Суруди миллии ҷУМҲурии тоҷикистон шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков



Download 1,67 Mb.
bet5/20
Sana21.02.2022
Hajmi1,67 Mb.
#2589
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   20
27
Гуфтори панҷум Амалиётҳон ҷангии Искандари Македонӣ дар Оеиёш Шттт т
оқибатҳои он
Нақша:

  1. Ба Осиёи Миёна зада даромадани ӯрдуи Юнону Мақдуниҳ® бо сарварии Искандар ва оғози забткориҳои ӯ.

  2. Амалиётҳои ҷангии Искандари Мақдунӣ дар Уструщан т натиҷаҳои он.

  3. Муборизаи озодихоҳонаи Суғдиёну Бохтариён алайҳи истилогарон.

  4. Оқибатҳои истилои Юнону Мақдуниҳо дар Осиёи Миёиа.

Тавре ки дар боло зикр намудем, Искандар дар зарфи панҷ рӯз қувваҳои асосии худро аз дарёи Аму гузаронид. Лашкари ӯ баъди аз дарё гузаштан ба ҷониби пойтахти Суғд шаҳри Мароқанд (Самарқанди имрӯза) равон гардид. Онҳо дар роҳ муқобилияти ҷиддие надида ба шаҳр мерасанд ва онро ишғол мекунанд. Сипас, Искандар дар шаҳр гарнизон гузошт (100 ҷанговар) ва деҳоти атрофро сӯхта, ба харобазор табдил дод. Аз ин ба хулоса омадан мумкин аст, ки Мароқандиён ба истилогарон муқобилияти сахт нишон додаанд ва ба онҳо аҳолии гирду атроф ёрй расонидаанд.
Пас, Искандар бо лашкараш ба самти шимолу шарқ, яъне ба ҷониби Уструшана ва Фарғона ҳаракат менамояд. Лекин дар роҳ ба мушкилоти бузурге дучор гардид. Сугдиҳо ҳама чун як тан ба муқобили истилогарони Юнону Македонй сар бардоштанд. Вақте ки масъалаи озодӣ ва истиқлолияти ватанаШон ба миён омад, онҳо барои мудофиаи меҳани худ аз аҷнабиёни Юнону Македонӣ мардонавор ҷангиданд, ки он дурахшонтарин саҳифаи таърихи тоҷикони бостон ба хисоб меравад. Яке аз аввалин намунаҳои ин қаҳрамонй бархӯрдани таҷовузкорони Юнону македонӣ бо тоифаҳои сугди вилояти кӯҳистони Уструшан мебошад, ки дар вақти аз кӯҳсори байни Мароқанд ва Уструшан гузашта истодани аскарони Искандар рӯй дода буд.
Чанд даста аскарони Юнону македонй барои ҷамъ кардани ему хошок барои аспон ва хӯрока барои ҷанговарон ба қишлоқҳои Уструшан фиристода мешаванд. Аҳолии озодихоҳи ин маҳалҳо бар зидди тороҷгарон шӯриш бардоштанд. Искандар аз ин аҳвол бохабар гардида, ба мукобшш онҳо лашкар мекашад. Задухӯрд дар кӯҳсори серхарсанги душворгузар ба амал меояд. Сугдиҳо то охирин қувваи худ муқобилият нишон медиҳанд ва аксари онҳо ба дасти душман афтоданро нахоста, худро нобуд месозанд. Ниҳоят, Искандар муқобилияти суғдиёни кӯҳистонро бо машаққати зиёде фурӯ менишинонад ва аз 30 ҳазор шӯришчиён 22 ҳазор нафарашон
28
мардонавор ҷангида ҳалок гардиданд. Лашкари Искандар ҳам талафоти калон медиҳад ва худи ӯ аз ронаш сахт ярадор шуд. Шоҳи Юнонзамин пас аз ин ваҳшонияте, ки нисбат ба суғдиёни Уструшан содир намуд, ба сӯи Сирдарё равон гардид. Дар он айём дарёи Сир ҳудуди байни дашти бодиянишинон ва водиҳои зироатӣ ҳисоб мешуд: дар соҳили рости дарё сакоиҳо зиндагӣ мекарданд ва дар тарафи чапи он як қатор шаҳрҳои хурду калон воқеъ гардида буданд.
Искандар ба лаби дарёи Сир омада қарор гирифт ва аз аскаронаш дар ин шаҳрҳо гарнизон гузошт. Вале дере нагузашта ба муқобили Юнону Македониҳо шӯриши халқий маҳаллӣ сар шуд ва ба зудӣ тамоми ҳафт шаҳри соҳили чапи Сирдарёро фаро гирифт. Дар дигар соҳили дарё сакоиҳо қувваҳои худро ҷамъ намуда, расидани фурсати қулайро интизорй мекашиданд, то ки аз дарё гузашта ба шӯришгарон ёрй расонанд. Дар худи ҳамин вақт дар Сугд ва Бохтар ҳам ошӯбҳои калоне ба амал меоянд. Искандар ба як ҳолати ногувор дучор мешавад. Вай қарор медиҳад, ки пеш аз ҳама мавқеи худро дар соҳили дарёи Сир мустаҳкам намояд. Ба ин мақсад, ӯ дар муддати ду рӯз панҷ шаҳрчаи наздисоҳилиро ишғол намуда, ба аҳолии он ҷойҳо ваҳшиёна рафтор менамояд, яъне тамоми мардҳоро ба қатл расонида, зану кӯдаконро ба гуломӣ мефурӯшад.
Аҳолии Курушкада (Киропол), ки маркази шӯрищ ба шумор мерафт, ба муҳосиракунандагони ачнабй мардонавор муқобилият нишон медиҳанд. Худи Искандар маҷбур мешавад шахсан дар гирифтани шаҳр иштирок намояд ва макрро ба кор барад. Вай як даста аскарро гирифта, бо маҷрои хушкшудаи рӯде, ки аз байни шаҳр мегузашт, ба даруни шаҳр медарояд ва дарвозаи онро ба рӯи аскаронаш боз менамояд. Дар кӯчаҳои шаҳр ҷангҳои хунину шадид давом карда, дар натиҷа аз 18 ҳазор муҳофизатчиёнаш 8 ҳазор нафарашон кушта мешаванд. Талафоти душман низ кам набуд. Дар ин муҳориба худи Искандар ва баъзе сарлашкарони бузурги ӯ захмгин мешаванд. Баъд аз муҳорибаи шадид ва ҳуҷуми қатъӣ охирин такягоҳи шӯришчиён забт карда мешавад. Ҳамин тавр, шӯрише, ки ба муқобили истилогарони Юнону мақдунӣ дар соҳилҳои Сирдарё ба амал омада буд, бераҳмона пахш карда мешавад. Таърихнависи Искандар Арриан мегӯяд, ки аз аҳолии дар шӯриш иштирок доштаи ин ҳафт шаҳр як нафар ҳам боқӣ намонд - ҳамаи онҳо кушта ва ё ба гуломй фурӯхта шуданд. Вақте ки Искандар ба пахш кардани шӯриши ҳафт шаҳри соҳили Сир саргардон буд, тамоми марзи Суғду Бохтарро шӯркши мардумӣ баҳри истиқлолият фаро гирифта буд, ки ба он сипаҳсолори маҳаллй, аввалин қаҳрамони халқи точик Спитамен, ки яке аз симоҳои хеле барҷаста дар таърихи аҷдоди қадими халқи тоҷик буд, сарварӣ мекард. (Мавзӯи шӯриши Спитамен дар машғулияти амалй мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт).
29
Искандар бо мақсади аз ҳуҷуми сакоиҳои он тарафи Сирдарё мудофиа кардаи сарзаминҳои ззбтжардааш дар соҳили ин рӯд назди Хуҷанди кӯҳан қалъае бунёд мекунад. Бунёди кдлъа дар соҳили Сир аз ҷониби Искандар сакоиҳои. он тарафи дарёро ба изтироб овард ва онҳо ба соҳил наздик шуда, таҳдид карданд, ки онро нобуд хоҳанд кард. Искандар бо вуҷуди ярадор буданаш интизор нашуда бо лашкараш бо амаду машкҳо аз дарё гузашта ба сакоиҳо ҳуҷум мекунад ва бо вуҷуди муқобилияти сахт онҳоро ба ақибнишинй маҷбур мекунад. Сакоиҳо 1000 нафар кушта шудаанд ва 150 нафарро асир дар майдони ҷанг гузошта қафо мераванд. Искандар то 15 км онҳоро дар биёбон таъқиб намуд, аммо бинобар аз беобӣ ранҷ кашидан ва ба касалӣ дучор шудани ҷанговаронаш ба қафо бармегардад.
Баъди ин сакоиҳо ба назди Искандар сафирони худро бо паёми сулҳ фиристоданд. Искандар бииобар ноором будани вазъият дар Сугд сафирони сакоиҳоро хуш пазируфта, асирони онҳоро озод кард ва бо онҳо сулҳ баст.
Дар фарҷом қайд намоем, ки ҳангоми Осиёи Миёнаро забт кардани Искандар факат Хоразм тавонист истиқлолияти хешро нигоҳ дорад. Аҷдодони тоҷикон дар зарфи се сол истиқлолияти ватани худро муҳофизат намуда, ба истилогарони Юнону Македонӣ, ки империяи бузург барпо карда буданд, қаҳрамонона мубориза бурданд.
Ниҳоят, зарурият ба ёдоварист, ки дар давоми 10-соли ҷангҳои истилогаронааш Искандар кишварҳои зиёдеро забт карда, як давлати хеле паҳновар ва бузургро офарид. Ба ҳайати империяи у ба гайр аз ватани аҷдодиаш Македония ва Юнон қариб тамоми империяи Ҳахоманишиён, яъне Осиёи Хурд, Сурия, Миср, Эрон, Порт, Сугд, Бохтар, шимолу гарби Ҳиндустон дохил мешуданд. Қаламрави давлати Искандар дар Осиёи Миёна нисбат ба қаламравии давлати Ҳахоманишиён каме хурдтар буда, ба он Хоразм, сарзамини массагетҳо ва сакоиҳои саҳронишин дохил намешуданд.
30
' ;,1гпри шашум
Осиёи У\№-ет ..- :> -„айати дзвлати Селевкиён
Нақша:

  1. Марги Искандар ва авҷи муборизаи ворисони ӯ барои хокимияти олӣ.

  2. Поягузории давлати Селевкиён ва фаъолияти он.

  3. Пурзӯр гардидани истисмор ва авҷи муборизаи озодихоҳонаи мардуми Ориёно.

  4. Таназзули давлати Селевкиён.

Тобистони соли 327 пеш аз милод Искандар дар шаҳрҳои Осиёи Миёна гарнизон гузошта, бо мақсади истилои Ҳиндустон ба сӯи он равон гардид. Ҳамон сол ба шимолу гарби Ҳиндустон дохил шуд ва як сол дар ин минтақаҳои кӯҳсор, ки халқҳояш эронизабон буданд, ҷанг карда бо душвориҳои зиёд он ҷойҳоро ишғол намуд.
Баҳори соли 326 пеш аз милод Искандар бо лашкараш аз дарёи Ҳинд гузашта ба забти ин водӣ шурӯъ мекунад. Ҳиндуҳо муқобилияти сахт нишон медиҳанд. Лашкари Искандар бо душворӣ ва талафоти зиёд галабаро ба даст дароварда, хеле хаста ва суст мешаванд. Искандар мехост ҷангҳоро барои забти қисматҳои боқимондаи Ҳиндустон идома диҳад, аммо ҷанговарони ӯ, ки аз ҷангҳои пай дар пай ва боронҳои сели тропикӣ хеле беҳолу бемадор шуда буданд, дигар пеш рафтан нахоста талаб карданд, ки онҳоро ба ватанашон баргардонанд. Искандар ба гайр аз қабул кардани талаби онҳо дигар чорае надошт. Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 325 то милод аз назди шаҳри Қарочй бозгашти лашкари Искандар аз ҷанги 10-сола ба ватан сар шуд. Аввали соли 324 пеш аз милод нахустин дастаҳои ҷанговарони Искандар ба Бобул расиданд. Искандар Бобулро ватани пойтахти давлати навбунёди худ қарор дода буд.
Ин шоҳи ҷаҳонгир 13-уми июни соли 323 пеш аз милод дар сини 33-солагиаш баъди касалии кӯтоҳмуддат аз ҷаҳон чашм пӯшид. Шубҳае нест, ки агар Искандар хеле ҷавон аз дунё намерафт, империяи боз ҳам бузургтару тавонотар барпо мекард. Дар давоми 10-соли ҳукмрониаш, ки пурра дар ҷангҳои забткорона гузаштанд, ӯ худро чун лашкаркаши ҷасуру боистеъдод ва шоҳи сиёсатшинос нишон дод. Аммо ба Искандар амалӣ кардани орзу ва мақсадҳояш насиб нагардид.
Баъди марги Искандар дар байни сарлашкарони бонуфузи ӯ барои ба даст овардани ҳокимият муборизаи дуру дароз ва хеле шадид сар мешавад. Соли 321 пеш аз милод дар анҷумани сарлашкарон Антигон -шоҳи тамоми Осиё, Селевк - шоҳи Бобул, Филипп - ҳокими Порт ва Стасанор - ҳокими Бохтару Сугд таъин мешаванд. Бо вуҷуди ахду
31
паймон дар ин анҷуман дар байни сарлашкарон ҳосил шуда, муборизаи байни онҳо ҳамоно идома меёбад.
Соли 315 то милод Антигон, ки ҳоқимии Бобулро ба ӯҳда дршт, аз вазифааш маҳрум мешавад. Соли 312 Селевк бо дастгирии шоҳи Миср Птолемей ба Бобул ҳуҷум карда, онро ишгол мекунаду ҳокимияти худро дар он ҷо аз аз нав барқарор ва мустаҳкам менамояд. Ҳамин тавр, соли 312 давлати Селевкиён ба вуҷуд меояд. Соли 306 пеш аз милод Селевк ба Шарқ лашкар кашида Гиркония, Порт, Сугд ва Бохтарро ишғол мекунад. Ниҳоят соли 305 ё 304 то милод Селевк худро шоҳи Сурия ва Эрону Осиёи Миёна эълон мекунад.
Бояд гуфт, ки муборизаи дуру дарози сарлашкарони Искандар барои ҳокимият соли 301 ба охир мерасад. Дар натиҷа, се давлати мустақил - Македония ва Юнони ба он тобеъ, Мисри Птоломейкиҳо, ки Сурияи ҷанубй ва як қисми Осиёи Хурд низ ба он дохил мешуд ва давлати Селевкиён тақсим мешавад. Қисмати аз ҳама бузурги собиқ империяи Искандари Македонӣ ба дасти Селевкиён мегузарад, ки ба ҳайати он Шимоли Сурия, Байнаннаҳрайн, Бобул, як қисми Осиёи Хурд, тамоми Эрон, Порт, Бохтар ва Сугд дохил мешуданд.
Минтақаҳои Осиёи Миёна қисми муҳими давлати Селевкиёнро ташкил мекарданд ва онҳо ба ин минтақа аҳамияти махсус медоданд. Баъди ин минтақаҳоро ишгол кардан Селевкиён бо мақсади устувор кардани ҳокимияти худ шаҳрҳои нав бунёд карда, юнониёну македониёнро ҷойгир мекарданд. Ё ин ки бинобар аҳамияти махсус доштани минтақаҳои шарқӣ соли 293 то милод Селевки 1 писараш Антиохро, ки вориси тахт буд, дар ин ҷо ҷойнишини худ таъин мекунад. Маҳз Антиохро ба ин вазифа таъин кардани Селевк тасодуф набуд. Селевки 1 соли 324 то милод дар шаҳри Шуш (Суз) бо розигии Искандари Македонй духтари Спитамени Суғдӣ Апамаро ба занӣ гирифта буд. Антиохи 1 писари Селевк ва ҳамин Апама буд. Яъне Антиох аз тарафи модараш суғдӣ буд. Селевк ва Антиох Апамаро хеле ҳурмату эҳтиром мекарданд ва ба номи ӯ шаҳрҳоро номида буданд. Яке аз сабабҳои зҳтиром дар он буд, ки Апама аз авлоди Ҳахоманишиён буд ва ин сулола дар байни мардумони Эронӣ ва Селевкиён, ки худро вориси сиёсии он мешумориданд, обрӯи хеле калон дошт.
Антиохи 1 аз соли 293 то 280 пеш аз милод ҷойнишини падараш дар Шарқи мамлакат (Осиёи Миёна) буд. Соли 280 баъди вафоти падараш Антиох ба тахти гаоҳй нишаст. Дар давраи ҳукмронии Антиохи 1 (соли 280-260) ва Антиохи П (260-245) Селевкиён бинобар доимо машғули ҷанг будан бо Птоломейҳои Миср, имконияти ҷиддии машғул шуданро бо корҳои атрапияҳои Осиёи Миёна надоштанд. Дар ин минтақа масъалаҳои муҳиме ба вуҷуд омада буданд, ки дахолат ва ёрии ҳукумати марказиро талаб мекарданд. Аз як тараф, хавфи ҳуҷуми
32
қабилаҳои кӯчй пайдо шуда буд ва аз тарафи дигар, андозҳое, ки аз сатрапияҳои Осиёи Миёна гирифта мешуданд, дар ҷангҳо бо Птоломейҳои Миср сарф шуда, барои ободй ва ҳалли масъалаҳои дигари маҳаллӣ истифода бурда намешуданд. Сатрапияҳои Шарқӣ бинобар фазои беҷангу нисбатан ороми сиёсй аз ҷиҳати иқтисодӣ нерӯманд гашта буданд.
Сабабҳои зикршуда дар якҷоягӣ боиси қувват гирифтани нерӯҳои марказгурез ва истиқлолиятхоҳ гардиданд. Сатрапияҳои Осиёи Миёна мехостанд мустақил амал карда, омадро аз андоз соҳиб шаванд ва барой ободонии минтақаҳои худ истифода баранд. Барои онҳо ҷанги Селевкиён бо Птоломейҳо чандон аҳамият надошта, оромй ва пешрафти минтақаҳои худашон бештар аҳамият дошт. Аз вазъияти ба амал омада истифода бурда, ҳокими аз ҷониби Селевкиён таъиншудак Бохтар Диодот соли 250 пеш аз милод ин сатрапияро давлати мустақил ва худро шоҳи он эълон мекунад. Тахмин дар ҳамон солҳо Порт низ аз итоати Селевкиён мебарояд.
Хулоса, бо сабаби авҷ гирифтани ҳаракатҳои истиқлолхоҳй ва зиддиселевкӣ дар солҳои 60-50 асри III пеш аз милод Селевкиён аз Осиёи Миёна маҳрум гардиданд.
33
Гуфтори ҳафтум Давлатҳои Юнону Бохтар ва Порт
Нақша:

  1. Пайдоиш ва давраҳои аввали давлатхои Юнону Бохтар ва Порт (Парфия).

  2. Ривоҷу равнақи давлаатҳои Юнону Бохтар ва Порт (Парфня).

  3. Таназзул ва фурӯпошии давлатҳои Юнону Бохтар ва Порт.

Вилояти Бохтар дар ду тарафи болооб ва миенаоби Амударё ҷойгир буда, дар шимол бо Сугд, дар ғарб бо Арея ва Маргиён, дар ҷанубу шарқ бо Ҳиндустон ҳамсарҳад буд. Дар шимол ҳудуди он то қаторкӯҳҳои Ҳисор ва дар ҷануб то кӯҳҳои Ҳиндукуш мерасид. Пойтахти ин кишвар шаҳри Бохтар (Балхи асримиёнагй) будааст.
Баъди марги Искандари Македонй Бохтар ба ҳайати давлати Селевкиён дохил мешавад. Соли 256 пеш аз милод, вақге ки бародарон Селевки П ва Антиохи Гиеркас саргарми мубориза барои тоҷу тахт буданд, сатрапи аз ҷониби Селевкиён таъин шудаи Бохтар Диодот шӯриш бардошта, ин мамлакатро мустақил оа худро шоҳи он эълон мекунад. Тахмин дар ҳамон солҳо Порт ҳам аз итоати Селевкиён мебарояд. Ҳамин тавр, Бохтар аз ҳайати давлати Селевкиён баромада мустақил мешавад. "***
Калимаи юнонӣ ёа номи он барои он илова карда шудааст, ки сулолаи ҳукмрон юнониён буданд ва дар тамаддуни он омили юнонӣ нақши калон дошт.
Баръакси Порт дар Бохтар юнониён ҳокимияти сиёсиро дар дасти худ нигоҳ медоштанд. Дар воқеъ истиқлолияти Бохтар аз Селевкиён барои аҳолии маҳаллй низ манфиатҳои муайяни сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта, пеш аз ҳама, онҳоро аз тобеъияти дутарафа ба ҳокимони Юнони Бохтар ва Селевкиён озод мекард ва имконият медод, ки дар идораи давлат бештар ва фаъолтар иштирок кунанд. Акнун сарватҳои кишварро, ки пеш дар шакли хироҷ ба хазинаи Селевкиён ворид мепгуд, метавонистанд барои эҳтиёҷи худи Бохтар ва тараққӣ додани он истифода баранд.
Дар бораи шӯриши Бохтариён бо сардории Диодоти юнонӣ сухан ронда як нуқтаро ҳам бояд қайд намуд, ки ин шӯриш танҳо характери зидди селевкиро гирифта, ҳанӯз характери зидди юнониро нагирифта буд. Сабаб он буд, ки қувваҳои низомии Селевкиён хеле зиёд буд ва онҳо нисбати мардуми маҳаллӣ бедодгариҳо зоҳир менамуданд.
Наздикии соли 230 қабл аз милод Диодоти 1 вафот кард. Сипас подшоҳон Диодоти П, Эвтидем, Деметрий, Эвкратид ва дигарон, ки баромади юнонӣ доштанд, салтанат меронанд.

34
Дар замони ҳукмронии Эвтидем (235-200 п.м.) ба ҳайати давлати Юнону Бохтар ба гайр аз Бохтар боз Суғд, Арея (вилояти Хироти асримиёнагӣ) ва Маргиён (Марви асримиёнагӣ) барин ноҳияҳои бойтарини- Осиёи Миёна дохил мешуданд. Эвтидем мехост, ки иқтидори иқтисодии давлати худро пурзӯр намояд ва доираи ҳукмронии худро васеъ кунад. Бинобар ин ӯ ба забт намудани Ҳиндустон шурӯъ менамоад, вале ин корро писараш Демитрий (200-167 қабл аз милод) анҷом медиҳад.
Пеш аз ба Хиндустон ҳуҷум намудан Демитрий дар идоракунии давлат ж қатор йслоҳотҳо гузаронид. Масалан, дар дохили давлат якчанд вилоятҳо ташкил намуда, мисли Искандари Македонй аъёну ашрофи маҳаллиро ба ҳаёти сиёсии мамлакат ҷалб намуд. У ният дошт , ки бо ин роҳ ба муттаҳидшавии онҳо халал расонад. Дар натиҷаи низоъҳои асилзодагони юнонй соли 167 қабл аз милод Демитрий кушта шуд. Баъд аз ин шоҳигарии Юнону Бохтар ба якчанд ҳокимигариҳои сиёсӣ тақсим гардид.
Дар воқеъ бояд хотирнишон намоем, ки марзи шоҳигарии Юнону Бохтар дар вақти тавоноиаш бузургу паҳновар буда, ба ҳайати он сарзамини Суғд, Афғонистони кунунӣ ва Ҳиндустони шимолу гарбй дохил мешуданд. Хоразм ва Фаргона ҳам ба подшоҳии Юнону Бохтар итоат мекарданд.
Ниҳоят низоъҳои сулолавӣ, ҷангҳои дохилӣ ва берунӣ давлати Юнону Бохтарро сусту заиф гардонд, ки дар натиҷа қисмҳои ҷудогонаи он, ки аз аввал ба ҳамдигар кам алоқаманд буданд, оҳиста-оҳиста аз марказ рӯ мегардонанд. Мана дар ҳамин вазъияти мураккаби дохилй аз шимол қабилаҳои бодиянишин ба давлати Юнону Бохтар ҳамла меоваранд, ки дар натиҷа он аз байн меравад.
Вилояти Порт дар шимолу шарқи Хуросон дар байни Гиркония (Гургони асримиёнагӣ) ва Маргиён (Марв) ҷойгир буд. Он дар шимол бо Деҳистон, дар ҷанубу шарқ бо Хирот ва дар ҷануб бо Сакистон (Сиистон) ҳамсархад буд.
Дар арафаи ташкилшавии давлати Порт сатрагаш он Андрагор ном юноние буд. Дар солҳои 50-и асри Ш пеш аз милод аҳолии маҳалли Порт, ки аз зулму ситами Юнону Македониҳо ба дод омада буданд, шӯриш мебардоранд. Аз ин вазъияти ба амаломада бародарон Аршак ва Тиридат, ки пешвоёни қабилаҳои бодиянишини дахиҳо ва париҳо буданд, истифода бурда ба шӯриш сарварй мекунанд. Қабилаҳои номбаршуда дар шимоли Порт дар наздикии дарёи Таҷан (Туркманистони ҷанубии имрӯза) зиндагӣ мекарданд. Шӯришгарон ба Андрагор ҳуҷум карда, ӯро шикаст медиҳанд ва давлати мустақили Портро ташкил медиҳанд, ки Аршак подшоҳи он мегардад. Дар задухӯрди ба амал омада Андрагор ҳалок мешавад.
35
Воқеан ҳам, сазовори ёдоварист, ки аршакиён аввалин сулолаи эронӣ буданд, ки ба ҳукмронии Юнону македониҳо дар як қисмати калони. Эрони Шарқӣ хотима доданд. Такягоҳи асосии аршакиён қабилаҳои ҷанговар ва озодидӯсти бодиянишини Эронй - дахҳо, париҳо ва аҳолии муқимии кишоварзу шаҳрнишини ин вилоят буданд.
Сулолаи Аршакиёнро дар таърихи асримиёнагии тоҷикӣ (форсй) Ашкониён номидаанд. Яқин аст, ки ном шакли тағйирёфтаи номи Аршакиён аст. Умуман давлати Порт дар таърих бо номҳои шоҳаншоҳии Ашкониён, давлати Парфия ва «Порти бузург» машҳур аст. Ба ҳайати давлати Порт (Парфия) сарзаминҳои қйсматиГҷанубу шарқи баҳри Хазар (Каспий), тамоми Эрон, Байнаннаҳрайн ва Арманистон дохил мешуданд. Давлати Порт наздикии 500 сол арзи ҳастӣ намудааст, яъне аз соли 247 қабл аз милод - 224 милодӣ.
Ҳамин тавр, дар сарзамини тоҷикон, яъне Осиёи Миёна ду давлати нав; Юнону Бохтар ва Порт (Парфия) арзи вуҷуд намуданд.
Чанд сухан дар бораи сохти давлатию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии Юнону Бохтар.
Ба қавли Бобоҷон Ғафуров «дар Осиёи Миёна муносибатҳои гуломдорй он қадар амиқ нашуданд, ки дар олами антиқа (яъне Юнону Рим) шуда буданд. Мувофиқи мулоҳизаи ин донишманд дар ин сарзаминҳо меҳнати гулом, аз ҷумла дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ мавқеи ғайриасосй ва дуюмдараҷа дошт». Дар сарзаминҳои тоҷикон «дар истеҳсолот дар тамоми муддати давраи қадим аҳли ҷамоат роли пешбаранда доштанд ва ин, алалхусус, дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ айён аст».
Идораи давлатии Юнону Бохтар мисли идораи давлатии селевкиён мукаммал ва мутамарказ набуд. Дар сари давлат подшоҳ меистод. Баъзан подшоҳ бо писараш баробар ҳукмронй мекард. Давлат ба сатрапияҳо тақсим шуда буд.
Дар давлати Юнону Бохтар лашкар ва харбиён низ мақоми намоён дошт. Аз ҷумлаи ҳам Юнониён ва ҳам аҳолии маҳаллии Бохтариён ва дигар кабоил чамъ карда мешуданд. Подшоҳон барои мухофизати худ гвардияи шахсӣ низ доштанд. Филҳои ҷангӣ бошанд, кувваи зарбазани лашкарро афзун мекарданд..
Юсган Диодотро «ҳокими ҳазор шаҳри Бохтар» номида буд. Страбон мегӯяд, ки ба Эвкратид 1000 шаҳр тобеъ буд. Ин муаллифон зоҳиран, на хоки худи Бохтар, балки тамоми ҳудуди давлати Юнону Бохтар, аз ҷумла Ҳиндустони шимолиро низ дар назар доштанд ва дар зимни ин рақами «1000» дар ин маврид на ба маънои аслии худ, балки чун муболиға омадааст. Дар айни ҳол, бояд дар назар дошт, ки ин муболиға асос ҳам дорад, яъне дар он давра дар Бохтар шаҳрҳо дар ривоҷу равнақ буданд.
36
. Касбу косибӣ дар ин давра ба муваффакиятҳои намоён ноил гардида буд. Масалан, санъати кулолӣ хеле пеш рафта буд. Ё ин ки бинокорй. Дар хоҷагии қишлоқ ҳам, хеле комёбиҳо ба даст .омад. Дар нн ҷо галладона мекоштаанд, аз ҷумла шолӣ нагз мешудааст, боғу токзорҳо будаанд, чорводорй равнақ доштааст. Ҳам дар Бохтар ва ҳам дар Суғд шабакаи калони каналҳои обёрй вуҷуд дошт. Бохтар обу ҳавои хуб доштааст - ривоят мекунанд муаллифони антиқа. Тиҷорати дохилй ва байналхалқй, алалхусус бо олами эллини (юнонӣ) хеле дар авҷ будааст. Сайёҳон навиштаанд, ки «бохтариён дар савдо ҳамто надоранд».
37
Гуфтори ҳаштум Давлати Кӯшониёни Бузург
Нақша:

  1. Ташкилёбӣ ва давраи аввали шоҳаншоҳии Кӯшонӣ.

  2. Канишка ва равнаку ривоҷи шоҳаншоҳии Кӯшониён. Забти сарзаминҳо.

  3. Пешрафти иқтисодӣ ва маданӣ дар даврони Кӯшониён.

  4. Аз байн рафтани шоҳаншоҳии Кӯшон.

Дар байни солҳои 141-128 то милод қабилаҳои кӯчманчии эронинажод, ки дар сарчашмаҳои хаттии Хитой ЮЕҶ номида шудаанд, ба Бохтар ҳуҷум карда онро ишғол мекунанд. Дар Бохтар ЮЕҶҳо ба панҷ қисм тақсим шуда, панҷ мулки мустақилро ташкил мекунанд. Хулоса, Осиёи Миёнаро дар охири асри П то милод қабилаҳои эронинасли сакой-массагетӣ, ки дар сарҳади шимолӣ ва шимолй-шарқии ин минтақа ва дуртар аз он дар ноҳияҳои дарунии Осиёи Марказй зиндагӣ мекарданд, забт карданд.
Номи яке аз шоҳони кӯшонй, ки дар марҳилаи ташаккулёбии ин давлат ҳукмронӣ кардааст, Ҳерай-Санаб ном доштааст. Дар сиккаҳое, ки бостоншиносон ёфтаанд нимрухи шоҳ тасвир карда шудааст. Симои шоҳ пурра ҳиндуаврупой аст ва ӯ рӯи калону барҷаста, чашмони калони бодомшакл, бинии баланди нӯгаш каме тез, мӯйлаби рост, мӯйсар ва дайҳим (пешонабанди тасмашакли шоҳй) дорад. Қиёфаи ӯ ба эрониёни шарқии саҳронишин мансуб аст. Сурати ин шоҳ мансубияти кӯшониёнро ба гурӯҳи халқҳои эронинасли сакой-массагетй бори дигар тасдиқ менамояд.
Зарурият ба ёдоварист, ки сарчашмаҳои хитоӣ 100 соли ҳукмронии кӯшониёнро дар Бохтар сарфи назар карда, яку якбора доир ба ташкилшавии давлати бузурги Кӯшониён маълумот додаанд. Дар солномаи хитой омадааст: «Пас аз гузаштани каме зиёдтар аз 100 сол шоҳи кӯшонй Куҷула Кадфиз чор шоҳи дигарро тобеъ карда, худро шоҳаншоҳ эълон кард, подшоҳии ӯ Кӯшон ном дошт».
Ин шоҳ тахминан дар охири асри 1 то милод - авали асри 1 милодӣ ҳукмронй кардааст. Ба ақидаи академик Бобоҷон Ғафуров «масъалаи хронологияи Кӯшон, ки олимон сад сол боз бо ҷӯшу хурӯш муҳокима мекунанд, ҳоло ҳам масъалаи дандоншикан аст», яъне то имрӯз муайян кардани солҳои ҳукмронии шоҳони Кӯшониён имконнопазир аст. Яке аз шоҳони Кӯшон, ки давлатро пурқувват кардааст Вима Кадфиз буд, ки қисми шимолу ғарбии Ҳиндустонро забт карда, Пешоварро пойтахти давлат гардонида мамлакатро ба сатрапияҳо тақсим намуд. Яке аз чорабиниҳои муҳими замони ҳукмронии Вима Кадфиз ислоҳоти пулӣ буд, ки дар натиҷаи он сиккаҳои тиллой ба муомилот бароварда
38
мешаванд. Воҳиди асосии пулҳои тиллоӣ динор буда, 8 грамм вазн дошт. Барориши сиккаҳои тиллоиро инкишофи иқтисодиёт, муносибатҳои молй-пулй, тиҷорати дохилй ва байналхалқй талаб мекард. Ин ислоҳот обрӯи сиёсӣ ва мавқеи Кӯшониёнро дар тиҷорати байналхалқӣ хеле мустаҳкам кард. Аз ҷониби дигар маҳз дар давраи хукмронии ин шох сиккаҳои кӯшонӣ ба худ пурра симои миллӣ гарифта, нақшу мусаввара ва навиштаҷоти онҳо шаклу хусусияти устувор пайдо мекуканд.
Канишка (тахминан солҳои 78-123 мнлодй хукмронй кардааст), яке аз подшоҳони машҳуру бузурги Кӯшониён ба шумор меравад. Дар давраи ҳукмронии ӯ дар баробари Бохтар қариб тамоми Осиёи Миёна (Суғд, Хоразм, Чоч) низ ба ҳайати давлати Кӯшониён дохил шуда буд. Дар ин бора бозёфти сиккаҳои ӯ дар минтақаҳои номбаршуда шаҳодат медиҳанд. Ба гайр аз ин Канишка дар Ҳиндустон минтақаҳои нав ба навро ба давлати Кӯшониён ҳамроҳ мекунад (Панҷоб, Кашмир, Синд, Устар-Прадеш ва гайра).
Инчунин Канишка ҳудуди давлати хешро аз ҳисоби Афғонистон ва Туркистони Шарқӣ, вилоятҳои шарқӣ ва шимолии Эрон васеъ менамояд; ба қӯшунҳои Хитой ва давлати Порт якчанд ғалабаҳо ба даст давроварда, дини буддоиро қабул намуда, дар Осиёи Миёна иншоотҳои сершумори дини буддой - дайрҳо, маъбадҳо сохта, дини буддоиро дини давлатӣ ва забони бохтариро забони расмй эълон карда, барои равнаки ҳунармандӣ ва тиҷорат мусоидат намудааст.
Пойтахти аввалин давлати Кӯшон шаҳри Бохтар ва пасини он шаҳри Пешовари Ҳиндустон буд. Ниҳоят солҳои мавҷудияти давлати Кӯшон ба асрҳои 1 пеш аз милод - 1У милодӣ рост меояд. Таърихи мвҷудияти давлати Кӯшониёнро метавон ба се давра тақсим кард:

  1. Аз байн рафтани давлати Юнону Бохтар ва дар он ҷо ба вуҷуд омадани як катор ҳокимигариҳо (охири асри П авали асри 1 милодй);

  2. Давраи ташкилёбй ва шукуфоии шоҳаншоҳии Кӯшониён (аз аввалҳои солшумории мо то нимаи якуми асрк Ш милодй);

  3. Сустшавӣ ва аз байн рафтани шоҳаншохии Кӯшониён (нимаи дуюми асри III охири асри IV).

Сабабҳои аз байн рафтани давлати Кӯшон дар пурзӯр гардидани кувваҳои марказгурез, муқобилияти сиёсию ҳарбии баъзе ҳокимон, гуногун будани ҳайати давлат, дигаргун гаштани ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷамъият аз сулолаҳои хиёниёну кидориён, шикаст хӯрдани Кӯшониён ва дар сиёсати таҷовузкоронаи Сосониён зоҳир мегардид.
Дар давраи Кӯшониён ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии халқҳои Осиёи Миёна хеле пеш рафта буд. Дар ин давра тамоми ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна барои зироаткорй истифода мешуданд. Дар водиҳо ба киштукор (киштукори обй) ва чорводорӣ машғул буданд. Алалхусус техникаи обёрӣ (ирригация) ниҳоят ривоҷ ёфта буд. Масалан, канали
39
қадимаи давраи Кӯшониён дар хоки Тоҷикистон, дар водии Вахш ёфт шуданд. Барои обёрй на фақат оби дарё, балки оби чашмаҳо, ки дар он давра, бешак, хеле бисёр буданд, истифода мешуданд.
Дар ин давра дар шимоли водии Вахш заминҳо асосан аз ҳисоби канали дарёи Вахш об мехӯрданд, вале якчанд манзилҳо, аз ҷумла мавзеи Ҳалқаҷари қарибии шаҳраки Уялй, аз дарё хеле боло ҷой гирифта буд, ки ҳозир ба он ҷо фақат бо насос об мебароранд. Дар замони Кӯшониён тамоми заминҳои ин манзилҳо аз оби чашмаҳои кӯҳӣ шодоб буданд. Дар ноҳияҳои доманаи кӯҳҳо ва дар кӯҳистон лалмикорй низ расм буд. Дар давраи Кӯшониён саросари водии Зарафшони боло то Мастчоҳи ҳозира аз худ шуда буд.
Ҳамин тавр, зироаткорӣ на танҳо дар водиҳо, балки дар ноҳияҳои кӯҳистон ҳам паҳн гардида буд. Омочу оҳани ҷуфтгарй низ дар ҳамон айём пайдо шуда буд. Ҳаёти шаҳрҳо то андозае тағйир ёфта буд. Онҳо ҳар чӣ бештар ба марказҳои маъмурӣ, ҳунармандӣ ва савдо табдил меёфтанд (маданй ҳам).
Савдои дохилӣ ва байналхалқӣ ҳам дар замони Кӯшониён хеле ривоҷ ёфта буд. «Роҳи бузурги абрешим (ё шоҳивор) ба Хитой ва Ҳиндустон аз ҳудуди давлати Кӯшониён мегузашт. Савдогарони кӯшонй ба тамоми корҳои савдои дохилӣ ва берунӣ, яъне савдои байни мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб сарварӣ мекарданд. Кӯшониён барои ривоҷ додани савдо ба римиҳо пайравӣ карда ба истеҳсоли тангаҳои тиллоӣ гузаштанд, ки онҳо роли валютаи байналхалқиро мебозиданд.
Молҳои асосии савдо шоҳивор, мӯинаи назди Урал, оҳан, газвор, лоҷуварди Бадахшон, сангҳои қимматбаҳо, маснуоти гуногуни ҳунармандӣ, гуломон ва гайраҳо буданд. Тараққиёти зироатчигй, ривоҷёбии шаҳрҳо ва нашъунамои ҳунармандию тиҷорат шоҳиди барҷастаи комёбиҳои ҳаёти хоҷагии Осиёи Миёна мебошанд, ки ба равнақи маданият кӯмак мерасонданд.
Дар асрҳои якуми милод санъат хеле тараққӣ карда буд. Деворҳои бинои мӯҳташам нақшу нигор карда мешуданд. Дар пешгоҳи ин биноҳо ҳайкалҳои худоҳо ва қаҳрамонҳо гузошта мешуданд.
Халқҳои Осиёи Миёна дар ин давра бо забонҳои гуногун гап мезаданд, ки онҳо ба гурӯҳи забонҳои эронӣ дохил мешаванд. Хат дар вилоятҳои гуногун (дар ҷануби Тоҷикистон, Хоразм, ҷануби Туркманистон ва водии Зарафшон) гуногун буд. Дар ҷануби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон намунаҳои хате ёфт шудаанд, ки бо алифбои юнонй асос ёфтааст. Қадимтарин ёдгориҳои хати сугдӣ низ маълуманд.
Дар Осиёи Миёна дар ин давра дини ягона набуд. Аз тарафи ҷануб, дар Ҳиндустон буддизм таъсир дошт. Аз Ғарб ба воситаи Эрон ба Осиёи Миёна таблиготчиёни дини насронӣ меомаданд. Қисми асосии аҳолй ба дини зардушт эътиқод дошт, оташ ва қувваҳои табиатро мепарастиданд.
40
Гуфтори нуҳум Шоҳаншоҳии Сосониён
Нақша:

  1. Бунёдгузори шоҳаншоҳии Сосонӣ. Ардашери Бобакони Сосоиӣ.

  2. Сабабҳо ва оқибатҳои рақобати Сосониён ва Ҳайтолиён.

  3. Дар аҳди Хусрави 1 Анӯшервон ба авҷи тараққиёти худ расидани шоҳаншоҳии Сосонӣ.

  4. Суқути шоҳаншоҳйи Сосонӣ.

Дар ибтидои асри Ш милодӣ дар натиҷаи ҷангҳои дурударозу пуртаҳлука ва низоъву хархашаҳои дохилӣ давлати машҳури Порт завол ёфт. Дар авали соли 220 милодӣ ҳукмрони вилояти Истахр (дар Форс) Ардашери 1 Бобакони Сосонй (бобои Ардашери Бобакон Сосон коҳили маъбади Анаҳит буд - номи сулола аз ҳамин ҷост) ҳокими тамоми минтақаҳои Форс гардид.
Ардашери 1 ба муқобили шоҳаншоҳи Ашкониён Артабони У (213-224) ҷангҳои қудратталабона бурд, ки солҳои 221-224 идома дошт. Ва ниҳоят соли 224 милодӣ байни аскарони Артабони У ва Ардашери 1 ҷангҳои хунине рух дод, ки дар он қувваҳои ҳарбии Портҳо шикаст хӯрда, Артабони V кушта шуд. Бо марги ӯ шоҳаншоҳии Ашкониён, ки дар таърих бо номҳои давлатӣ Порти бузург, Парфия ва шоҳаншоҳии Ашкониён машҳур аст, аз байн рафт ва дар харобаҳои он шоҳаншоҳии Сосониён ташкйл ёфт. Пойтахт - Тайсафун ҳам ба Ардашер таслим шуд. Ҳамин тавр, давлате таъсис ёфт, ки дар тамоми Эрон вусъат дошт ва аз ҷиҳати ҳарбй хеле пурқувват буд.
Ҳамзамон Ардашер қисмати шимолии Байнаннаҳрайн, Сурия, Арманистон, Сакистон (Сиистон) ва қисман Хуросонро тасхир карда, то соли 224 саросари сарзамини Эронро ба ҳайати шоҳаншоҳии навташкили Сосониён дохил намуд ва як қатор ислоҳотҳо ҳам гузаронид: молиявӣ, ҳарбӣ, ҳудудию идорй.
Дар аҳди ворисони Ардашери 1 Бобакони Сосонӣ Шопури 1 (241-272) ва Шопури П (309-379) давлати Сосониён хеле қувват гирифта, дар Шарқу Ғарб дар чандин муҳорибаҳо (аз ҷумла, аз болои императорони Рим) голиб омада, ҳудуди шоҳаншоҳиро хеле васеъ карданд. Баъди Шопури П шоҳаншоҳии Сосониёнро якчанд подшоҳони сустирода идора карданд. Масалан, муборизаҳо бо ҳайтолиён, ки тақрибан як аср давом кард, бо шикасти Сосониён ва бо марги шоҳаншоҳи ноӯҳдабг рс Пирӯз (459-484) анҷом ёфт. Сосониён хироҷгузори Ҳайтолиён гардиданд. Инчунин тамоми қисмати шарқии музофоти Мовароуннаҳр ба Ҳайтолиён гузашт.
Ин шикасти мудҳиш аҳолии Эронро ба воҳима андохт, «ҳатто дар айёми амонй касе набуд, ки ҷасурона ва нотарсона ба ҳайтолй нигарад
41
ва агар номи ҳайтолиро шунавад, ҳатто ба ларза меомад. Ҳамин тавр, Эрони Сосонӣ, ки борҳо ба таги пои вай императорҳои магрури Рим . сар мондаанд, дар оҳирҳои асри V фақат. аз номи кӯчманчиёни. бадҳайбати Осиёи Миёна ба ларза меомаду боҷ медод.
Бояд гуфт, ки шоҳаншоҳии Сосониён фақат дар замони ҳукмронии Хусрави 1 Анӯшервон (531-579) ба авҷи иқтидори худ мерасад. Хусрави 1 ҳатто мулки Яманро дар нимҷазираи Арабистон тасхир намуда, ба туркҳо иттифоқи ҳарбию сиёсй баста, солҳои 563-567 давлати ҳайтолиёнро шикаст дода қисмати ҷанубии Варазруд, яъне Осиёи Миёнаи имрӯза, аз ҷумла Тоҷикистони ҷанубй, вйлояти Сурхандарёи Узбекистон ва Туркманистони ҷанубиро ба ҳайати шоҳаншоҳии Сосониён ҳамроҳ менамояд.
Вале минбаъд низоъҳои сиёсй шоҳаншоҳи Сосониёнро суст намуд. Эрони сосониро бӯҳрони амиқи ҳокимият фаро гирифт. Солҳои 628-632, яъне дар муддати чор сол зиёда аз 11 нафар подшоҳ ба тахти шоҳаншоҳии Сосониён нишаст.
Ахиран Яздигурди Ш (632-651) кӯшиш намуд, ки нуфузи қуввахои марказгурезро суст карда, Эронро аз хавфи парокандашавй раҳо намояд. Вале чангҳои дурудароз бо румиҳо, туркҳо, хазарҳо бо арабҳои бадавй, низоъҳои сулолавӣ барои ҳокимият (тоҷу тахт), зулму ситами иҷтимой ва динӣ иқтидори мудофиавию сиёсӣ ва иқтисодии Эронро суст гардонида шоҳаншоҳии Сосониёнро ба ҳолати нестшавй оварда расониданд. Аз ин сабаб Эрониён ҳамлаҳои муташаккилонаи арабҳоро боздошта натавонистанд ва дар натиҷа шоҳаншоҳии Сосониён аз байн рафт.
Дар фарҷом мехостем, баъзе лаҳзаҳои ҷолиби диққати таърихи пурғановати Сосониёнро ёдовар шавем: аввалан, Сосониён сулолаи Эронии тоисломй буда, аз соли 224 то 651-уми милодӣ, яъне 427 сол дар Шарқи Наздику Миёна ҳукмронй кардаанд. Онҳо аз ҳавзаи таърихии Форс бархоста, худро вориси бевоситаи Ҳахоманишиён муаррифй намуда, ба ин васила пайванди ногустании Эрони қадимаро бо Эрони ибтидои асримиёнагӣ ба вучуд оварданд. Дар замони Сосониён ваҳдати сиёсии Эроншаҳр таъмин гардида, якчанд равандҳои ҷолибе зуҳур карданд, ки онҳо таърихи ин давраро хеле пурҷило менамоянд.
Якум аз асри Ш сар карда дар Эрон муносибатҳои феодалӣ тадриҷан ташаккул ёфтанд, ки ин дар навбати худ қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ, таркиби иҷтимоии аҳолӣ, вазъи дин ва фарҳанг, инчунин муносибатҳои иқтисодии ҷомеаи Сосониро комилан тағйир дод;
Дуюм, дар фарқият аз замони Ашкониён (247 пеш аз милод- 224 милод) дар ин давра мақоми ҳокимияти марказии Сосониён дар Эрон
42
устувор гардида, қувваҳои хонадонҳои маҳаллӣ таъсири қувваҳои марказгурез ва истиқлолхоҳ хеле суст гардид;
Сеюм, нуфузи дини зардуштӣ дар ҷомеаи Сосонӣ баланд гардида, ба дарадаи дини расмии давлатии Эрон расида, мақоми рӯҳониёни зардуштӣ афзуд, ҳокимият дар ду поя-дин ва марказият асос гирифт. Бесабаб нест, ки ба асосгузори давлат Ардашери 1 Бобакон фармудаи «Тахт мояи меҳроб асту меҳроб пояи давлат»-ро нисбат медиҳанд.
Боз нуқгаи хеле ҷолиб он аст, ки раванди ташаккули халқи тоҷик дар ҳазораи авали қарни мо дар доираи давлати Сосониён сурат гарифтааст, ки он раванд дар замони Сомониён баГанҷом мерасад.
Зарурият ба ёдоварист, ки намояндагони зиёди Оли Сосон афроди хушмаълумоти бомаданият, дӯстдори илму фарҳанг буданд. Барои инкишофи ҳунармандии шаҳрӣ ва кишоварзӣ мусоидат намуда, ба ин тариқа, иқтисоди мамлакатро мустаҳкам мекарданд. Гули сари сабади дарбори шоҳони Сосонӣ шоирону олимон, ромишгарону рассомон буданд. Яке аз шахсони мӯътабари дарбори Сосониён ромишгари бузург Борбади Марвазй буд, ки 1400-солагии зодрӯзашро соли 1990 ботантана ҷашн гирифтем.
Дар замони Сосониён матнҳои китоби бузурги хираду вуҷудоти зардуштиён «Авасто» ҷамъ оварда шудаанд, ки пиндори нек, кирдори нек, рафтори нек пайвандгари дӯстӣ ва сулҳу салоҳ буд. Дар замони Сосониён фароҳамоварӣ ва таргиби таърих, ҳамоса (достонҳои қаҳрамонй) маданияту адабиёт асотири ҳамаи халқҳои қадими эронинажод - форсу портҳо, суғдиён, бохтариён, тахористониён ва дигарҳо сурат гирифт.
Дар ин давра асоси ташаккули забони адабии имрӯза - форсии дарӣ ҷараён пайдо карда буд. Дар таркиби давлати Сосониён давраи аввали ташаккули халқи муосири тоҷик сурат мегирифт. Шаҳрҳои Бухорою Самарқанд, Хуҷанду Марв, Балху Хирот ва бисёр дигар шаҳрҳо гаҳвораи ташаккули халқи тоҷик, маданият, забони форсии дарӣ макони давлатдории форсию тоҷикӣ ба шумор мерафтанд.
43
Гуфтори даҳум Ҳайтолиён - аввалин давлати феодалӣ дар Осиёи Миёна
Нақша:

