Ҳар чӣ доданд одамон бар ман, Ҳар ду қисмат кунем, Доғистон. Ҷумла медолу ордени худро, Мекунам дар ситеғат овезон!


Аз файзу футӯҳи кишварам баҳри ҷаҳон, Боиставу шоиста нагуфтам сухане. Бар дӯш ниҳода хӯрҷини пурмол, Нокомӣ бубин, ки накушодам даҳане



Download 73,62 Kb.
bet2/3
Sana25.06.2022
Hajmi73,62 Kb.
#704169
1   2   3
Аз файзу футӯҳи кишварам баҳри ҷаҳон,
Боиставу шоиста нагуфтам сухане.
Бар дӯш ниҳода хӯрҷини пурмол,
Нокомӣ бубин, ки накушодам даҳане.

Воқеан, китоби «Доғистони ман» -ро метавон ҳамчун яке аз аввалин асарҳои таҳрикдиҳандаи андешаи ҳувияти миллии халқҳои шӯравии собиқ шинохт:


Бо лафзи лазизи модарӣ баҳри ҷаҳон,
Зинҳор сурудане надонистам ман.
Як сандуқи парчинзада дорам бар дӯш,
Бикшодани он вале натонистам ман…

Ҷозибаи ин асар шояд дар он аст, ки маҳз шоири шинохта, узви порлумони шӯравӣ, дорандаи ҳама ҷоизаҳои давлатӣ масъалаи Ватани хурдро, ки дар зери пошнаи Ватани бузург ба фано мерасид, хеле инсонона ва шоирона ба миён гузошт. Тавассути панду андарзу танзҳои беш аз чиҳил халқияти Доғистон эҳтирому эътиқоди инсонро аз сохтору ҳизби абарқудрат ба решаву зоду гаҳвораву мазор ҷалб кард. «Халқи хурдро ханҷари бузург мебояд»- васият карда буд имом Шомили доғистонӣ соли 1841.


«Халқи хурдро дӯсти бузург мебояд»- гуфта буд Абӯтолиб Ғафуров соли 1941.
Бар ту бахшам ҳамосаҳои баланд,
Шеърҳо бахшамат, бигӯям зеҳ!
Бурқаи бешаҳои деҳ танҳо,
Попахи қуллаҳои барфӣ деҳ!

Расул Ҳамзатов ба диёри худ, Доғистон, шабеҳ буд. Аз касе панду ҳикмату андарз дар ёд надошт, ба ҷуз панду ҳикмати сахраҳои кӯҳистони хеш. Аз касе барои суханони тобноку дурахшонаш оташ намехост, ба ҷуз аз оташи зодгоҳи хеш, Сада, ки маънияш ба забони модарии шоир «дар оташ» аст».


Мегӯянд, агар шоирро шинохтан хоҳӣ, бояд зодгоҳашро зиёрат кард. Зодгоҳи Расул Ҳамзатов бо табиати беназиру мардумони қиссаву андарзгӯяш воқеан шеърбунёду шоирофар аст. Ҳар касе, ки ба Доғистон сафар кардааст, яқин Хунзахро, ки дар доманаш аули Сада- зодгоҳи Расул Ҳамзатов воқеъ аст, майли дидан хоҳад кард, зеро ҳанӯз дар зиндагии шоир ин марзи шоирзоду шоирпарвар зиёратгоҳи ошиқони шеъру сухани воло гаштааст.
Баҳори соли 1983 мо, як гурӯҳ аҳли адабу фарҳанги тоҷик, барои ширкат дар Рӯзҳои адабиёту фарҳанги Тоҷикистон ба Доғистон сафар доштем. Дар тӯли ин сафари хотирмон мизбони мо Расул Ҳамзатов буд. Шоир бо танзу шӯхиҳои ширини худ моро гӯйӣ ба ҳар гулу гиёҳу санги Ватани хеш, ки дар асари маъруфаш «Доғистони ман» умри ҷовидона ёфтаанд, ошно мекард. ӯ соҳибватан буду ошиқу дилдодаи диёри хеш. Мо ин сифатҳои инсонофарро пеш аз зиёрати диёраш дар осораш дидаву шинохта будем.
Дар пояи девори хонааш, дар аули Сада, ки бо як дидан гӯиё бо кӯҳҳои баланд пайванд буд, харсанги азимеро ба ман нишон дода, хандида гуфт:
- Дидӣ, мо, ману санг чӣ қадар ба ҳам монандем. Ман набудам, аммо ин сахра ҳамчунон буд, ман намемонам, аммо ин санги милёнсола ҳамчунон барҷой хоҳад монд. Воқеан, худи Расул Ҳамзатов дар дӯст доштану дӯст ёфтану дӯст будан монанди сахраҳои диёраш мустаҳкаму барҷой буд.
Дӯстии самимонаву бародаронаи Расул Ҳамзатов бо устоди равоншод Мирзо Турсунзода шоистаи пайравист. Борҳо ҳангоми сафарҳои эҷодӣ шоҳиди самимияту муҳаббати ин ду адиби бузург будам. Ин ду шахсияти шинохтаи ҷаҳонӣ ҳангоми дидорбиниву мулоқот гӯйӣ ба ҷавонони наврас табдил меёфтанд. Аз дидани дидори якдигар мешукуфтанд, оғӯш боз намуда ба сӯйи якдигар парвоз мекарданд. Ин муҳаббат дар ашъори шоири тоҷику доғистонӣ, ки нисори якдигар кардаанд, назарнамост. Эшон дар эҷодиёт низ шабеҳи ҳамдигар буданд. Бамаврид аст шеъри машҳури Расул Ҳамзатов «Берегите друзей» ва чакомаи устод Мирзо Турсунзода «То тавонӣ, дӯстонро гум макун» - ро ба ёд биёрем. Расул Ҳамзатов аз ҷумла мегӯяд:

Download 73,62 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish