Тестҳо аз забони модарӣ ва хониш барои синфи 4
1.Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик кист?
А) Навоӣ, Б) Саъдӣ, В) Сино, Г) Рӯдакӣ.
2.Исм чиро мефаҳмонад?
А) номи ашёҳоро мефаҳмонад, Б) хусусияти ашёҳоро мефаҳмонад,
В) тартибу миқдорро мефаҳмонад, Г) амали ашёҳоро мефаҳмонад.
3. Садриддин Айнӣ кай, дар куҷо таваллуд шудааст?
А) Соли 1878 дар Бухоро, Б) Соли 1441 дар Ҳирот,
В) Соли 1888 дар Самарқанд, Г) Соли 1778 дар Хуҷанд.
4.Гурӯҳи сифатҳоро муайян намоед:
А) ширин, даҳто, хона, Б) товус , зоғ, дарахт,
В) тез, зебо, хурд, Г) сурх, зебо, мулоим.
5. Байти зерин аз кадом шоир аст?
Хирандманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош!
А) Лоҳутӣ, Б) Фирдавсӣ, В) Рӯдакӣ, Г) Сино.
6. Кадоме аз ҷумлаҳо исми хос дорад?
А) Бачаҳо ба сайри лола баромаданд. Б) Ҷумъа ба молҳо хӯрок медод .
В) Рӯзи ҷумъа падараш ба бозор рафт. Г) Ситора дар осмон медурахшид.
7. Абулқосим Фирдавсӣ кадом асари бузургро навиштааст?
А) Донишнома, Б) Сафарнома, В) Шоҳнома, Г) Ҳафт авранг.
8. Маънои калимаи “ манаққаш” дар куҷо дуруст шарҳ дода шудааст?
А) сурат, тасвир, Б) пурнақш , нақшин,
В) мавҷудот,табиат, Г) хурсандӣ, шодмонӣ.
9. Муаллифи шеъри “ Бибиҷонам меояд” кист?
А) Озод Аминзода, Б) Гулрухсор Сафиева,
В) Гулчеҳра Сулаймонова, Г) Розия Озод,
10. Шумора ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?
А) чӣ хел? Чӣ гуна?, Б) кай? Чӣ тарз?,
В) чӣ кор кард? , чӣ шуд?, Г) чанд?, чандум?.
11. Дар ҳикояи “Хиради Нӯшервони Одил” кадом сифати шоҳро васф карда
шудааст?
А) адлу инсоф, Б) зулму ситам,
В) қаҳру ғазаб, Г) меҳнатдӯстиву кордонӣ.
12. Ҷонишинҳо кадомҳоянд?
А) аз, ба, дар Б) ман, ту, ӯ
В) аммо, вале, лекин Г) се, чор, шаш.
13. Маънои калимаи “ранҷ”- ро ёбед.
А) сухан, калима, Б) заҳмат , меҳнат,
В) сарват, боигарӣ, Г) мустаҳкам, сахт.
14.Унсурулмаолии Кайковус кадом асари панду ахлоқиро навиштааст?
А)Гулистон, Б) Баҳористон,
В) Калила ва Димна, Г) Қобуснома.
15.Калимаи “мехонам” кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) исм , Б) сифат, В) феъл, Г) шумора.
16. Ҷашни Сада ба кадом рӯзу моҳ рост меояд?
А) 29-30 феврал, Б) 29-30 ноябр, В) 29-30 январ, Г) 29- 30 декабр.
17.Зарф ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?
А) чӣ хел?, чӣ гуна? Б) чӣ кор кард? , чӣ мешавад?
В) чанд?, чандум?, Г) кай?, чӣ тарз?
18. Мисраи дуюми панди зеринро муайян кунед;
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад.
............................................................................
А) Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Б) Агар хоре бувад гулдаста гардад.
В) Донистани сад забон осон гардад.
Г) Мушкиле нест, ки осон нашавад.
19.Дар забони тоҷикӣ чанд ҳиссаи нутқ ҳаст?
А) 6- то, Б) 10- то, В) 8-то, Г) 4- то
20. Сипитамони Суғдӣ кӣ буд?
А) Сарлашкари араб, Б) Шоир нависанда,
В) Қаҳрамони халқи тоҷик, Г) Рассом нақош.
Тартибдиҳанда Саодат Сангинова
Do'stlaringiz bilan baham: |