  1. Ҳайтолиён ва ҷомеаи онҳо.

  2. Таъсиси давлати Ҳайтолиён.

  3. Нашъунамо ва шикасти давлати Ҳайтолиён.

Ҳайтолиён қабилаи мугулшакл, вале эронизабон буданд. Аз рӯи он ки дар манбаъҳо - Ҳайтолиён ҳама вақт дар вобастагтГ бо Марв, Бомиён, Ҳироту Фарҷистон, Кобулу Зобулистон, Балху Бухоро, Хатлону Бадахшон, Чағониён ва гайра тавсиф шудаанд, мо метавонем онҳоро сулола ва қавми ориёй, яъне ниёгони тоҷикони имрӯза гӯем. Онҳо қавми аз Туркистони Щарқӣ, соҳилҳои баҳри Арал ё поёноби Сайхунрӯд пайдошуда набуда, бажи автахтаи (буми)-и Бадахшону Тахористон мебошанд, яъне онҳо пасмондагони (тахористони) тахориёну эронинажоданд (ховаршиносони аврупоӣ бештар истилоҳи «эфталит» ва таърихнависони Шарқ бошанд, аксаран шакли тоҷикии«Ҳайтолро» ба кор мебаранд. Вожаи «ҳайтол» маънии марди қавӣ, ҷасуру диловарро дорад).
Мувофиқи сарчашмаҳои хитоӣ Ҳайтолиён бодиянишонанд. Ба қавли муаррихи Византия Кесарийский Ҳайтолиён барзгарони водиҳои ҳосилхез буданд. Ин масъала тадқиқоти минбаъдаро талаб мекунад.
Дар ахбори муаррихи арман Лазар Парбский, ки ба соли 450 нисбат дорад «Кишвари Хайтолиён» номбар шудааст. Вале вақти ташкилёбии давлати Ҳайтолиён то ҳанӯз номаълум аст. Фақат ҳаминаш маълум ки Ҳайтолиён соли 456 ба Чин сафорати худро фиристодаанд. Мувофиқи гуфтаи Табарӣ соли 457 Пирӯз барои аз дасти бародараш кашида гирифтани тахт ба подшоҳи Ҳайтолиён муроҷиат кардааст. Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки дар миёнаҳои асри У ядрои асосии давлати Ҳайтолиён ташкил ёфта будааст ва онҳо аз ҳамин вақт Сар карда ба истилои мамлакатҳои ҳамсоя шурӯъ намуда будаанд. Ҳамин тавр, дар миёнаҳои асри У милодӣ нахустин давлати феодалии тоҷикон - Ҳайтолиён арзи вуҷуд намуда буд.
Соли 457 подшоҳи Ҳайтолиён Вахшунвар Балху Бадахшон ва Тахористону Чағониён (Тоҷикистони Марказию Ҷанубй, водии Сурхандарё ва ғайра)-ро тобеъ мекунад. Дар солҳои 467-480 Суғд ҳам ба ҳайати давлати Ҳайтолиён дохил карда мешавад. Баъди ин онҳо ба тасхири Туркистони Шарқӣ шурӯъ намуданд. Онҳо байни солҳои 479-509 ноҳияҳои Турфон, Урумчй ва Хутану Қашгарро забт намуданд. Яъне дар ибтидои асри У1 Ҳайтолиён ба тамоми Туркистони Шарқй соҳиб шуданд. Ғайр аз ин, Ҳайтолиён дар ҷануб чанд мулкҳои навро
44
дабт карданд. Масалан, дар нимаи дуюми асри У Афгонистон ва андак сонитар Ҳиндустони Шимолиро тасхир намуданд.
Инак, Ҳайтолиён империяи бузургеро ташкил мекунанд, ки ба ҳайати он Осиёи Миёна, Ҳиндустони Шимолӣ, Туркистони Шарқӣ, Афгонистон ва баъзе вилоятҳои Эрони Шарқӣ дохил мешуданд. Хулоса, Ҳайтолиён давлати ниҳоят калоне ба вуҷуд оварданд, ки андозаи он аз андозаи давлати Кушон ҳам калонтар буд..
Бояд хотиррасон намуд, ки қабилаҳои бодиянишини Хиёниёну Кидориён ва сонитар Ҳайтолиён бо Эрони Сосонй ҷангҳои пай дар пай мебурданд. Дар" аҳди шоҳаншоҳии Сосониён Пирӯз (459-484) муборизаи зидди Ҳайтолиён ба авҷи аълои худ расид. Пирӯз зидди Ҳайтолиён се бор ҷангидааст. Ҷанги якум бо ҳамин анҷом ёфтааст, ки зай асир меафтаду шоҳи Византия пули бисёр дода ҷони ӯро харида, аз асорат озод мекунад.
Пас аз муддате Пирӯз боз ҷанг сар мекунаду боз асир меафтад. Ин дафъз Пирӯз ваъда медиҳад, ки дигар аз сарҳади Ҳайтолиён нахоҳад гузашт ва мебоист товони ниҳоят калон - 30 хачир танга диҳад. Хазина, ки дар натиҷаи ҷангҳо холй шуда буд, ин микдор пул надошт. Пируз фақат як қисми онро дод ва писарашро ба гарав монда, ба ҳар ҳол аз асорат раҳоӣ ёфт.
Лекин Пирӯз Ҳайтолиёнро фиреб медиҳад ва ин боиси ҷанги сеюм мешавад. Гап дар ин ки Пирӯз ба Ҳайтолиён таклиф кардааст, ки муоҳидаи сулҳ банданд ва чун гарави софу покии нияти худ ба подшоҳи онҳо духтареро ба занӣ додаасту гуфтааст, ки ин духтар ба вай хоҳар мешавад. Духтар ба дарбори шоҳи Ҳайтолиён меояду қаллобии Пирӯзро фош мекунад, яъне хоҳар не, балки канизи вай аст.
Шоҳи Ҳайтолиён аз ин найранги Пирӯз дар ғазаб шуда, бо нияти қасос аз Пирӯз талаб мекунад, ки ба ихтиёри вай муаллимони илми ҳарбӣ фиристад, зеро вай лашкари калон дораду аммо сарлашкарони пуртаҷриба надорад. Вақте ки муаллимрн ба ихтиёри подшоҳи Ҳайтолиён омаданд (Пирӯз 300 эронии наҷибро фиристода буд), Ҳайтолиён як қисми онҳоро гӯшу биниву забон бурида сар доданду боқимондаҳоро куштанд. Инак, боз ҷанг сар шуд, ки ин ҷанги сеюм буд ва дар ин ҷанг Пирӯз бешарафона ҳалок шуд. Дар бораи ҷанги сеюм Табарӣ, Диноварӣ ва дигар муаррихон накдҳои аҷоиб доранд.
«Дар ин муборизаи зидди Ҳайтолиён Пирӯз ва бисёре аз лашкари вай ба хандақҳое, ки махсус дар сари роҳи онхо канда шуда, рӯи онҳоро барои номаълум шудан пӯшонида буданд, афтиданду кушта шуданд. Ҳайтолиён тамоми Хуросонро тасхир намуданд».
«Пирӯз ба хандақ афтода, банд мешавад. Ӯро бо санг зада мекушанд ва тамоми қароргоҳи вай, духтараш, мӯъбади пираш, занҳояш ва сарваташ ба дасти Ҳайтолиён меафтад».
45
Ин шикасти мудҳиш аҳолии Эронро ба воҳима андохт. «Ҳатто дар айёми амонӣ касе набуд, ки ҷасурона ва нотарсона ба ҳайтолӣ нигарад ва агар номи ҳайтолиро шунавад, ҳатто ба ларза мермад».
Зиёда аз ин як форси наҷиб, ба шароите, ки дар Эрон баъди Пирӯзро торумор кардани Ҳайтолиён ба вуҷуд омада буд, чунин баҳо додааст: «Пирӯз меҳани ин қадар аъзаму ин қадар мустақили Моро чунон бандаи Ҳайтолиён сохт, ки то мулки ориён (Эрон) вуҷуд дорад аз ин бандагии пурғусса раҳоӣ намеёбад».
Дар асри VI дур аз ҳудуди Осиёи Миёна дар Олтой зери унвони Ҳоқонии турк (солҳои 551-744) иттиҳоди давлатие пайдо шуд, ки дар таърихи Осиёи Миёна роли муҳим бозид. Туркҳо мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Шимоли Хитойро тасхир намуданд. Сипас рӯ ба Ғарб ба Осиёи Миёна ҳам тохтутози худро оғоз менамоянд. Дар охири асри VII ва миёнаи асри VIII арабҳо ноҳияҳои асосии Осиёи Миёнаро ишгол намуда, ҳукмронии сиёсии туркҳоро дар ин кишвар аз байн бардоштанд.
Ҳанӯз, вақте ки туркҳо ба Осиёи Миёна сар медароварданд, бояд бо Ҳайтолиён дучор меомаданд ва задухӯрди онҳо ногузир мегардид. Вазъияти Ҳайтолиён барои ҳамин ҳам мушкил буд, ки онҳо дар байни ду оташ монданд, ки яке туркҳо буданду дигаре Эрони Сосонй. Эрон маҳз дар ҳамин давра, яъне дар аҳди Хисрави Анӯшервон (солҳои 531-579) комилан ташаккул ёфта, иқтидори он хеле афзуд ва ба Ҳайтолиён дигар боҷ ҳам намедод.
Ҳанӯз дар солҳои 50-уми асри У1 дар шимоли Осиёи Миёна туркҳо ба Ҳайтолиён дучор омаданд. Аз афти кор, Ҳайтолиён гумон накарданд, ки бо чй гуна душмани тавоно рӯбарӯ шуданд. Ҳайтолиён ҳатто ба ҳуҷум гузашта туркҳоро пеш карданӣ мешаванд. Ҷанг аз афти кор бо баъзе танаффус хеле тӯл мекашад. Хисрави Анӯшервон бо туркҳо гуфтушунид мекунад, ки мақсад аз он таъсиси иттифоқе буд, ки бояд Ҳайтолиёнро барҳам медод. Инак, Ҳайтолиён маҷбур буданд, ки амалан бар зидди ду душмани муқтадир биҷанганд. Дар ин ҷанги шадид, пеш аз ҳама сокинони шаҳру деҳот зарар медиданд.
Ҷанубтарин ноҳияҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон дар тасарруфи Эрони Сосонй ва ноҳияҳои шимолӣ дар ихтиёри туркҳо монд. Байни онҳо сарҳади муайян набуд ва баъзе маҳалҳои (ҳатто ноҳияҳои) мобайнӣ маҷбур мешуданд, ки якборй ба ду тараф боҷ диҳанд.
Ҳайтолиёни водии Зарафшон ба туркҳо боҷ медод. Ҳайтолиёни ҷанубии Осиёи Миёна муддате мустақилона ҳаёт ба сар бурдаанд. Вале мувофиқи ривояти Масъудӣ, Хусрави Анӯшервон зоҳиран бо баҳонае ба ноҳияҳои паси «дарёи Балх», яъне Амударё лашкар дароварда, то ба Хатлон расид, шоҳи Ҳайтолиён кушта шуд ва Хисрав мулки ӯро ба мамлакати худ ҳамроҳ кард.
46
Ҳамин тавр, давлати Ҳайтолиён мавҷудияти худро қатъ карду «сипас туркҳо мулки Ҳайтолиёнро ба горат бурданд ва ба авлодҳо қирон.омад».
Ҳамин _ ки давлати Ҳайтолиён барҳам хӯрд, байни собиқ иттифоқчиён низоъ хест, ки сабаби асосиаш зиддиятҳои иқтисодии онҳо буд. Аммо сарфи назар ба ин Ҳайтолиён дар таърихи Осиёи Миёна роли муҳим бозиданд. Маҳз онҳо тавонистанд дар Шарқ на фақат пеши роҳи ӯрдуи Сосониёни Эронро гиранд, балки ба шоҳони кӯшонй зарбаи ҳалокатовар зананд.
Парчами дастаи Ҳайтолиён дар дашту саҳрои Эрон ҷавлон мезад, ба шоҳи Ҳайтолиён вобаста буд, ки ин ё он одам дар Эрон шоҳаншоҳ мешавад ё не ва дар вақташ бурда супоридани боҷ яке аз вазифаҳои муҳими бисёр шоҳони Эрон буд (ҳукуматҳои Эрон буд).
Халқҳои Закавказе, ки дар зери асорати Сосониён буданд, низ қомат афканданду зидди зулми Сосониён алангаи муборизаро боло хезонданд.
Ниҳоят, Ҳайтолиён дар этногенези Ҳиндустон, Афгонистон ва, алалхусус Осиёи Миёна роли муҳим бозиданд. Дар замони Ҳайтолиён муносибатҳои феодалӣ ба вуҷуд омада, тадриҷан инкишоф меёбад.
4?
Гуфтори ёздаҳум Ҳоқонии Турк ва афзудани нуфузи он дар Осиёи Миёна (асрҳои У1-УП)
Нақша:

