|
Нисбат ба рисолаи дипломии донишҷӯи курси чоруми шӯъбаи рӯзонаи ихтисос 1-24. 01
|
Sana | 21.02.2022 | Hajmi | 21,58 Kb. | | #77899 | Turi | Диплом |
| Bog'liq ТАҚРИЗ БА РИСОЛАИ ДИПЛОМӢ
Тақриз
Нисбат ба рисолаи дипломии донишҷӯи курси чоруми шӯъбаи рӯзонаи ихтисос 1-24.01.02 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мараҷабов Аъзамҷон Азизович дар мавзӯи “Шаклҳои таъсиррасонии назорати прокурорӣ ба вайронкунии қонун дар рафти тафтишоти пешакӣ”.
Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратура” асосҳои воқеӣ ва ҳуқуқии таъсиррасонии назорати прокурорӣ ба вайронкунии қонун дар рафти тафтишоти пешакӣ ва тартиби мурофиавии амалӣ гаштани онҳоро пешбинӣ кардааст. Дар қонуни конститутсионии мазкур санадҳои таъсиррасони прокурори пешбинӣ шудааст. Назорати прокурорӣ дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ дар байни дигар самтҳои назорати прокурорӣ ҷойи муайянро дорад. Маҳз дар ин марҳила ба ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши олӣ эътироф кардааст таъсир мерасонад. Прокурор аз болои мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ назорат карда, ҳамчун кафили таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ҳадафи ногузирии ҷавобгарӣ барои содир кардани ҷиноят, ҳифзи шахсият, ҷомеа ва давлат аз тасарруфи ҷиноятӣ аст. Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва барқарор кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳамасола ҳазорҳо санадҳои эътиноӣ татбиқ менамояд.
Мақсади тадқиқу омӯзиши мавзӯи рисолаи дипломӣ равшан инъикос намудааст. Инчунин, ба таври васеъ муфассал вазифаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби дипломнавис таҳлил карда шудаанд.
Таҳияи дурусти сохтории мантиқии рисолаи дипломӣ барои иҷроиши босифати он мусоидат намудааст.Дар ҷараёни таҳқиқи паҳлӯҳои ҷудогонаи мавзӯи тадқиқотӣ мустақилият ва эҷодкории илмии донишҷӯ ба назар расида таркиби рисолаи дипломӣ дуруст таҳия шудааст. Рисолаи дипломӣ аз сарухан, ду боб, шаш зербоби ҷудогона, хулоса ва рӯйхати адабиётҳо истифодашуда иборат аст, ки онҳо байни ҳамдигар мазмунан ва мантиқан дар алоқамандӣ қарор доранд.
Бо мақсади ҳаматарафа инъикос намудани моҳияти мавзӯъ дипломнавис дар боби аввали рисолаи дипломӣ оиди “Назорати прокурорӣ ба иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ ҷустуҷӯӣ таҳқиқу тафтишоти пешакиро ба амал мебароранд” бахшида шудааст, боби дуюми рисолаи дипломӣ “Назорати прокурорӣ аз рӯи риояи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ” мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
Аҳамияти муҳимро хулосаҳои ҷамъбастии дипломнавис доро мебошад. Ба паҳлӯҳои дигари мусбии рисолаи дипломӣ сохтори асоснокии мантиқии он, дараҷаи зарурии назариявӣ, инъикоси хусусиятҳои мавзӯи интихобгардида дохил мешавад.
Адабиётҳои истифодашуда пурра ба мазмун ва моҳияти мавзӯи тадқиқотӣ мувофиқат мекунад.
Дар ҷараёни навиштани рисолаи дипломӣ ба нуқсон ва хатогиҳои ҷиддӣ роҳ дода нашудааст.
Умуман рисолаи дипломиро бо назардошти тамоми ҷиҳатҳои мусбии он барои ҳимоя дар назди Комиссияи имтиҳоноти давлатӣ иҷозат додан мумкин аст.
Тақриздиҳанда: Абдуллозода З.М.
Do'stlaringiz bilan baham: |
|
|