Моддаи 277. Ғайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ
Ҷамъоварии маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ бо роҳи тасарруфи аснод, ришвадиҳӣ
ё таҳдид нисбати
шахсон
е, ки сирри тиҷоратӣ ё бонкиро медонанд ё бо наздикони онҳо, дошта
гирифтани мавҷи воситаҳои алоқа ё ғайриқонунӣ тамос гирифтан ба системаи ё шабакаи
компьютерӣ ё истифодаи воситаҳои махсуси техникӣ, ҳамчунин бо роҳи дигари ғайриқонунӣ бо
мақсади ифшо ё истифодаи ғайриқонунии ин маълумотҳо, ‐
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо
ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)
Моддаи 278. Ифшои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ
Ифшои ғайриқонунӣ ё истифодаи сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ бидуни розигии молики он аз
ҷониби шахсе, ки ин сир вобаста ба фаъолияти касбӣ ё хизматиаш маълум буд ва ин кирдор бо
мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ содир гардида, ба корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори
инфиродӣ ба миқдори калон зарар расондааст,‐
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои
ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли
мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
(ҚҶТ аз 21.07.10. №617)
Эзоҳ: Таъқиби ҷиноят барои содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин модда
мутобиқи аризаи корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродии зарардида оғоз меёбад.
Моддаи 279. Ришвадиҳии тиҷоратӣ
1) Ғайриқонунӣ додани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар
молу мулк
ба шахсе, ки дар корхонаи
тиҷоратӣ ё дигар корхона вазифаи идоракуниро ба ҷо меорад, ҳамчунин вобаста ба мақоми
ишғолнамудаи ин шахс ғайриқонунӣ расонидани хизмати дорои хусусияти
молу мулк
ӣ ба ў
барои амали анҷомдодааш (беамалиаш) ба манфиати ришвадиҳанда, ‐
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз
ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол ё
маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода
мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи
шахсон
бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби гурўҳи муташаккил содир шуда бошад, ‐
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд
кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то чор сол ҷазо дода
мешавад.
3) Аз ҷониби шахсе, ки вазифаи идоракуниро дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона анҷом
медиҳад, ғайриқонунӣ гирифтани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар
молу мулк
, ҳамчунин аз ҷониби
ў ғайриқонунӣ вобаста ба мақоми ишғол намудаи хизматӣ истифода бурдани хизматрасонии дорои
хусусияти
молу мулк
ӣ барои амали анҷомдода (беамалӣ) ба манфиати ришвадиҳанда, ‐
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё
маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба
мўҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин
мўҳлат ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисми сеюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи
шахсон
бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;
в) дар алоқамандӣ бо тамаъҷўи содир шуда бошад, ‐
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо
маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайн ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба
мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Агар нисбат ба шахси кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин
моддаро содирнамуда тамаҷўи ҷойдошта бошад ва ў ихтиёрӣ ба мақоме, ки ҳақ дорад парвандаи
ҷиноятӣ кушояд, оид ба ришвадиҳӣ иттилоъ диҳад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Do'stlaringiz bilan baham: |