  1. Таъсисёбии Ҳоқонии турк ва афзудани он дар Осиёи Миёна.

  2. Иттифоқи ҳарбии Сосониёну Туркҳо алайҳи Ҳайтолй ва оқибатҳои он.

  3. Низои Туркҳо ва Сосониён оиди тиҷорат.

Дар солҳои 30-юми асри У1 дар Олтой ва Сибири Ҷанубй бо номи' Ҳоқонии Турк (551-744) иттиҳоди давлатие пайдо шуд, ки баъдтар дар тақдири таърихии халқҳои Варазруд нақши муҳим бозид. Туркҳо худро «тюрк» ва Сугдиёну Форсҳо бошанд, эшонро «турк» мегуфтанд.
Соли 551 сарвари иттиҳоди туркҳо - Бумин унвони «Ҳоқон», яъне ҳоким, ҳукмдорро гирифта, дар Осиёи Марказӣ империяи нав -Ҳоқонати Туркро бо тахтгоҳаш дар Олтой асос мегузорад. Дар як муддати кӯтоҳ қабилаҳои турк бо ҳам муттаҳид шуда, ба тасхири сарзаминҳо шурӯъ намуда, дар Ғарб то Баҳри Сиёҳ рафта мерасанд. Дар натиҷа дар харитаи геополитикии ҷаҳони ибтидоии асримиёнагӣ империяи бениҳоят калони кӯчманчиён пайдо мешавад, ки аз худи Корея то соҳили Баҳри Сиёҳ масоҳати азимеро фаро мегирифт. Чин аз сарзаминҳои Шимолии хеш маҳрум шуда, амалан вассали (тобеи) туркҳо гардида, ҳар сол ба онҳо ба андозаи сад ҳазор тӯп матои шоҳӣ хироҷ пардохт мекард. Империяҳои муқтадири Византия ва Эрони Сосонӣ аз мавҷи туркон ба ҳарос меафтиданд.
То соли 555 туркҳо қисми воҳаҳои Туркистони Шарқӣ, шаҳрҳои пурсарвати соҳили Сайхунрӯд ва соҳили Баҳри Аралро забт карда, ба Ҳайтолиён рӯ ба рӯ мешаванд. Туркҳо ҳавзаҳои муҳими стратегии Варазрӯд - Ҳафгрӯду Хоразм, Чочу Кеш ва Нахшабро тасхир намуда, дар Иттиҳоди ҳарбй бо Сосониён дар солҳои 563-567 давлати Ҳайтолиёнро барҳам дода, ба ҳокимияти сиёсии Варазруд соҳиб мешаванд.
Баъди заволи давлати Ҳайтолиён вазъи ҳарбию сиёсии Варазруд тагйир ёфт. Ноҳияҳои Ҷануби Варазруд, аз ҷумла воҳаҳои имрӯзаи ҷануби Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон дар тасарруфи Эрон ва ноҳияҳои Шимолии Варазруд дар ихтиёри Туркҳо монд.
Байни онҳо сарҳади муайян набуд ва мушаххасан маълум ҳам набуд, ки воҳаҳои сарҳадӣ ба кадоме аз ин давлатҳо боҷ медиҳанд. Ин вазъият сабабгори боз ҳам тезу тунд гардидани муносибатҳои байни Эрони Сосонӣ ва Ҳоқонии Турк гардид.
Соли 589 нерӯи аскарии туркҳо бо сардории Совашоҳ ба мулкҳои Хуросонии Сосониён зада даромаданд. Лашкари туркҳо аз рӯди Ҷайҳун гузашта Тахористонро қисман ишғол карда, то Ҳирот ва Балх
48
рафта расиданд. Сарлашкари эронӣ Баҳроми Чӯбина ба қароргоҳи лашкари туркҳо зада даромада туркҳоро шикаст медиҳад. Онҳо роҳи гурезро пеш гирифтанд. Сипас,. туркҳо аскари нав ҷамъ карда ба муқобили Баҳроми Чӯбина ҷангиданд, вале ягон тараф комилан пирӯз намегарданд ва дар соҳили рӯди Ҷайҳун дар наздикии Тирмиз байни Сосониён ва туркҳо созишномаи сулҳ баста мешавад.
Бояд гуфт, ки Ҳоқонии Турк аз сабаби давлати хеле калони номутамарказ буданаш, соли 603 амалан ба ду давлати мустақил -Ҳоқонии Шарқии Турк ва Ҳоқонии Ғарбии Турк тақсим шуда, Варазруд, Ҷунгария ва як қисми Туркистони Шарқӣ ба ҳайати Ҳоқонии Ғарбии Турк дохил шуданд. Ҳоқон Туншаху (618-630) солй 618 ислоҳоти идорию ҳудудй гузаронида, барои назорат дар назди ҳокимони маҳаллӣ намояндагони шахсии худро таъин кард. Ҳоқон ҳукмронии сиёсии худро дар Варазруд мустаҳкам кард. Яъне нуфузи Ҳоқонии Турк дар Осиёи Миёна меафзуд. Дар ин давра, дар аксари вилоятҳо волиёни турк ё худ туркнажод ҳукмронӣ мекарданд.
Баъди вафоти Туншаху соли 630 низою кашмакашиҳо сар заданд, ки аҳолии Варазруд ҳам аз ин бархӯрдҳои ҳарбй зарари калон медиданд. Муборизаи дохилӣ рафта-рафта Ҳоқонии Туркро хароб гардонид. Ҳоқонии Турк бо вуҷуди масоҳати беандоза калон доштанаш, давлати марказияттноки нерӯманд набуд. Асоси онро иттифоқи ҳарбии қабилаҳои туркӣ, ки аз халқиятҳои зердасти муқимии сатҳи зиндагӣ ва ҳаёти фарҳангиашон хеле паст буд, ташкил медод. Номувозинатии сатҳи зиндагй, фарҳангиву маънавият, ҷангҳои пай дар пай Ҳоқонии Туркро суст карда, Варазрудро ба парокандагии сиёсӣоварда расонд.
Аз ин ҷост, ки саёҳатчии чинй Сюан Сан, ки соли 630 ба воситаи Осиёи Миёна ба Ҳиндустон сафар карда буд, дар мулки Сугд ва Тахористон ноҳияҳо ва ҳокимони зиёди мустақилро номбар карда парокандагии мулкро қайд мекунад. Дар лаҳзаи ба хоки кунунии Тоҷикистон дохил шудани арабҳо дар ин сарзамин микдори зиёди мулкҳои мустақил ва ниммустақил вуҷуд доштанд.
Ниҳоят дар охири асри УП ва миёни асри УШ арабҳо ноҳияҳои асосии Осиёи Миёнаро ишгол карда, ҳукмронии сиёсии туркҳоро дар ин кишвар аз байн бардоштанд.
Ҳамин ки давлати Ҳайтолиён барҳам дода шуд, байни собиқ иттифоқчиён (Эрони Сосонӣ ва Ҳоқонии Турк) низоъ хест. Сабаб на манфиатҳои сиёсии тарафайн, балки зиддияти иқтисодии онҳо буд, ки онро низои туркҳо ва сосониён меноманд...
Тавре ки маълум аст, дар давраи Кӯшониён аз Осиёи Миёна роҳҳои тиҷорат, аз чумла «роҳи абрешим» мегузашт, ки Осиёи Марказӣ ва Римро ба ҳам мепайваст. Баъдтар кирмакпарварӣ ва шоҳибофӣ дар худи осиёи Миёна ривоҷ меёбад. Дар Ғарб истеҳсоли шоҳӣ умуман
49
вуҷуд надошт, бинобар ҳамин ҳам империяи Византия ва Рим на фақат нигарони шоҳие буданд, ки аз Осиёи Марказӣ ва Миёна оварда мешуд, ва, зимнан дар ин савдо форс миёнаравӣ меқарданд.
Византиҳо чанд бор кӯшиданд, ки бевосита аз Ҳиндустон шоҳй гиранду дар ин кор ба форсҳо мӯҳтоҷ набошанд, вале кӯшишҳо натиҷа надоданд, зеро ки Эрон ба ин кор зид буд.
Форсҳо аз миёнаравии худ пули ниҳоят калон мегирифтанд5 бинобар ҳамин онҳо аз як тараф намемонданд, ки
Византия бевосита ба фурӯшандагони абрешим робита дошта бошанд, ва аз тарафи дигар, чӣ қадар хоҳанд, ҳамон қадар нархи молро боло мебардоштанд. Бояд гуфт, ки дар миёнаҳои асри У1 тухми кирмак ба Византия ҳам оварда шуд, вале барои таракқии саноати шоҳӣ вақти тӯлоние лозим буд.
Суғдиён, ки худашон шоҳибофй мекарданду бо абрешимфурӯшо: бевосита алоқа доштанд, дар барориши савдои Осиёи Миёнаву Византия беш аз ҳама манфиатдор буданд. Роҳи қулайтарини савдо аз Эрон мегузашт, вале маҳз дар ҳамин ҷо манфиати савдогарони Форс ва Суғд бо ҳам дучор омад.
Бо маслиҳати Ҳоқонии Турк суғдиён бо сардории «сарварашон» Монияҳ ба Эрон сафорат фиристода донистанй мешаванд, ки оё шоҳиро аз хоки Эрон гузаронида ба Византия ба фурӯш бурдан, ё худ ақалан бо худи савдогарони Форс шоҳӣ оварда, фурӯхтан имкон дорад ёне?
Сафорати Монияҳ натиҷа надод. Шоҳ Хусрави Анӯшервон баҳона ёфт, ки ба Эрон омадани туркҳо мувофиқи мақсад нест, бинобар ҳамин тамоми таклифҳои ҳайати сафоратро рад кард, тамоми абрешими суғдиёнро хариду баъд дар пеши чашми онҳо ҳамаашро сӯхта партофт.
50
Гуфтори дувоздаҳум Зуҳури ислом ва ташкилёбии Хилофати Араб
Нақша:

