Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Моддаи 207. Вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ



Download 1,54 Mb.
Pdf ko'rish
bet105/200
Sana23.02.2022
Hajmi1,54 Mb.
#131210
TuriКодекс
1   ...   101   102   103   104   105   106   107   108   ...   200
Bog'liq
Penal Code tg

Моддаи 207. Вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ 
1) Вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории
оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст, ‐
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ 
ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад. (қҷт аз 17.05.04 
№35) 
2) Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шудааст, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. 
Моддаи 208. Ниҳон доштани иттилоот  оид  ба  ҳолатҳое, ки барои ҳаёт ва саломатии 
одамон хафнок мебошанд 
1) Ниҳон доштан ё таҳриф кардани иттилоот дар мавриди ҳодисаҳо, воқеъаҳо ё рўйдодҳое, ки 
барои ҳайёт ё саломатии одамон ё муҳити атроф хавфнок мебошад, аз ҷониби шахсе, ки вазифадор 
аст аҳолиро бо чунин иттилоот таъмин намояд, ‐ (қҷт аз 17.05.04 №35) 
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани 
озодӣ ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. 
2) Ҳамин кирдор, агар: 
а) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ; 
б) аз беэҳтиётӣ ба саломатии инсон зарар расонида бошад ё боиси дигар оқибатҳои вазнин 
гашта бошад,‐
бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол бо 
маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян ба 
мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 
Моддаи 209. Истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ё 
маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб нмедиҳад 
1) Истеҳсол, нигоҳ доштан ё интиқол додан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ё ин ки 
ба соҳибияти каси диагр додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ки ба талаботи 
бехатарӣ барои ҳаёт ё саломатии истеъмолкунандагон ҷавоб намедиҳад, ҳамчунин ғайриқонунӣ 
додани санади расмӣ ё истифодаи чунин санад, ки мутобиқи ин мол, кор ё хизматрасониро ба
талаботи бехатарӣ тасдиқ мекунад, ‐
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал ё бо маҳдуд 
кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамон мўҳлат бо маҳрум кардан 
аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то ду сол 
ҷазо дода мешавад. 
2) Ҳамин кирдор, агар: 
а) вобаста ба мол, ё маҳсулот, кор ё хизматрасоние, ки ба кўдакони то синни шашсола тааллуқ 
доранд; 
б) аз беэҳтиётӣ ба саломатии ду ё бештар ҷабрдидагон зарар расонида бошад; 
в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон шуда бошад, ‐


бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли 
мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода 
мешавад. 
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми моддаи мазкур, ки аз беэҳтиётӣ боиси
марги ду ё бештар ҷабрдидагон гардидааст, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи 
ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо 
дода мешавад. 

Download 1,54 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   101   102   103   104   105   106   107   108   ...   200




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish