Ӯ ба Доғистони худ монанд буд!



Download 188,55 Kb.
Pdf ko'rish
bet2/4
Sana21.02.2022
Hajmi188,55 Kb.
#40584
1   2   3   4
Bog'liq
Ӯ ба Доғистони худ монанд буд! BBC

Писари Тсадаса
Расул Ғамзатов 8-сентябри соли 1923 дар авули Тсада, дар шимолу шарқии Қафқоз, дар
хонаводаи Ғамзат Тсадаса, ки дар доираи адабии Доғистон шоъири маъруфе ба шумор
мерафт, чашм ба олам кушод. Падари шоъир ориф буду аз саводи кӯҳна бархӯрдор.
Мегӯянд, то охири умр ӯ алифбои нави сохтори навро натавонист аз бар кунад.
Шоъири хубе буд Ғамзат Тсадаса, аммо
Расул аз падари худ дар маҳорати
шоъириву шӯҳрат фарсахҳо пеш рафт.
Падару писар ҳарду унвони Шоъири
Халқии Доғистонро сазовор гаштанд,
аммо ҷоизаву овозае, ки ба фарзанд
насиб гардид, дар ёду хаёли падар
намегунҷид.
Мегӯянд, агар шоъирро шинохтан хоҳӣ,
бояд зодгоҳашро зиёрат кард. Зодгоҳи
Расул Ғамзатов бо табиъати беназиру
мардумони қиссаву андарзгӯяш воқеъан
шеърбунёду шоъирофар аст.
Ҳар касе, ки ба Доғистон сафар мекунад,
яқин Хунзаҳро, ки дар доманаш аули
Тсада - зодгоҳи Расул Ғамзатов, воқеъ аст, майли дидан хоҳад кард, зеро ҳанӯз дар
замони зиндагии шоъир ин марзи шоъирэҷоду шоъирпаравар, зиёратгоҳи ошиқони
шеъру сухани воло буд.
Баҳори соли 1983 мо, гурӯҳе аз аҳли адабу фарҳанги тоҷик, барои ширкат дар рӯзҳои
адабиёту фарҳанги Тоҷикистон ба Доғистон сафар доштем. Дар тӯли ин сафари хотирмон,
мизбони мо Расул Ғамзатов буд.


Расул Ғамзатов тавонист бо осори хеш
Доғистони кучакро бо олами бузург пайванд
бидиҳад
Ӯ бо танзу шӯхиҳои ширини худ моро гӯё бо ҳар гулу гиёҳу санги ватани хеш, ки дар асари
маъруфаш «Доғистони ман» умри ҷовидона ёфтаанд, ошно мекард. Ӯ соҳибватан
буд,ошиқу дилдодаи диёри хеш буд. Мо ин сифатҳои инсонофарро пеш аз дидани диёраш
дар осораш дидаву шинохта будем.
Дар пояи девори хонааш дар аули Тсада, ӯ ба ман сахраеро нишон дод ва хандида, гуфт:
"Дидӣ, мо, ману ин санг, чӣ қадар ба ҳам монандем. Ман набудам, аммо ин сахра буд, ман
нахоҳам монд, аммо ин сахра ҳамчунон барҷой мемонанд."
Шоъир дар дӯст доштану дӯст ёфтану дӯст будан дарвоқеъ монанди сахраҳои диёраш
мустаҳкаму барҷой буд.
Дӯстии самимонаву бародаронаи Расул
Ғамзатов бо устоди равоншод, Мирзо
Турсунзода, шоъири саршиноси
Тоҷикистон, шоистаи пайравист. Борҳо
ҳангоми сафарҳои эҷодӣ шоҳиди
самимияту муҳаббати ин ду адиби бузург
будам. Ин ду шахсисяти шинохтаи ҷаҳонӣ
ҳангоми дидорбиниву мулоқот гӯё ба
ҷавонони наврас табдил меёфтанд. Аз
дидори якдигар мешукуфтанд, оғӯш боз
карда, ба сӯйи якдигар парвоз
мекарданд.
Ин муҳаббат дар ашъори шоъири тоҷику
доғистонӣ, ки нисори якдигар кардаанд,
назарнамост. Эшон дар эҷодиёт низ
шабеҳи ҳамдигар буданд, ки ин мавзӯъи
таҳқиқи дигар аст. Дар иртибот бо ин мавзӯъ, бамаврид аст шеъри машҳури Расул
Ғамзатов "Дӯстонро пос доред" (Берегите друзей) ва чакомаи устод Мирзо Турсунзода, "То
тавонӣ дӯстонро гум макун"-ро ба ёд орем. Расул Ғамзатов аз ҷумла мегӯяд:
Люди, я прощу вас, ради Бога, Не стесняйтесь доброты своей: На земле друзей не так уж
много Опасайтесь потерять друзей!
Устод Мирзо Турсунзода, ки ҳамеша мавзӯъи сурудаҳояш ишқи созанда буд, чунин
мефармояд:
То тавонӣ, дӯстонро гум макун, Дӯстони меҳрубонро гум макун, Дар ҷаҳон бе дӯст будан
мушкил аст, Дӯсти беҳтар зи ҷонро гум макун!
Ин ду шеър дар замону макони алоҳида аз ҷониби ду шоъири дар забону фарҳанги гуфтор
аз ҳамдигар мутафовит эҷод шудааст, аммо ҳадаф якест: Дӯст! Дӯст доштану дӯст
доштан, аз дӯст ҳамчун гавҳараки чашм мувозибат кардан...
Дар ин ду чакомаи ҳамранг ва аз ҳам мутафовит ҷоҳу мақоми дӯст аз маъшуқ болост,
зеро ишқ он гоҳ комил мешавад, ки меваи расидаи дарахти дӯстӣ бошад. Меваи дарахте,


Аули Тсада, зодгоҳи Расул Ғамзатов, дар замони
зиндагии шоъир зиёратгоҳи ошиқони шеъру
сухани воло буд.
ки аз самараш аҳли башар ҳеч гоҳ сер нест. Ҳамон дарахте, ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
шинодану парварданашро ба аҳли башар тавсия кардааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад, Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи
бешумор орад!

Download 188,55 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish