қозизодаи Румӣ, Улуғбек ва даҳҳо дигарон асарҳое офаридаанд. Бузургтарин рисолаи тиббии Абӯалӣ ибни Сино “ Ал – қонун фи – т – тиб “ китоби рӯимизии табибони дунё гардидааст.
Do'stlaringiz bilan baham: |