Тариқати Нақшбандия ва яке аз намояндагони машҳури ин равия дар асри XX Ҳазрат Шайх Аҳмадҷон Махдум Ҳанафӣ-Зархонагӣ.
А.Самиев Мудири кафедраи
Донишкадаи педагогии
Донишгоҳи давлатии термиз,
доктори илмҳои фалсафа
оид ба педагогика.
Ҷараёни Нақшбандия – яке аз машҳуртарин равияҳои тасаввуф аст, ки дар асри 14 пайдо шудааст. Асосгузори ин ҷараён Баҳоуддин Муҳаммад ибни Муҳаммади Бухорӣ буд, ки бо падари худ ба рӯи матоъ ва фузулот нақш мебаст.Аз ин рӯ ин ҷараёни мазҳабӣ бо ин лақаб машҳур шудааст.
Дар ташаккул ва ривоҷи равияи Нақшбандия мақому таълимоти Абдухолиқ Ғиждувонӣ, Хожаазизии Рометанӣ, Ҳазрати Азизон, Хоҷабобои Самосӣ, Амир Кулол ва дигарон калон аст.
Ба ташаккули афкори Нақшбандия таълимоти ирфонии Абдухолиқи Ғиждувонӣ таъсири калон расонидааст.Ӯ тарафдори зикри хуфя буд. Бино ба таълимоти Абдухолиқи Ғиждувонӣ шахси ба ҳалқаи Нақшбандия дохилшуда бояд касберо омӯхта, ризқу рӯзиашро бо сайъи хеш ба даст орад ва аз тақвою гӯшанишинӣ, оворагардию гадоӣ дури ҷӯяд.
Қоидаҳои асосии таълимоти Нақшбандияро (“ҳуш дар дам”, “назар бар қадам”, “хилват дар анҷуман”, “сафар дар ватан”, “ёдкард”, “бозгашт”, “нигоҳдошт”, “ёддошт”, ташкил медиҳанд) Абдухолиқи Ғиждувонӣ пешниҳод кардааст.
Баҳоуддин Нақшбанд ба ин 9 рукн боз се талаботи дигар –вуқуфи адабӣ, вуқуфи қалбӣ ва вуқуфи замониро илова намудааст.Онҳо таълим медоданд, ки шахси пайрави роҳи тариқат бояд ҳам кор кунад ва ҳам хотири худро аз зикри ҳақ (худо) дур надорад. Дар натиҷа шиори асосии Нақшбандия “даст ба кору дил ба ёр” ба вужуд омад. Ин шиорро муҳаққиқон ба тарзи дигар - “Аз бурун дар миёни бозорам, в-аз дарун хилватест бо ёрам” низ овардаанд.
Пайравони Нақшбандия тарафдори ақидаи “дар зоҳир бо халқ ва дар ботин бо ҳақ” буданд. Онҳо таълимоти худро дуруст медонистанд ва мардумро бо он тарғибу ташвиқ мекарданд. Мувофиқи ақидаи онҳо Нақшбандия гӯё роҳи наздиктарини данистани ҳақро ба соликон нишон медиҳад.
Инкор кардани гӯшанишинӣ ва мардумро ба кору амал даъват намудан боиси равнақу ривоҷи ин тариқат гардид. Дар инкишофу интишори таълимоти Нақшбандия роли тарғибу ташвиқот калон аст. Дар натиҷа шахсиятҳои ин силсила Баҳоуддин ва пайравони наздики ӯ то дараҷае баланд бардошта шуданд, ки доир ба балогардонӣ ва кароматҳои онҳо шак овардан гуноҳи азиме ба ҳисоб мерафт.
Ҳамин тавр, Нақшбандия дар Осиёи Миёна, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Туркия ва баъдтар Закавказия васеъ доман густурда буд.
Бузургони афкори иҷтимоию сиёсӣ, адабӣ ва фалсафии қарнҳои миёна – Хоҷа Муҳаммади Порсо, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Аҳмади Косонӣ ва дигарон аз пайравони равияи Нақшбандия буданд. Ва яке аз давомдиҳ андагони ин равия дар асри XX Ҳазрат Ҳоҷи Аҳмадҷон Махдум Ҳанафӣ-Нақшбандӣ Зархонагӣ мебошанд.
Мо бо камоли эҳтиром номи ин олими бузургро ба забон мегирем ва бо фахру ғурур гуфта метавонем, ки яке аз пайравони тариқати Нақшбандия олими беназир ва Шайхи замони асри XX Ҳазрат Ҳоҷи Аҳмадҷон Махдум Ҳанафӣ-Нақшбандӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) мебошанд. Ному насаби пурраи он шахси соҳибэҳтиром Аҳмадҷон Махдум ибн Домулло Шоҳмурод ибн Домулло Розиқ ибн Муҳаммад Сиддиқ ибн Домулло Ашӯр мебошанд. Ин зоти шариф дар таърихи соли 1939 дар вилояти Сурхондарё ноҳияи Сариосиё дар деҳаи хушманзараи кӯҳистони Зархона таваллуд ёфта ба камол расидаанд.
Дар китоби “Буюк Термизийлар”и мутафаккир Мирзо Кенжабек дар васфи ин шахсияти бузург гуфта шудааст. “Ба ин зоти бузург аз хулқи мубораки Ҳазрат Расуллуллоҳ соллалоҳу алайҳи ва саллам насиба дода шудааст, аз бӯи муборакашон бонасиб гардонида бо дардашон дардошно буда муршиди асл ва комил буданд. Дар боби фиқҳ, тақво ва амал ноёб буданд. Қалбашон пур аз ишқи илоҳӣ, чашмонашон пурнам, суханонашон пурҳикмат, дар нишасту хез намунаи ибрат, ҳалим ва салим дар рӯи муборакашон як нури илоҳӣ дурахшон барқ мезад”.
Ман бо камоли эҳтиром ва фахр гуфта метавонам, ки мо бо ин олими бузург “ҳамсоябоғ” будем, дасти муборакашонро чандин борҳо даст гирифтаам ва ҳамсӯбат шудаам. Дар васфи он кас гуфта метавонам, ки: “Яке аз шахсиятҳои бузурги асри XX, соҳиби илми раббонӣ, чеҳраи зебои нуронӣ, қади баланд, саллаи на он қадар калони сафеду-сиёҳи ба сар зебанда, риши мошу-биринҷи дарози ба қаду қомат рахшанда, рухсораҳои доим сурхи ҷаззоб, чашмони пурмеҳр, дили пурсабр, соҳиби илми бепоён, дар боби адаб ва муомила беназир, гӯё як офтоби пинҳон буданд, ки аз сӯҳбаташон ҳеҷ сер намешудед”.
Устозонашон: Шайхул-акбар- ҳазрат Муҳаммад Шариф Ҳисорий-Нақшбандӣ, ҳазрат Қозӣ Абдурашид домла ва яке аз симоҳои нодир, шахсони фозил ва одил, муаллифи тафсири “Баён ул-Фурқон фи тарҷиматил-Қуръон”, ҳазрат Шайх Муҳаммад Шариф Мавлавӣ Ҳиндустонӣ-Қӯқандӣ буданд.
Яке аз шогирдони Шайх Муҳаммад Шарифи Ҳисорӣ, Шайх Теша Бобои Бухороӣ дар бораи Ҳазрат Ҳоҷи Аҳмадҷон Махдум гуфтаанд: “ Ба ин зот илмро Худо додааст”.
Аз ин ҷо маълум мешавад, ки алломаҳои бузурги Осиёи Марказӣ ба Аҳмадҷон Махдум устози кардаанд. Дар китоби “Тазкират ул-авлиё”и Фаридиддин Аттор баъзе зотҳои бузургро бо ки вохӯрдаанд ва бо ки ҳамсуҳбат шудаанд оварда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар илми тасаввуф дараҷаи бузургӣ ба кадом зотҳои бузург ва азиз во хурдаанд ва ҳамсуҳбат шудаанд ва ё таълим гирифтаанд нигоҳ карда ба онҳо баҳо медоданд.
Таълими ибтидоии сарфу наҳв ва фиқҳро аз падари бузургворашон гирифтаанд. Дар маълумотҳо оварда шудааст, падарашон Домулло Шоҳмурод яке аз дастпарваони мадрасаҳои Бухорои Шариф буда муршид,тақводор, парҳезкор ва олими барҷаста буданд.
Ҳазрат Махдум дар “Тарҷимаи ҳол” қайд мекунанд: “Падари бузургворам маро аз хурди дар сарам салла монда ба намози жамоат мебурданд, аз кӯдаки ба ман бо қалб зикр карданро момӯзониданд ва аз ҳар кас дар ҳаққи ман дуои хайр мегирифтанд”.
Падарашон бо шиори тариқати Нақшбандия “Дил ба ёру даст ба кор”итоат намуда бо касби деҳқони ва боғдорӣ машғул шуда боғҳо бунёд кардаанд. Ин касб ба фарзандашон Аҳмадҷон Махдум ва ба фарзандони ин зоти шариф низ мерос гузаштааст.
Ҳамин хел ҳолатҳо мешавад, ки писар аз падар шараф меёбад ва ё падар аз писар шараф меёбад. Бузургии Аҳмадҷон Махдум дар ин аст, ки ҳам аз падар шараф ёфтаанд ва ҳам ба писарон шараф гузоштаанд.
Аз алломаи бузург қории қориҳо, фақиҳи фақиҳон Қорӣ Маҳмуд илми “Тажвид” ва Қуръон карим, матни “Қофия”, ва “Ақоид”, “Шарҳи мулло”и А.Ҷомиро аз худ намуда, аз аллома Бобо Муҳаммад илми “фароиз” яъне тақсимоти меросро, аз Ҳазрат Қози Абдурашид Фарғонӣ илмҳои “Шарҳи Ақоиди Насафӣ”, “Ҳидояи Шариф”, “Тавзеҳ”, “Қози Байзовӣ”, “Муллоҷалол Давонӣ”, “Шарҳи Талхис”, аз Ҳазрат Муҳаммад Шариф Мавлавий Ҳиндустонӣ-Қӯқандӣ “Саҳиҳи Бухорӣ”, “Тафсири мадорик”, “Манору-л-анвор”, “Шарҳи талхис”, “Даввонӣ” ва дигар илмҳоро омӯхтанд.
Ба Ҳазрат шайх Аҳмад Зулфиқор Покистонӣ дар ҷашни 675 солагии таваллуди Шоҳ Баҳоуддин Нақшбанд ҳамсуҳбат шудаанд. Ҳазрат Шайх Аҳмад Покистонӣ дар давоми сӯҳбат гуфтаанд: “” Огоҳ бошетон
Do'stlaringiz bilan baham: |