Расул Ғамзатов тавонист бо осори хеш
Доғистони кучакро бо олами бузург пайванд
бидиҳад
Ӯ бо танзу шӯхиҳои ширини худ моро гӯё бо ҳар гулу гиёҳу санги ватани хеш, ки
дар асари
маъруфаш «Доғистони ман» умри ҷовидона ёфтаанд, ошно мекард. Ӯ соҳибватан
буд,ошиқу дилдодаи диёри хеш буд. Мо ин сифатҳои инсонофарро пеш аз дидани диёраш
дар осораш дидаву шинохта будем.
Дар пояи девори хонааш дар аули Тсада, ӯ ба ман сахраеро нишон дод ва хандида, гуфт:
"Дидӣ, мо, ману ин санг, чӣ қадар ба ҳам монандем.
Ман набудам, аммо ин сахра буд, ман
нахоҳам монд, аммо ин сахра ҳамчунон барҷой мемонанд."
Шоъир дар дӯст доштану дӯст ёфтану дӯст будан дарвоқеъ монанди сахраҳои диёраш
мустаҳкаму барҷой буд.
Дӯстии самимонаву бародаронаи Расул
Ғамзатов бо устоди равоншод, Мирзо
Турсунзода, шоъири саршиноси
Тоҷикистон, шоистаи пайравист. Борҳо
ҳангоми сафарҳои эҷодӣ шоҳиди
самимияту муҳаббати ин
ду адиби бузург
будам. Ин ду шахсисяти шинохтаи ҷаҳонӣ
ҳангоми дидорбиниву мулоқот гӯё ба
ҷавонони наврас табдил меёфтанд. Аз
дидори якдигар мешукуфтанд, оғӯш боз
карда, ба сӯйи якдигар парвоз
мекарданд.
Ин муҳаббат дар ашъори шоъири тоҷику
доғистонӣ, ки нисори якдигар кардаанд,
назарнамост. Эшон дар эҷодиёт низ
шабеҳи ҳамдигар буданд, ки ин мавзӯъи
таҳқиқи дигар аст. Дар иртибот бо ин мавзӯъ, бамаврид аст шеъри машҳури Расул
Ғамзатов "Дӯстонро пос доред" (Берегите друзей) ва
чакомаи устод Мирзо Турсунзода, "То
тавонӣ дӯстонро гум макун"-ро ба ёд орем. Расул Ғамзатов аз ҷумла мегӯяд:
Люди, я прощу вас, ради Бога, Не стесняйтесь доброты своей: На земле друзей не так уж
много Опасайтесь потерять друзей!
Устод Мирзо Турсунзода, ки ҳамеша мавзӯъи сурудаҳояш ишқи
созанда буд, чунин
мефармояд:
То тавонӣ, дӯстонро гум макун, Дӯстони меҳрубонро гум макун, Дар ҷаҳон бе дӯст будан
мушкил аст, Дӯсти беҳтар зи ҷонро гум макун!
Ин ду шеър дар замону макони алоҳида аз ҷониби ду шоъири дар забону фарҳанги гуфтор
аз ҳамдигар мутафовит эҷод шудааст, аммо ҳадаф якест: Дӯст! Дӯст доштану дӯст
доштан, аз дӯст ҳамчун гавҳараки чашм мувозибат кардан...
Дар ин ду чакомаи ҳамранг ва аз ҳам мутафовит ҷоҳу мақоми дӯст аз маъшуқ болост,
зеро ишқ он гоҳ
комил мешавад, ки меваи расидаи дарахти дӯстӣ бошад. Меваи дарахте,
Аули Тсада, зодгоҳи Расул Ғамзатов, дар замони
зиндагии шоъир зиёратгоҳи ошиқони шеъру
сухани воло буд.
ки аз самараш аҳли башар ҳеч гоҳ сер нест. Ҳамон дарахте, ки Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
шинодану парварданашро ба аҳли башар тавсия кардааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад, Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи
бешумор орад!
Do'stlaringiz bilan baham: