Ӯ ба Доғистони худ монанд буд!



Download 188,55 Kb.
Pdf ko'rish
bet1/4
Sana21.02.2022
Hajmi188,55 Kb.
#40584
  1   2   3   4
Bog'liq
Ӯ ба Доғистони худ монанд буд! BBC



7 Ноябр, 2008
Расул Ғамзатов дар густариши худогоҳии миллӣ
дар миёни мардумони мухталифи Шӯравӣ нақши
умдае дошт
Ин сафҳа дигар барӯз намешавад
 Барои иттилоъоти бештар дар ин бора ин пайвандро боз кунед.
Ӯ ба Доғистони худ монанд буд!..
Гулрухсор Сафӣ
Рӯзи душанбеи 3-ноябр панҷ сол аз
даргузашти Расул Ғамзатов, шоъири
маъруфи доғистонӣ, сипарӣ шуд. Имсол,
ҳамчунин ба муносибати таҷлил аз 85-
солагии ин шоъири фақид, дар зодгоҳи ӯ
ва бархе аз кишварҳои дигари собиқ
Шӯравӣ, маҳофил ва шабнишиниҳои
ёдбуд баргузор шудааст.
Аз муҳиммтарин китобҳои Расул
Ғамзатов "Доғистони ман" ном дорад, ки
ҳовии ёддоштҳои даврони кӯдакӣ ва
баёнгари садоқат ва самимияти ин
шоъири фақид ба меҳани кӯчакаш маҳсуб
мешавад. Ин китоб пас аз тарҷума ба
забони форсии тоҷикӣ дар авоили солҳои
1980 аз пурхонандатарин китобҳо дар
Тоҷикистон будааст.
Расул Ғамзатов шахсан бо бархе аз
нухбагони фарҳангии Тоҷикистон, аз
ҷумла Мирзо Турсунзода, шоъири фақид,
дӯстӣ дошта бисёре аз шоъирону
адибони тоҷик аз навиштаҳои ӯ илҳом
гирифтаанд.
Дар матлаби зер, Гулрухсор Сафӣ,
шоъири саршиноси тоҷик ва аз дӯстони Расул Ғамзатов, нигоҳе дорад ба шахсият ва
осори ӯ ва нуфузе, ки ин шоъири доғистонӣ дар густариши худогоҳии миллӣ дар миёни
мардумони мухталиф дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷо гузоштааст.
*****



Ғамзатов ва Индиро Гондӣ: Ғамзатов дар бархе
маҳофили байналмилалӣ аз Шӯравӣ намояндагӣ
мекард
Доғистони Ғамзатов
Ҳар чӣ доданд одамон бар ман, Ҳар ду қисмат кунем, Доғистон. Ҷумла медолу ордени
худро, Мекунам дар ситеғат овезон!
Аз миёни адибони даврони Шӯравӣ касе ба масобаи Расул Ғамзатов, ки яке аз адибони
нозпарварди сохтори кумунистӣ ба шумор мерафт, бо чунин ҷуръати ошиқонаву
фарзандона диёри кӯчаки худ, балки гаҳвораи худро дар баробари ватани бузурги Шӯравӣ
нагузошта буд.
Воқеан «Доғистони ман»-ро метавон ба унвони нахустин асари дисидентӣ ё мухолиф бо
идеулужии роиҷ дар адабиёти якранги шӯравӣ шинохт. Ин шоъири доғистонӣ намояндаи
яке аз халқҳои камшумори Қафқоз - аварҳост, ки шумори онҳо аз 500 ҳазор нафар
бештар нест.
Бо ин ҳол, вай ба таври нохудогоҳ барои дисидентҳои дигар дари мавзӯъи меҳани воқеъӣ
ва ватани дигареро боз кард, ки онро баъдан ҳар соҳибватани миллӣ ҳамчун ватани
миллии худ шинохт.
То кунун боъиси ҳайрату суол аст, ки чи гуна бо вуҷуди сонсури қавӣ, бахусус нақши КГБ-и
фӯлодин, мақомоти вақти Шӯравӣ чопи ин асари норинҷакдори шикофкунандаи бунёди
сохтори абарқудрати Шӯравиро иҷоза додаанд.
Ин асар пас аз интишор ба забони русӣ дар Маскав, ҳамоно ба феҳристи нодиртарин
асарҳои хонданӣ дар он замон ворид шуд. Гузашта аз ин, "Доғистони ман" дар муддате
кӯтоҳ ба куллияи забонҳои роиҷ дар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ тарҷумаву нашр шуд ва
ба яке аз асарҳои нави миллигароӣ табдил ёфт.
Дар он замон ин асар ба дарёфти ҷоизаи
Ленинӣ, ки ҷоизаи Нубел дар Шӯравӣ ба
шумор мерафт, муваффақ шуд, ки ин амр
низ ҳайратзост, зеро дар изҳори ишқи
соддаву шоъиронаи Расул Ғамзатов ба
ёру диёраш, он қадар андӯҳи олуда ба
накӯҳиш низ ҷой гирифта буд, ки дар
сурати зарурат метавонист ҳамчун
парвандае ҷиноӣ алайҳи сохтори
ҳувияткуш хидмат бикунад.
Воқеъан ин асарро метавон ҳамчун яке
аз аввалин асарҳои таҳрикдиҳандаи
андеша ва ҳувияти миллии халқҳои
Шӯравии собиқ шинохт. «Доғистони ман»
дар саросари ҷумҳуриҳои собиқ боъиси
пайравӣ ва тақлиди адибони
гуногунзабон гардид. Дар Тоҷикистон низ ин асар ҳаводорони зиёде пайдо кард ва акнун
бо гузашти беш аз сӣ сол ҳанӯз ҳам хонандагони зиёде дорад.


Падари Расул Ғамзатов, Ғамзат Тсадаса, аз рост,
дар муҳити адабии Доғистон шоъири маъруфе
ба шумор мерафт.
Асрори ҷозибаи ин асари насрии шоъирнавишта шояд дар он аст, ки маҳз шоъири
шинохта, узви порлумони Шӯравӣ, дорандаи ҳамаи ҷоизаҳои давлатӣ масъалаи ватани
хурде (яъне Доғистон)-ро, ки дар зери пошнаи ватани бузург (яъне Иттиҳоди Шуравӣ) ба
фано мерасид, пеш гузошт.
Расул Ғамзатов дар ин асар бо истифода аз панду андарзу танзҳои маҳаллии халқҳои
Доғистон, эҳтирому эътиқоди инсонро ба сохту сохтори ҳизби абарқудрат на, балки ба
решаву зоду гаҳвораву мазраъа ва мазори қавме кучак дар Қафкоз ҷалб кард:
Ба ту бахшам ҳамосаҳои баланд, Шеърҳо бахшамат, бигӯям, зеҳ! Бурқаъи бешаҳом деҳ
танҳо, Попахи қуллаҳои барфӣ деҳ! (Тарҷумаи Лоиқ Шеръалӣ)
Расул Ғамзатов ба диёри худ - Доғистон шабеҳ буд, кишваре дар домони куҳҳои Қафқоз,
ки беш аз ду милюн ҷамъият дорад ва беш аз 36 забон дар онҷо роиҷ аст. Вай аз касе
панду ҳикмату андарз дар ёд надошт, ба ҷуз панду ҳикмати сахраҳои кӯҳистони хеш. Аз
касе барои суханони тобноку дурахшонаш оташ намехост, ба ҷуз аз оташи зодгоҳи хеш,
яъне "Сада", ки маънияш ба забони модарии шоъир, ба забони аварӣ «Дар оташ» аст.

Download 188,55 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
  1   2   3   4




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish