8. методикаи рақамгузорӣ. Зинаҳои ташаккулдиҳии фаҳмишҳои адад ва рақАМҲо калима ва ибораҳои такягоҳӣ



Download 199,51 Kb.
bet1/3
Sana24.06.2022
Hajmi199,51 Kb.
#700731
  1   2   3
Bog'liq
тема8


8. МЕТОДИКАИ РАҚАМГУЗОРӢ. ЗИНАҲОИ ТАШАККУЛДИҲИИ ФАҲМИШҲОИ АДАД ВА РАҚАМҲО
Калима ва ибораҳои такягоҳӣ: рақамгузории ададҳои даҳии аввал, адад, рақам, шумораи тартибӣ
Дар ин зина вазифаи муаллим дар бачаҳо ташаккул додани малакаи ҳисобкунӣ ва кушода додани сохтори натуралӣ дар буриши ададҳои 1-10 ва дар ин асос тавсифи пайдарпайии ададҳои натуралӣ иборат аст. Барои ин ба зеринҳо ноил шудани хонандагонро таъмин кардан зарур аст.

  1. Бояд пайдарпайии ададҳои аз 1 то 10 ро хуб азхуд намоянд;

  2. Ҳисоби ашёҳо ва рақами тартибии ҳар як ашёро бо тартиби муайяншуда донанд;

  3. онҳо бояд азхуд намоянд, ки ҳар як адади қатории ададҳои аз 1 то 10 чӣ тавр (ба воситаи ба рақами пешбуда ҷамъ кардани 1 ё ки аз ададе, ки баъд аз он рақам меояд тарҳ кардани 1) ҳосил мешавад.

  4. бояд рақамҳоро хонда тавонанд ва ҳар як рақам бо ададҳои муносиби ашёҳо ҷобаҷо гузоранд.

  5. муқоисаи ададҳоро донистанашон лозим (машқҳои дахлдор бидуни истифодаи аломатҳои >,<, = иҷро карда мешавад);

  6. ҳамаи ҳолатҳои таркиби ададии иборат аз дуҳосилаи ададҳои 2,3,4,5 –ро бояд мустаҳкам азхуд намоянд;

  7. хондани навиштаҳои математикии 2+1, 4-1, 1+3 ва ғайраҳо ва бояд ба ин гуна навиштаҳо интихоби расмҳои муносибро донанд. Ҳалли масъалаҳо ва ба воситаи катакчаҳои рақамдор навиштани онҳоро (2+1=3, 4-2=2, 1+3=4) донистанашон лозим аст;

  8. бояд фарқи доира, квадрат, секунҷаҳо ва номи онҳоро бидонанд.

Услуби корбарии ҳар як равияҳоро муфассал баён мекунем:

  1. Хонандае, ки пайдарпайии рақамҳоро хуб азхуд намудааст, ин пақдарпайиро дуруст ва бо тартиби баръаксӣ аз адади хоҳишманиаш оғоз намуда, гуфта дода метавонад, ададе, ки пас аз рақами муайяншуда меояд, ададе ки дар мобайни ду рақам меояд, адади пеш аз рақами муайяншуда омадаро номбар карда метавонад. Барои ба ин малака ноил шудан, ғайр аз вазифаҳои китоби дарсӣ, машқҳои зерин низ имкон медиҳад:

- Ба ин рақам нигаред (муаллим масалан рақами 4-ро нишон медиҳад) ба дастонатон ҳамин қадар кубик гиред.
- Дар рафъ чандто зоча мавҷуд аст? Ҳамин гуна рақамро нишон диҳед. (Бачаҳо карточкаи рақами мувофиқро нишон медиҳанд).
Ҳангоми ҷараёни кор бо рақамгузории ададҳои даҳии аввал дар бачаҳо дар бораи рақами сифр фаҳмиш пайдо мешавад. Элементҳои маҷмӯъро як ба як, токи ягонто элемент намонад партофта, бачаҳо адади маҷмӯъи боқимондаро мегӯянд (5, 4, 3, 2, 1, 0 тийин, 2, 1, 0 то мусича ва монанди инҳо). Бачаҳо 0-ро бо ададҳои дигар муқоиса намуда, аз ададҳои 1, 2, 3, ва ҳоказоҳо хурд будани 0 ва ҷойи ин рақам пеш аз 1 буданашро муайян мекунанд. Баъдтар вақте ки рақами 0 баробари тарҳшаванда мешавад ба сифати натиҷаи тарҳшаванда мемонад (1-1=0, 2-2=0 ва ҳоказо.) Хонандагон бо ашёҳо машқҳои амалӣ гузаронида, (гулҳои назди дерезаро гирифта мемонанд, доирачаҳои рӯйи мизро мегиранд, аз болои квадрадҳои кашидашуда хат мекашанд ва ҳ.) мисолҳои оид ба тарҳро 0-0-ро тартиб ва ҳал мекунанд. Ҳамин тавр, маънои ин рақам фаҳмонида мешавад.

  1. “ҳамин қадар”, “бисёр”, “кам”, “баробар” барин машқҳое, ки ба азхудкунии фаҳмишҳо нигаронида шудааст, имконият медиҳад, ки дар хонандагон малакаи ҳисобкунии ашёҳо шакл гирад.

- Чандто тӯб мавҷуд, ҳисоб кунед. Оё ҳисоб накарда, чандто будани зочаро гуфтан мункин аст? (расми 30) ? (Мункин. Тӯб 7 то. Дар паси ҳар як тӯб зоча истодааст. Тӯб чандто ки бошад зоча низ ҳамон қадар. Зоча 7 то).
- Бояд чӣ кор кард. Чоркунҷа чандто бошад, секунҷа низ ҳамон қадар мешавад? (чокунҷаҳо 5 то, секунҷаҳо бошад кам. Барои баробар шудани онҳо секунҷаи набударо илова кардан лозим аст.)
расми 5.



Иҷрои ингуна машқҳо аз хисобкунии ашёҳо, онҳоро илова намуда ҳисобкунӣ гузаштани бачаҳо, инчунин ба ҳалнамоии масъалаҳои арифметикӣ тайёр мекунад.


Дар ин давра ракамгузории тартибӣ низ омӯзонида мешавад.


  1. Дар пайдарпайии натуралии рақамҳо ғайр аз 1 адади хоҳишмандиро бевосита ба адади пеш аз ин адад омада бо ҷамъ кардани 1 ё аз адади баъд аз он омада тарҳ кардани як ҳосил кардани мункин аст.

Дар мобайни 10 ҳосили адади дилхоҳ ба воситаи мисолҳои зерин кушода дода мешавад. Масалан муаллим ҳосили ҷамъи 4 –ро нишон медиҳад. Ӯ ба хонандагон супориш медиҳад, ки дар рӯйи миз 2 то доирача ва боз 1 доирача гузоранд. Чандто шудани доирача ва чӣ тавр ҳосил шудани 3 то доирача муайян мегардад. Баъд боз якто доирача ҳамроҳ мешавад ва боз ба ҳамон саволҳо ҷавоб дода мешавад: доирачаҳо чандто шуданд? 4 то доирача чӣ тавр ҳосил гардид? Хулоса: 3 ва 1 адади 4-ро ташкил мекунад. Ҳамин гуна машқҳо бо ашёҳои дигар, ба воситаи расмҳои китоби дарсӣ, дафтарҳо ҳал мешавад, ин барои дар бачаҳо умумигардонии иҷрои амалҳои маҷмӯъ (ба 3 доирача 1 то доирача ҳамроҳ шуд, дар натиҷа 4 то доирача ҳосил шуд, дар паҳлӯи 3 мошин якто мошини дигар омада истод, дар натиҷа 4 то мошин ҳосил шуд ва ҳ.) барои гузаштан ба аз рӯйи ададҳо иҷрои амалҳо кӯмак мерасонад.

Download 199,51 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2   3




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish