Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Моддаи 33. Ҷинояти хотимаёфта



Download 1,54 Mb.
Pdf ko'rish
bet13/200
Sana23.02.2022
Hajmi1,54 Mb.
#131210
TuriКодекс
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   ...   200
Bog'liq
Penal Code tg

Моддаи 33. Ҷинояти хотимаёфта 
Ҷиноят хотимаёфта эътироф мешавад, агар кирдори содирнамудаи шахс тамоми аломатҳои 
таркиби ҷинояти дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад. 
Моддаи 34. Ихтиёрӣ даст кашидан аз ҷиноят 
1) Бо ихтиёри худ даст кашидан аз ҷиноят он аст, ки агар шахс имконияти то охир расонидани 
ҷиноятро дарк карда, ихтиёран ва ба таври қатъӣ ҳаракатҳои тайёрӣ ё ҳаракати (беҳаракатии) 
бевосита ба содир намудани ҷиноят равонашударо қатъ кунад. 
2) Агар шахс ҷиноятро ба охир нарасонида, бо ихтиёри худ ва ба таври қатъӣ аз он даст кашида 
бошад, ў барои ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. 
3) Шахсе, ки ихтиёран аз ба охир расонидани ҷиноят даст кашидааст, танҳо дар ҳолате ба
ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки кирдори содирнамудаи ў таркиби ҷинояти дигар дошта
бошад. 
4) Агар ташкилкунандаи ҷиноят ва таҳриккунандаи ҷиноят бо роҳи саривақт хабар додан ба 
мақомоти ҳокимият ё чораҳои дигари андешидаашон аз ҷониби иҷрокунанда ба охир расонидани 


ҷиноятро пешгирӣ карда бошанд, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд. Агар ёрдамчӣ 
барои пешгирии содиршавии ҷиноят ҳамаи чораҳои аз ў вобастабударо андешида бошад, ба
ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. 
5) Агар ҳаракатҳои дар қисми чоруми ҳамин модда зикргардидаи ташкилкунанда ва 
таҳриккунанда аз ҷониби иҷрокунанда содир кардани ҷиноятро пешгирӣ карда натавонанд, чораҳои 
андешидаи онҳоро ҳангоми таъин намудани ҷазо ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ҳисоб кардан 
мумкин аст. 
Б О Б И 7 
ШАРИКӢ ДАР ҶИНОЯТ 
Моддаи 35. Мафҳуми шарикӣ дар ҷиноят 
Иштироки якҷояи қасдонаи ду ё зиёда шахсон дар содир намудани ҷинояти қасдона шарикӣ 
дар ҷиноят эътироф мешавад. 
Моддаи 36. Шарикони ҷиноят 
1) Ташкилкунанда, таҳриккунанда ва ёрдамчӣ дар баробари иҷрокунанда шарикони ҷиноят 
эътироф мешаванд. 
2) Иҷрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита ҷиноятро содир намудааст ё якҷоя бо 
шахсон
и дигар (ҳамиҷрокунандагон) бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст, инчунин 
шахсе, ки бо роҳи истифодаи 
шахсон
и дигаре, ки мувофиқи қонун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида 
намешаванд, ҷиноят содир кардааст. 
3) Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки ҷиноятро ташкил ё ба иҷрои он роҳбарӣ карда 
бошад, инчунин шахсе, ки гурўҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятиро (ташкилоти ҷиноятӣ) таъсис
дода ё ба он роҳбарӣ кардааст. 
4) Таҳриккунанда шахсе эътироф мешавад, ки шахси дигарро бо роҳи багапдарорӣ, порадиҳӣ 
(харидан), таҳдид ё ба тариқи дигар ба содир кардани ҷиноят моил кардааст. 
5) Ёрдамчӣ шахсе ътироф мешавад, ки бо маслиҳату дастур, додани таҳсилот, восита ё олоти 

Download 1,54 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   ...   200




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish