Мавзу:№8. Терроризм ва экстремизм падидаи хатарзодатарин дар
ҷомеаи башарӣ.
Нақша :
1. Ду намуди терроризм.
2. Терроризм душмани сулҳу тараққиёт аст.
Чуноне аз сарчашмаҳои илмии муосир бармеояд, дар масъалаи тафсиру
таҳлили мафҳуми "терроризм" ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад ва ҳар муҳаққиқ
ин падидаро вобаста аз нуқтаи назар ва дидгоҳи худ таҳлил ва
тафсир
намудааст.Дар ин замина пеш аз ҳама бояд маънои луғавии калимаи
"терроризм" мавриди омӯзиш қарор гирад.Калимаи "террор" (teror) аз забони
лотинӣ гирифта шуда ,маънояш тарс,даҳшат мебошад.
Дар ҳақиқат пеш аз ҳама амалҳои террористӣ, хусусияти зӯроварӣ
,маҷбурсозӣ ,таҳдидкунандагӣ ва даҳшатафканиро доранд.Ҳар як террорист бо
роҳи тарсондан ,фароҳам овардани муҳити тарсу ҳарос ва даҳшатафканиро
мақсади асосии расидан ба ҳадафҳои хеш қарор медиҳад.Бо назардошти хавфи
ҷамъиятӣ ва даҳшатнокии амалҳои террористӣ ,зидди иҷтимоию зидди инсонӣ
будани он терроризмро ҳамчун феномени ( маън.калимаи
феномен-филос
,хирқ;хориқа) ҷамъиятӣ ,ки истифодабарии зиддиҳуқуқии қувва ва таҳдидро
ба хотири тарсонидани рақибон ва расидан ба ҳадафҳои хеш асос медонад
,тасниф кардан мумкин аст.
Ду намуди терроризм вуҷуд дорад:
1).Терроризми инфиродӣ (шахси танҳо)
2).Муташаккили гурӯҳӣ
Ҷомеаи башарӣ дар марҳилаи муосири рушди худ ба раванду ҳодисаҳои
зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст.Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ
моҳияту хусусиятҳои асосии оламро мураттаб гардонида натавонанд ҳам ,дар
инкишофи таърихии халқҳо ,кишварҳо ва минтақаҳои гуногун таъсири назарас
мебахшанд.Дар ин радиф ҷараёни терроризми сиёсӣ аз ҳамаи дигар ҷараёнҳои
дигаре ки хусусияти глобали доранд,хатарноктар мебошанд.Онҳо доираи васеи
кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта ,ба ҳодисаи мудҳиши
умумибашарӣ табдил ёфтаанд.Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми
васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд.Ҳанӯз аз замонҳои қадим қувваҳои гуногуни
сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ,ки барои ҳокимият талош доштанд,даст ба зӯрӣ
,даҳшатафканӣ ва тарсонидани одамон мезаданд ва террорҳо ҳамчун
воситаи
мубориза бар зидди рақибони хеш истифода мебурданд , аз ин лиҳоз терроризм
дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав нестанд.Мисол ,дар асрҳои
миёна як қатор кишварҳои Аврупоӣ терроризм ҳамчун шакли махсуси
муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти динӣ
мақоми махсус пайдо намуда буд.Чуноне, ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни
олам нишон медиҳанд ,дар ҳамаи давру замонҳо нерӯҳои иртиҷоиву
экстремистӣ барои нобуд намудани рақибон ва расидан ба мақсадҳои сиёсии
худ аз террор ба таври васеъ истифода мебурданд.
Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё
ташкилоти террористиро
муайян намудан номумкин аст.Зеро иттиҳодияи зиёде мавҷуданд ки ҳадафҳо
ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд.Аммо ташкилоти калонтарини
террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои
террористӣ даст мезананд.Дар ин миён алахусус ташкилоти экстремистиву
террористии Ал-қоида,Ҳизб ут таҳрир Толибон ва ТЭТ ҲНИ -ро зикр кардан
мумкин аст,ки саркардагони онҳо барои расидан ба ҳадафҳо ва ғаразҳои
сиёсии худ бо шиорҳои авомфиребона ҳазорон ҷавонони ноогоҳро ба доми худ
афканда ,аз онҳо "манқурт"месозанд ва то имрӯз таввасути онҳо ҳазорон нафар
одамонро қатли ом кардаанд.Дар айни замон тамоми қувваҳои
зиддитеррористии ҷаҳон асосан баҳри несту нобуд кардани ин гуна ташкилоти
террористӣ ва экстремистӣ сафарбар карда шудаанд.Тибқи маълумот амалиёти
терроризми байналхалқӣ тақрибан 5-10 фоизи амалҳои террористии
ҷиноятиро ташкил медиҳанд.Аз соли 1976 то соли 1996 ба ҳисоби миёна аз 330
то 670 амалиёти террористии байналхалқӣ рух додааст.Шумораи қурбониёни
амалҳои террористи рӯз аз рӯз меафзояд.Сатҳи мудҳишият ва ваҳшоният авҷ
мегирад.Фақат дар солҳои 1994 ва 1995 мутаносибан 423 ва 440 нафар одамон
қурбони амалҳои террористӣ гаштаанд.Қонуни ҷумҳурияти Ӯзбекистон "Дар
бораи мубориза бар зидди терроризм "31 декабри соли 2000 бо мақсади ба
тартиб андохтани муносибатҳо барои пешгири мубориза бар зидди роҳи
терроризм ,ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва амнияти давлат аз терроризми ҳудудӣ
,ҳифзи сулҳу устуворӣ ва ризомандӣ миллӣ қабул шудааст.
Дар қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода шудааст.
Гаравгон
шахсе мебошад,ки аз ҷониби террорист бо мақсади маҷбур
кардани мақомоти давлатӣ ва маъмурият ,ташкилотҳои байналмилалӣ ва
шахсони алоҳида маҷбур карда шудааст,ки ҳама ҳама гуна амалро ҳамчун
шарти озод кардани шахси боздоштшуда ё боздоштшуда ба даст орад.
ТЕРРОРИСТ-шахсе мебошад ,ки ба фаъолияти террористӣ ҷалб шудааст.