Фан: Педагогикаи то мактаби. Гуруҳ: 18/3 МАТ (тожик) тайёр кард: Одинаева Н Санжид: Каримжонов А. МАВЗӮ: ТАРБИЯИ БАЙНАНМИННАЛЙ ВА ВАТАНДУСТЙ ДАР ТАЪЛИМИ МУАССИСАХОИ ТО МАКТАБЙ МАВЗӮ: ТАРБИЯИ БАЙНАНМИННАЛЙ ВА ВАТАНДУСТЙ ДАР ТАЪЛИМИ МУАССИСАХОИ ТО МАКТАБЙ - МАВЗӮ: ТАРБИЯИ БАЙНАНМИННАЛЙ ВА ВАТАНДУСТЙ ДАР ТАЪЛИМИ МУАССИСАХОИ ТО МАКТАБЙ
МАҚСАДИ ЛЕКСИЯ: ба донишҷӯён додани маълумот доир ба муаммоҳои педагогйи мундариҷаи тарбия ва пайвастагии он ба мақсад ва вазифаҳои тарбия. МАФҲУМҲОИ АСОСИИ МАВЗӮЪ: мундариҷаи тарбия, инкишофи мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият. НАҚША: 1.Муаммоҳои муайян намудани мундариҷаи тарбия дар педагогйкаи ҳозиразамон. 2.Ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва Ҳукуматии Ҷумҳурии Ўзбекистон дар бораи мундариҷаи тарбияи ҷавонони имрӯза. 3.Консепсияи имрӯзаи тарбияи насли наврас
Ҳоло мақсади мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ оид ба инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият, амалӣ намудани тарбияи фикрӣ, тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ, ҷисмонӣ, экологӣ, ватандӯстӣ, ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, иқтисодӣ ва ғ. илова бар ин ҳаматарафа ошкор кардани имконияти эҷодии шахсият, ташаккул додани шахспарастӣ, таъмин кардани шароити гуногун барои нашъунамои фардияти наврас бо назардошти ба ҳисобгирифтани хусусиятҳои синну солро талаб мекунад.
Пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ўзбекистон якчанд ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла Қонун «Дар бораи маориф», «Консепсияи мактаби миллӣ», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Ўзбекистон», Барномаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони Ўзбекистон барои солҳои 2006-2010, Консепсия миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ўзбекистон, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Ўзбекистон таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо дар бораи таълиму тарбия фикрҳои солим ва арзишнок гуфта шудаанд. Аммо илми педагогйка собит менамояд, ки тарбия аз рӯӣ мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба таълим мураккабтару васеътар аст.
Мувофиқи моддаи 17-уми Қонуни конститутсионии Чумҳурии Ўзбекистон «Дар бораи Ҳукумати Чумҳурии Ўзбекистон» ва моддаи 4 Қонуни Чумҳурии Ўзбекистон «Дар бораи маориф» Ҳукумати Чумҳурии Ўзбекистон қарор мекунад:
2. Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Ўзбекистон, вазорату идораҳо, мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй дар муддати ду моҳ тадбирҳои татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Чумҳурии Ўзбекистонро таҳия ва тасдиқ намоянд.
1. Консепсияи миллии тарбия дар Чумҳурии Ўзбекистон тасдиқ карда шавад.
3. Харочоти татбиқи Консепсияи мазкур ҳар сол дар доираи маблағҳои Бучети давлатй, ки барои вазорату идораҳо ва мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй чудо карда мешавад, амалй карда шаванд.
Марҳилаҳои тарбия.
1.Марҳилаи аввали тарбия аз оила оғоз меёбад. Фарзандон аз падару модари худ тарбия гирифта, муҳити зиндагиашонро меомўзанд ва онҳоро ҳурмату эҳтиром мекунанд. Аз мафҳумҳои нахустини деҳа, шаҳр, ноҳия, Ватан, миллат ва ғайра бохабар мешаванд. Бо ҳамдигар ва ё хешу табор ва одамони дигар муомила карданро аз бар менамоянд. Волидон фарзандонро ба навозишу меҳрубонй ба тарбия фаро мегиранд. Кўдакон аввалин донишҳоро дар бораи муҳити зиндагй, Ватан ва мактаб аз онҳо ба даст меоранд.
2.Марҳилаи дуввуми тарбия муассисахои томактабй ба ҳисоб рафта, дар таҳким бахшидани сифатҳои аввалини миллй бо истифода аз дастовардҳои педагогйкаи миллй чидду чаҳд ба харч медиҳанд.
3.Марҳилаи сеюми тарбия дар муассисаҳои таълимй мегузарад. Тарбияи хонандагон аз рўйи маводи дар китобҳои дарсй, дастурҳои методию манбаъҳо, аёнияти таълим сурат мегирад, ки он то як дарача низоми педагогй дорад. Дар ин муассисаҳо ба тарбияи миллй мутахассис
– омўзгору устодон машғуланд. Бо хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумй сифатҳои миллии насли наврас асосан ташаккул меёбанд ва онҳо қисман ба ақидаю чаҳонбинй мубаддал мегарданд.
4. Марҳилаи чаҳоруми тарбия ба тайёрии касбии чавонон дар мактабҳои таҳсилоти ибтидоии касбй, миёнаи касбй ва олй вобаста мебошад. Дар ин марҳила донишу малакаи шахс боз ҳам васеъ мегардад, барои азхудкунии арзишҳои миллй ва умумибашарй замина муҳайё мешавад.
Дар
Барои таваҷҷӯҳатон сипосгузорам!
Do'stlaringiz bilan baham: |