Моддаи 39. Ҷиноят содир намудани гурўҳи шахсон, гурўҳи шахсон бо маслиҳати
пешакӣ, гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)
1) Ҷиноят бе маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурўҳи
шахсон
содиршуда эътироф мешавад, агар
дар он иҷрокунандагоне иштирок карда бошанд, ки дар хусуси якҷоя содир намудани он пешакӣ
маслиҳат накардаанд.
2) Ҷиноят бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурўҳи
шахсон
содиршуда эътироф мешавад, агар
дар он
шахсон
е иштирок карда бошанд, ки дар хусуси якҷоя содир намудани он пешакӣ маслиҳат
кардаанд.
3) Ҷиноят аз ҷониби гурўҳи муташаккил содиршуда эътироф мешавад, агар он аз ҷониби
гурўҳи устувори
шахсон
е, ки пешакӣ барои содир кардани як ё якчанд ҷиноят муттаҳид шудаанд,
содир шуда бошад.
4) Иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) муттаҳидшавии ду ё якчанд гурўҳи муташаккил
эътироф мешавад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин ба ташкилоти
устувор таъсис ёфта, фаъолияти он ба тақсимоти вазифаи идоракунӣ, таъмин ва иҷрои мақсадҳои
ҷинояткоронаи иттиҳод дар байни аъзои иттиҳод ва сохторҳои он асос меёбад.
5) Ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф
мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он,
инчунин бо супориши иттиҳоди ҷиноятӣ шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нест.
6) Шахсе, ки гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) таъсис додааст ё ба
он роҳбарӣ кардааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин
Кодекс барои ташкил ва роҳбарии онҳо, инчунин барои тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи гурўҳи
муташаккил, ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) агар қсди ў содир намудани онҳоро дар бар
гирифта бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Дигар иштирокчиёни гурўҳи муташаккил
ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) барои иштирок дар онҳо дар ҳолати пешбининамудаи
моддаҳои дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс инчунин барои ҷиноятҳое, ки дар тайёрӣ ё содир
кардани онҳо ширкат варзидаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
7) Таъсиси гурўҳи муташаккил дар ҳолатҳое, ки дар моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс
пешбинӣ нашудааст, боиси Ҷавобгарии ҷиноятии барои тайёрӣ ба он ҷиноятҳое мегардад, ки барои
содир кардани онҳо ин гурўҳ таъсис ёфтааст.
8) Ҷавобгарии ҷиноятии
шахсон
и дар ҳамин модда номбаршуда бе ишора ба моддаи 36
Қисми умумии ҳамин Кодекс фаро мерасад.
9) Иштирокчии гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), ки ихтиёран
ба мақомоти ҳокимият ҳозир шуда, то содир гардидани ҷиноят дар ошкор намудани нияти
ҷинояткорона фаъолона мусоидат намудааст, агар дар кирдори ў аломатҳои таркиби ҷинояти дигар
мавҷуд набошад. аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад,
Do'stlaringiz bilan baham: |