Писари 2 Ассалому алейку аҳли ин шаҳр
Донишманд: Ва алейкум ассалом. Аз куҷо меоед, ба куҷо меравед чи хабарҳо овардед.
Писари 2 Ман дунё гашта бояд дар дунё чизи ноёб ва бебаҳоро ёфта ба падарам барам. Дар дунё чизи қимматбаҳо медини чи?
Чистон:
Ҳамдаме дорам, ки беовоз сӯҳбат мекунад,
Бе даҳону бе забон нақлу ривоят мекунад.
Хушу ақлу завқ афсун мекунад гуфтори ӯ,
Аз кадоме фан ки мехоҳи ҳикоят мекунад.
Донишманд: Ҳа ин китоб аст. Биё ба мо шогирд шав.
Х уштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гушаи ҷонҳои,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Шеър:Фарзанди қобили ман.
Фарзанди қобили ман,
Вазифаи ту хондан.
Акнун китоб мехони,
Ҳар рӯз ки мактаб рави,
Боз донотар мешави.
Ҳикояву афсона,
Аз ҳар давру замона.
Дар китобҳо бисёр аст,
Хонданро надеҳ аз даст.
Ҳар кас ки бо савод аст,
Хушбахту доим шод аст.
Донишманд: Ана ту донишманд шудӣ. Ин китоби “Калила ва Димна”ро ба падарат бар.
Писари 2 Ана ман донишманд, олим шудам. Ин китобро ба падарам мебарам.
Донишманд: Дар ёд дор! Китоб сарчашмаи дониш аст. Биёед бо рақсу бозӣ шогирдамонро гусел кунем.
Шаҳри донишмандон
Писари 3. Ассалому алейкум аҳли ин шаҳр
Ҳ унарманд: Ва алейкум ассалом. Аз куҷо меоед, ба куҷо меравед чи хабарҳо овардед.
Писари 3 Ман дунё гашта бояд дар дунё чизи ноёб ва бебаҳоро ёфта ба падарам барам.
Ҳунарманд:Биё ба мо шогирд шав.
Шеър: Модари ман дӯзанда.
Модари ман дӯзанда,
Устои овозадор.
Ҷои кори ӯ гулдаст,
Шогирди ӯ бешумор.
Шеър: Оҳангар.
Бобои ман оҳангар,
Додои ман оҳангар.
Ман дил бастаам бисёр.
Ба ин касбу ин ҳунар.
Оҳанро тафсон кунам,
Болои сандон кунам.
Шеър: Ман ба кайҳон мепарам.
О смони пурситора,
Ситора чун шарора.
Ситораҳои рахшон,
Ситораҳои хандон.
Ман раҳи хониш гирам,
Бисёр дониш гирам.
Донам асрору кайҳон,
Асрори тори кайҳон.
Шеър: Духтур мешавам.
Духтур шавам ман агар,
Намегузорам дигар.
К асал шавад бобоям,
Хоҳараку додоям.
Очаҷони дилсӯзам,
Укаҷони хушрӯзам.
Хурду калону деҳа,
Пиру ҷавони деҳа.
Мекунам ман табобат,
Токи бошанд саломат.
Ҳунарманд:Ана акнун ту ҳунарманд шудӣ. Бо ҳунари худ дурбин сохти.
Писари 3 Ана ман ҳунарманд шудам. Бо ҳунари худам дурбин сохтам. Ин дурбинро ба падарам мебарам.
Ҳунарманд: Дар ёд дор! Ҳунар беҳ аз молу мулки падар.
Биёед бо рақсу бозӣ шогирдамонро гусел кунем.
Вохӯрии писарон
Ман нонвой шудам ин нонро ба падарам мебарам.
Ман донишманди олим шудам ин китоби “Калила ва Димна”ро ба падарам мебарам.
Ман ҳунарманд шудам бо ҳунари худам дурбин сохтам ин дурбинро ба падарам мебарам.
Кани кани бинамчи,вай падарамро дида истодаам. Ҷуред ба назди онҳо меравем.
Ҷ арчиҳо:
Э хе хе хей
Писарони подшоҳ омада истодаанд.
3 писар: Ассалом падар
Ассалом модар
Ассалом Ватан
Шеър: Падар.
Давлати ноёб ҳастед эй падар,
Маҷмуаи одоб ҳастед эй падар.
Ҳарфатон дилро ба дил пайваст лек,
Ҷавҳари кам ёб ҳастед эй падар.
Шеър: Модар.
Гуянд маро чу зод модар,
Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт.
Шабҳо бари гоҳвораи ман,
Бедор нишасту хуфтан омӯхт.
Шеър: Ватан.
Аз ҳама зебо Ватанам,
Мулки дилоро Ватанам.
Боби тамошо Ватанам,
Умеди фардо Ватанам.
Шоҳ бо вазирон:
Хуб фарзанди ман куҷоҳо рафтед? Чиҳо харидед?
Кадом чизи ноёбро ёфтед.
Писари 1 Ман нонвой шудам ба шумо аз ҳама чизи ноёб нон овардам.
Писари 2 Ман донишманд олим шудам ба шумо китоби “калила ва димнаро” ро овардам.
Писари 3 Ман ҳунарманд шудаам ба ҳунари худам дурбин сохтам.
Шоҳ: Эй аҳли ин шаҳр биёед ба назди писарони ман аз инҳо ҳунар омӯзед.
Do'stlaringiz bilan baham: |