  1. Нимҷазираи Арабистон дар арафаи зуҳури ислом.

  2. Пайдоиш ва интишори ислом. Муҳаммад (с) ва шахсияти ӯ.

  3. Таъсиси Хилофати Араб. Шикасти шоҳаншоҳии Сосонӣ.

Дини ислом дар асри УП дар нимҷазираи Арабистон ба вуҷуд омадааст ва дар ҷаҳони муосир яке аз динҳои бонуфузи афзоянда ба ҳисоб меравад. Пайравони дини ислом дар саросари дунё зиёда аз 1,4 миллиард нафарро ташкил медиҳанд.
Ислом, ки ба маънӣ итоат, таслим, фармонбардорй аст, яке аз динҳои яктопарастӣ ба шумор меравад. Аз рӯи анъанаи динӣ асосгузори он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (570-632), яъне ҳазрати Муҳаммад пайғамбар эътироф гардидааст. Сабаби асосии пайдоиши дини ислом пеш аз ҳама дар барқарор шудани ҷамъияти синфй ва сурат гирифтани раванди муттаҳидшавии қабилаҳои араб зоҳир мегардад.
Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар шаҳри Макка ба таълимоти динӣ оғоз намуда, мардумро ба тавҳид даъват мекард. Мардуми араб тадриҷан исломро напазируфтанд ва дар давраи «хулафои рашиддин» дини ислом ба Шарку Ғарб паҳн шуда ба дини ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Дар соли 622-уми милодӣ ҳазрати Муҳаммад бо пайравонаш аз шаҳри Макка ба Ясриб (Мадина) ҳиҷрат карданд ва аз ҳамон сол мабдаи таърихи ислом қабул шуда, солшумории ҳиҷрии мусулмонй оғоз гардид.
Азбаски дар исломи ибтидоӣ гояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарй, накӯкорй, адолатпарварӣ, шафқату эҳтироми якдигар таргибу талқин гардида буд. Мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронй ҳам онро писандида ба худ қабул карданд. Асоси манбаъхои ғоявии ислом, қабл аз ҳама динҳои яҳудӣ, масеҳият, динҳои қадимаи қабилаҳои араб, зардуштия ва монавия мебошанд.
Асоси таълимоти дини исломро бошад, китоби «Қуръон» ташкил медиҳад. «Қуръон» аз 114 сура (боб) иборат буда, барои мусулмонон китоби муқаддас ҳисоб мешавад. Китоби «Куръон» пояи дини ислом аст ва ҳамон мақомеро дорад, ки «Таврот» дар назари яҳудиён, «Инҷил» дар назари масеҳиён ва «Авасто» дар назари зардуштиён.
Пас аз вафоти ҳазрати Муҳаммад (632) миёни гурӯҳҳои мусулмонон ихтилоф ба вуҷуд омад ва ин боиси пайдоиши равияи шиа (аҳли ташаюн) ва суннӣ (аҳли тасаннун) гардид. Ҳамин тавр, мусулмонон ба ду шохаи асосӣ - суннимазҳабон ва шиамазҳабон ҷудо шуданд. Дар навбати аҳли суннӣ дар доираи илми фиқҳи исломй
51
(ҳуқуқ) боз ба мазҳабҳои моликия, шофеия, ҳанбалия, ҳанафия ҷудо шуданд.
Мазҳаби мардуми Осиёи Миёна ҳанафия мебошад, ки асосгузораш Абӯҳанифа (699-764) ба ҳисоб меравад ва ӯро бо эҳтиром имоми Аъзам ҳам меноманд. Шиамазҳабон низ аз асри УШ ба имомиҳо ва исмоилиҳо ҷудо шуданд. Ғайр аз ин, дар ислом фирқаҳои мӯътазила, кдрматия, ваҳхрбия, тасаввуф, хориҷия ва гайра вуҷуд доранд.
Аркони дини ислом аз калимаи шаҳодат, намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ иборат мебошанд. Аҳкоми асосии ислом аз эътирофи Оллоҳ ҳамчун Худои ягона ва Муҳаммад расули он дар рӯи замин, бақои нафс, мавҷудияти дузахту биҳишт, нузули «Қуръон» ва гайра иборатанд.
Пайравони равияи суннӣ дар қатори «Қуръон» суннат ё ҳадисро муқаддас медонанд, аҳли шиа бошанд, ба ҷои суннат ахборро эътироф доранд.
Чунон ки зикр шуд, зуҳур ва инкишофи дини ислом, ки қабилаҳои арабро ба ҳам муттаҳид кард, ба ташкили Хилофати Араб зич алоқаманд аст, зеро халифаҳои араб, ки ҳамзамон роҳбари олии дин ва ҳам сарвари давлат ҳисоб мешуданд, дини исломро дар кишварҳои забткардаашон ҷорӣ карданд. Дини исломдар Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳам, ки дар асрҳои УП-УШ ба асорати Хилофати Араб афтоданд, низ ба ҳамин роҳ ҷорӣ карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳуҷумҳои ғоратгаронаи арабҳо асосан пас аз даргузашти Муҳаммад пайгамбар соли 632 ва пас аз пуриқтидор гардидани давлати теократии Хилофати Араб сар зад. Давлати навтаъсисро нахуст, халифаҳо, яъне ҷонишинони пайгамбар -«Хулафои рошиддин»: Абӯбакри Сидциқ (632-634, Умар-ал-Хаттоб (634-644), Усмон ибни Афон (644-656), Алӣ ибни Абӯтолиб (656-661), дуюм, намояндагони сулолаи Умавиён (661-750) ва ниҳоят, халифаҳо аз хонадони Аббосиён (750-1258) идора кардаанд.
Ташаккули Хилофати Араб аслан дар замони салтанати «Хулафои рошиддин», яъне «Халифаҳои чаҳоргона» анҷом ёфта, сарзаминҳои беканори Шому Фаластин, Миср ва Эрон ҳам, асосан аз ҷониби арабҳо дар ҳамин давра тасхир карда шуд. Арабҳо дар зери ливои дини ислом ба муқобили мардуми ғайримусалмон, яъне кофирон ҷангҳои муқаддас, яъне «ҷиҳод» ва газавот эълон намуда, дар як вақт ба муқобили ду давлати пуриқтидори он давра - Империяи Византия (Рум) ва шоҳаншоҳии Эрони Сосонӣ ба ҷанг даромаданд.
Охирин шоҳаншоҳи Сосониён Яздигурди Ш (632-651) бо вуҷуди кӯшишу талошҳои фаровон мардуми Эроншаҳрро ба муқобили нерӯи ҷангии арабҳо бархезонида натавонист. Дар натиҷа дар якчанд муҳорибаҳои тақдирсоз, махсусан дар ҷангҳои Қаддисия (637), Ҳулвон (637), Наҳованд (642) ва Кирмон (649) арабҳо тамоми қувваҳои муттаҳидаи ҷангии Сосониёнро торумор карда, соли 651 маркази
52
Хуросон - шаҳри Марвро тасхир намуданд, ки ин амалан маънии забти ҳама сарзамини Эроншаҳрро дошт.
Ниҳоят, соли 651 бо марги шоҳаншоҳ Яздигурди Ш давлати Эрони Сосонй ҳам расман барҳам хӯрд ва арабҳо ба марзи Осиёи Миёна наздик шуда, барои тасхири ин сарзамин омодагӣ гирифтанд, вале ҷангҳои дохилй дар Хилофати Араб, ки ахиран сулолаи Умавиёнро ба сари ҳокимят овард, раванди забти ин сарзаминро андаке ба таъхир андохт.
53
Гуфтори сенздаҳум Забти Осиёи Миёиа аз чониби истилогарони Араб
Нақша:
1. Давраҳои асосии лашкаркашиҳои Араб ба Хуросон ва Вароруд
(Мовароуннаҳр).
а) давраи аввал: тохтутозҳои ҷудогона ва ғоратгарона;
б) давраи дуввум ва асосии лашкаркашиҳои Араб.
2. Интишори ислом дар Мовароуннаҳр.
Бархӯрду амалиётҳои ҷангии арабҳоро дар Хуросону Вароруд (ки баъди лашкаркашиҳои араб номи Мовароуннаҳр, яъне «сарзамини паси рӯд» - аслан тарҷумаи арабии Варорудро гирифт) ба се марҳила тақсим кардан мумкин аст:
Марҳилаи якум, солҳои 644-704-умро дар бар мегирад. Дар ин марҳила арабҳо аввал Хуросонро пурра тасхир намуда, ба мулк-давлатҳои ҷудогонаи Мовароуннаҳр якчанд ҳамлаҳои горатгарона мекунанд, вале ин ҷангҳо бештар характери инкишофй ва ғоратгарона доштанд. Ба ҳар ҳол, дар ин марҳила Хуросон ҳамчун ҷузъи таркибии Хилофати Араб қабул шуда, шаҳри Марв маркази он мегардад ва акнун волиёни Хуросонро аз ҳисоби ашрофони араб худи халифа ба кор таъин мекард, ки он «амири Хуросон» унвон дошт.
Марҳилаи дуюм, солҳои 705-715-умро дар бар мегирад. Ин давра ба ҷангҳои пуршиддати арабҳо ва муқовимати сахти мулк-давлатҳои ҷудогона ва ниҳоят забти пурраи сарзамини Мовароуннаҳр аз ҷониби арабҳо рост меояд.
Марҳилаи сеюм, солҳои 715-822-юмро фаро мегирад. Ин замони паҳншавии дини ислом, шиддат ёфтани сиёсати мустамликавии арабҳо, муқовимати сахти халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон алайҳи истилогарони араб, ниҳоят, таъсиси давлатҳои миллй ва истиқлолият пайдо кардани халқҳои ин сарзамин аст.
