Асосҳои гарфикии ба ҳуснихат омӯзондан
Дар алифбои забони тоҷикӣ ҳамагӣ 35 ҳарф мавҷуд аст. Ин ҳарфҳо
шаклҳои гуногуни хурд ва калон, дастию чопӣ ва ғайраро дорад.
Ҳарфҳои дастӣ ба хусусиятҳои зерин соҳибанд:
-ҳарфҳо ба навиштан пешбинӣ шудаанд;
- ҳарфҳо ба ҳам пайваст навишта мешаванд;
Ҳарфҳо аз рӯи навишт ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
Ҳарфҳо хурди дастӣ: (ба мобайни ду рах навишта мешаванд)
Ҳарфҳои алифбо аз рӯи навишт ду шакл доранд:
Ҳарфҳои дастӣ ва чопӣ.
Ҳарфҳои дастӣ одатан, бо даст навишта мешавад, ҳарфҳои чопӣ бошад бо
ёрии воситаҳои техникӣ чоп карда мешавад. Инчунин бо даст ҳам навиштан
мумкин.
Ҳарфҳои хурду калони чопӣ ба сифати расмӣ аз ҳамдигар ҷудо ва рост-
рост навишта мешаванд.
Ҳарфҳои дастӣ бошанд, ҳангоми навишт таҳти 65° ба тарафи рост хам
карда навишта намешавад. Ва дафтар дар рӯи парта таҳти 25
0
истоданаш лозим.
Ҳарфҳои хурди дастӣ ҳам аз тарафи рост ва ҳам аз тарафи чап, ҳарфҳои калон
бошад, танҳо аз тарафи рост ҳамроҳ карда мешаванд.
Баландии Ҳарфҳои калони дастӣ 8 мм буда, онҳо бо ҳарфҳои пас аз худ
омада ҳамроҳ карда навишта мешаванд.
Талабҳои гигиении дарсҳои Ҳусни хат
Аз рӯи талаботи гигиенӣ таҷҳизоти синф ба қади хонанда мувофиқ
омаданаш лозим. Ба қади хонанда мувофиқ наомадани таҷҳизот ба касалиҳоии
сутунмӯҳра ва чашм оварда мерасонад.
Дар натиҷаи тадқиқотҳо агар қади хонандагон аз якдигар
то 10 см фарқ дошта бошад, онҳоро ба ҷиҳозҳои якхела
шинондан мумкин. Ҳар як хонандаро аз сари соли хониш
ба ҷиҳози ба худаш ва қадаш мувофиқ шинондан лозим
аст. Қади хонандаро то 0,5 см (яъне то 5 мм) аниқ чен кардан лозим аст.
Дар синф рушноӣ бояд дар меъёр бошад. Хонанда ҳарфҳои ба тахтаи синф
навиштаро хонда тавонад ва рушноӣ низ аз ҳамин талаб кам набошад. Рушноӣ аз
тарафи чапи хона бояд афтад.
Агар рушноӣ аз пеши хонанда афтад, онгоҳ катакчаҳои чашми ӯ зарар
мебинад. Агар рушноӣ аз тарафи росташ афтад, сояи дасти худи ӯ ба навиштан
халал мерасонад ва ноқулай мешавад. Агар рушноӣ аз қафо афтад, рушноиро
тамоми танаи хонанда медорад.
Ба хонандагон тавассути як ҷумлаи “Дуруст шинед!” бояд
дуруст нишиастанро омӯзондан лозим.
1.
Дар вақти навиштан пойҳои хонанда, кафи пойҳои
он ба пол ё ки поймонакҳо расида истоданаш лозим
2.
Қафаси сина аз парта ба масофаи 5 см дур буданаш
лозим
3.
Барои навиштан сар ба парта камтар хам карда мешавад. Аз нӯги ручка то
чашм масофа 25-30 см шуданаш лозим.
4.
Ҳар ду ба рӯи парта дар таҳти кунҷи рост дар рӯ ба рӯи якдигар истоданаш
лозим, ҳангоми навиштан оринҷ камтар ба паҳлӯи парта меғеҷад.
5.
Дар зинаи аввал дуруст доштани ручка омӯзонида мешавад ва доир ба он
маҳорат ҳосил карда мешавад.
6.
Дафтар дар мобайн дар рӯ ба рӯи қафаси сина меистад, кунҷи росташ аз
кунҷи чап камтар боло шуданаш лозим.
Дафтарро бо коғаз печондан мумкин нест,
барои он ки ҷойи қати коғаз барои навиштан халал
мерасонад. Ба ҷои ба дафтар муқова кардан,
хонандаро ба тоза нигоҳ доштани рӯи парта ва
ҳангоми навиштан ба зери дафтар гузоштани коғази
тоза омӯзондан лозим аст. Тоза ва озода, батартиб
нигоҳ доштани дафтар аҳамияти тарбиявӣ низ дорад.
Ҳангоми ба дафтар навиштан ба хонандагон бояд фаҳмонд:
1. Ба куҷо гузоштани сана ёки тартиби рақам:
2. Навиштани калимаро аз куҷои сатр сар карданро;
3. Масофаи байни калимаҳои сатр чӣ қадар шуданашро;
4. Дар байни корҳои аввала ва баъдина чанд сатр гузоштанро;
5. Саҳифаро чӣ тавр ба охир расонданро.
Do'stlaringiz bilan baham: |