Чунончи зикр шуд, бо суқути шоҳаншоҳии Сосониён ва бо тасхири шаҳри Марв дар соли 651 амалан амалиётҳои ҷангии арабҳо барои тасхири Варазрӯд шурӯъ шуд. Дар ин марҳила арабҳо зиёда аз ҳафт маротиба рӯди Ҷайҳунро убур карда, шаҳру вилоятҳои ҷудогонаи Мовароуннаҳрро горат намуда, одамонро асир гирифта, ба Марв баргаштанд. Ҳамин тавре ки дар боло гуфтем, ҳуҷумҳои арабҳо дар Мовароуннаҳр бештар характери инкишофӣ (тохтутозҳои) номунтазам, стихиявй ва ғоратгарона дошт. Дар ин марҳила ҳадафи асосии арабҳо шинос шудан ба ин сарзамин буд.
Марҳилаи дуюми ҳуҷуми арабҳо дар Мовароуннаҳр аз соли 705 сар шуда, то соли 715 давом мекунад ва дар ин давра асосан ин сарзамин пурра забт карда мешавад. Соли 704 яке аз сарлашкарони шуҷоъ,
54
серғайрат ва маккори араб Кутайба ибни Муслим (704-715) амйри Хуросон таъин мешавад. Соли 705 Қутайба вилояти Балхро забт кард ва вилояти Чагониён бе ҷанг таслим шуд. Бо ҳамин давраи дуюми забткориҳои арабҳо дар Мовароуннаҳр огоз ёфт.
Соли 706 Қутайба бо лашкари зиёд аз рӯди Ҷайҳун гузашта ба Бухоро ҳамла овард. Қутайба аввал шаҳри қадимаю ободи Мовароуннаҳр - Пайкандро ба муҳосира гирифт. Маъмулан ин шаҳрро шаҳри бозаргонон меномиданд. Дар вақти ҳамлаи арабҳо аксари мардони шаҳр дар кишварҳои хориҷӣ ба тиҷорат машгул буданд, аз ин сабаб дар шаҳр кувваи ҳарбӣ чандон зиёд набуд. Бо вуҷуди ин пайкандиҳо дар якҷоягй бо қувваҳои ҳарбии Сугд ва дигар вилоятҳо, ки ба ёрӣ омада буданд, ба муқобии арабҳо сахт ҷангида қаҳрамонй зоҳир намуданд. Муҳосираи Пайканд 50 рӯз давом кард. Қутайба бо душворӣ шаҳрро ба даст дароварда, аҳолии онро нобуд кард. Сипас дар шаҳр қувваи ҳарбӣ гузошта, ба тарафи Бухоро лашкар кашид. Вале ӯ панҷ фарсах, яъне 30 км дур нарафта, аҳли Пайканд шӯриш карданд ва арабҳои дар он ҷо истодаро ба қатл расониданд. Қутайба аз роҳ баргашт ва Пайкандро дубора ишғол карда, онро тамоман ба харобазор табдил дода, ҳамаи мардонро кушта занону кӯдаконро ба ғуломй дод.
Баъди фоҷиаи Пайканд ихшиди Суғди Самарқанд - Тархун, ҳокими Бухоро-Бухорхудот ва малики Шопурком иттиҳоди сиёсӣ ташкил карда, бо қувваи ҳарбии худ дар якҷоягӣ бо 40 ҳазор лашкари Ҳоқони Турк барои зарба задан ба арабҳо дар байни шаҳрҳои Торобу Ромитан ҷамъ мешаванд. Нерӯи иттифоқчиён қӯшуни арабҳоро ба муҳосира мегиранд. Аҳволи Қутайба хеле танг мешавад. Барои халосӣ Қутайба роҳи фиребро пеш мегирад. У пинҳонй ба назди Тархун, ки дар байни иттифоқчиён таъсири калон дошт ҷосус фиристода мегӯяд:
... «туркони ба ёрй омада мужи туро тасхир карданӣ ҳастанд, бинобар ин инҳо интизори баргаштани арабҳо ба Марв мебошанд.
Мо, арабҳо фасли гармо дар ин ҷо мемонем, акнун ҳаво ҳам хунук мешавад, вақти он расидааст, ки баргардем. Чун мо рафтем, туркон ин боғи ирами биҳиштосоро партофта ба Туркистон намераванд. Мероси ту аз даст рафтааст, вале ту аз ин хабар надорӣ».
Бо ин васила Қутайба ихшиди Сугдро аз туркон ва турконро аз ихшиди Суғд бадгумон карда, дар байни онҳо нифоқ андохта ҷони худро халос кард. Баъди ин иғвогарии маккорона ихшиди Суғд Тархун дар зери хавф монда, бо Қутайба ба иттифоқ омада, ба ӯ боигарии зиёде дода, аз майдони ҷанг баромада рафт. Ба ин васила Қутайба қувваи иттифоқчиёнро суст гардонида, аз болои ҳокимони мулк -давлатҳои Мовароуннаҳр паи ҳам галаба кард. Бухоро ҳам таслим шуд. Қутайба Бухорхудот-Туғшодаро волии Бухоро ва яке аз наздикони худро амири он таъин кард. Амир кори Бухорхудотро
55
назорат карда, аскарони дар Бухоро ҷойгирифтаро сарварӣ намуда, инчунин аз аҳолии маҳаллӣ андоз рӯёнда ба хазинаи Хилофати Араб бурда мерасонд. Бино ба ривояти Наршахй аҳолии Бухоро ними ҳавлӣ ва манзилашонро ба аскарон ва муҳоҷирони араб холӣ карда медоданд, оташкадаи зардуштиёнро, ки дар маркази шаҳри Бухоро қомат афрӯхта буд, ба масҷиди ҷомеаи мусулмонон табдил медиҳад.
Соли 710 Қутайба Шумону Аҳорун ва Нахшабу Кешро забт карда, барои ҳуҷум ба Сугди Самарқанд омодагии ҳарбй гирифт, вале фурсати муносибе барои тасхири Хоразм ба вуҷуд омад. Ҷангу ҷидоли шоҳ Чагон ва бародараш Хуршод ба Қутайба имконият дод, ки ба корҳои онҳо дахолат карда, Хоразмро (711) ба вилояти боҷдиҳандаи Хилофати Араб мубаддал намояд.
Ниҳоят, соли 712 Қутайба бо лашкари муттаҳидаи арабҳо, кӯшунҳои маликони Бухоро ва Хоразм ногаҳон ба Самарқанд ҳуҷум мекунад. Дар ин давра ихшид Тархун бо сабаби бо арабҳо дар иттифоқ буданаш аз тахт дур карда шуда, ба ҷои он Ғурак (709-738) ихшиди Сугд ва афшини Самарқанд шуда буд. Ғурак арбоби машҳури давлатӣ, сиёсатмадор ва ватанпарасти замони худ буд, ҳарчанд муборизаи ӯ баҳри ҳифозати Сугд характери умумихалқиро нагирифт, вале ӯ тавонист, ки дар лаҳзаҳои муайян ба муқобили Араб муташаккилона ҷангад. Ғурак дар маҳалли Робинҷон, ки байни Каттакӯргон ва Кармина ҷойгир аст, ҷанги пуршиддате бо арабҳо мекунад, вале бо сабаби кам будани қувваи ҳарбӣ ва ба ёрӣ наомадани иттифоқчиён (Ҳокимони Чоч, Фаргона ва дигарон) ба Самарқанд ақибнишинй менамояд.
Бояд гуфт, ки дар мубориза барои ишголи Самарқанд ҷанговарони бухорӣ ва хоразмӣ ҳамроҳи арабҳо меҷангиданд. Ин манзараи мудҳишро дида Ғурак дар ғазаб ба Қутайба хитоб мекунад: «Ту бо ман бо дасти бародарони ман ва аҳли хонадони ман ҷангида истодай. Канӣ арабҳоро танҳо ба муқобили ман гузор ва маро бевосита бо арабҳо рӯбарӯ намо». Ин хитоби Ғурак ҳангоми муҳорибаи шадид садо медиҳад. Сугдиён як моҳ шаҳрро қаҳрамонона мудофиа мекунанд. Онҳо аз шаҳр берун баромада, беамон ҷангида ба арабҳо талафоти калон мерасонанд, вале ахиран Самарқанд таслим мешавад.
Мувофиқи муоҳидаи сулҳ, ки байни Суғдиён ва Арабҳо баста шуд, ихшид Ғурак бояд ба арабҳо якбора ду ҳазор дирҳам, ҳар сол бошад дусад ҳазор дирҳам ва сӣ ҳазор гулом дода дар шаҳр ягон нафар сарбоз нигоҳ надорад. Ба ҷои оташкадаи зардуштӣ масҷиди ҷомеи мусулмонӣ бунёд намуда, бутҳоро ҳам ба арабҳо супорад. Ба ивази ҳамаи ин Қутайба Ғуракро ихпщци Самарканду Кеш ва Нахшаб таъин менамояд. Ғурак амалан васл, яъне тобеи арабҳо мешавад.
Дар солҳои 703-715 Қутайба водш! Чоч (пойтахташ шаҳри Бинокат), водии Уструшана, Хучанд, Канд ва Косонро забт менамояд.
56
Соли 714 Қутайба ба Исфиҷоб лашкар кашида, он ҷоро низ забт менамоад ва то ба Қошгар мерасад. Ниҳоят соли 715 ба Фаргона ҳамла оварда, ин водиро низ пурра тасхир мекунад. Бо. забти Фаргона марҳилаи ҳуҷумҳои истилогарони араб анҷом меёбад.
Ёдовар шавем, ки соли 738 Хуттал ҳам аз тарафи арабҳо забт карда мешавад. Хулоса, то миёнаҳои асри УШ Осиёи Миёна пурра аз тарафи арабҳо забт гардида, дини ислом ҷорй карда мешавад ва арабҳо бештар аз дусад сол дар Осиёи Миёна ҳукмронӣ мекунанд.

Download 1,67 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   20




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish