2.2. ТАЪСИРИ КАЛИМАСОЗИИ АРАБ ДАР ЗАБОНШИНОСӢ ТОҶИК
Дар шароити кунунӣ яке аз масъалаҳои муҳимми забоншиносӣ ва арабшиносии илмии тоҷик омӯзиши робита ва алоқаҳои чандҳазорсолаи 4 таърихӣ ва фарҳангии забони форсӣ (тоҷикӣ) 1 бо забони арабӣ мебошад. Бо вуҷуди ба ду гӯруҳи мухталиф мансуб будани ҳарду забон забони арабӣ ба оилаи забонҳои сомӣ ва забони форсӣ (тоҷикӣ) ба хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ тааллуқ дорад, фарқиятҳои калони сохторӣ ва решагӣ доштани онҳо, бо тақозои равандҳои таърихии ҷомеа ин ду забон дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ бо ҳамдигар таъсири мутақобилаи забонӣ ва фарҳангӣ намуда, ба сохтори грамматикӣ ва низоми лексикии якдигар таъсир карда, чизеро пазируфтаанд ва худ низ чизе ба якдигар додаанд.
Забони форсӣ (тоҷикӣ) яке аз забонҳои пурғановат ва қадимаи забонҳои эронӣ ба ҳисоб рафта, дорои таркиби луғавии устувор, ғанӣ ва фарогири соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошад. Ин аст, ки ин забон дар давраҳои мухталифи пешрафти худ ба забонҳои бегона ҳам таъсири чашмрас расонидааст, ки намунаҳои он дар осори адабӣ, фалсафӣ ва илмӣ ба назар мерасад. Таъсири мутақобилаи забонҳои форсӣ (тоҷикӣ) ва забони арабиро аз назари таърихӣ ба ду марҳила ҷудо карда метавонем.
Давраи аввал, сухан аз таъсири забонҳои қадимаи эронӣ, аз ҷумла забони авастоӣ ва форсии қадим ба забони сомиасоси оромӣ меравад, ки он яке аз забонҳои расмии давлати Ҳохоманишиҳо ба шумор рафта, пайвандҳои аввалини форсизабонон бо сомиён тавассути ҳамин забон амалӣ гардида, маводи аз забонҳои эронӣ ба он интиқолёфта баъдтар ба дигар забонҳои сомӣ, аз ҷумла ба забони арабӣ гузаштаст. Аз ин нуқтаи назар, месазад ин ақидаи илмӣ ва таърихиро ишорат намоем, ки робитаи форсизабонон бо сомиён ва аз ҷумла арабҳо дар тули таърих, аз ҷиҳати сиёсӣ, адабию забонӣ, фарҳангӣ ва динӣ на баъди интишори Ислом, балки тибқи маълумоти сарчашмаҳо, манбаъҳои таърихӣ ва маводи фаровони адабии адабиёти араб ва адабиёти пурғановати форсӣ (тоҷикӣ) аз даврони Ҳахоманишиҳо ва шояд аз он пештар оғоз гардида будааст.
«Эроншинос В. Эйлерс мегӯяд: "Ҳама медонад, ки дар натиҷаи Исломро қабул кардани Эрон забони форсӣ то дурафтодатарин 1 Мо истилоњи форсӣ (тољикӣ)-ро дар ин љо нисбат ба забони форсии имрўза ва забони муосири тољикї истифода мебарем. 5 лаҳҷаҳояш мавриди нуфузи вожаҳои вомгирифта аз арабӣ қарор мегирад». Он чи камтар аз он огоҳӣ дорем, ин ҳақиқат аст, ки Эрон дар натиҷаи султаи сиёсӣ ва бартарии фарҳангии худ муддатҳо пеш аз Ислом дар мавриди умури марбут ба забон нисбат ба мардумони ҳамсоя мавқеи вомдиҳанда дошт.
Марҳилаи дуюми алоқаҳои зичи сиёсӣ, фарҳангӣ ва забонии забони форсӣ (тоҷикӣ) ва забони арабӣ баъди интишори Ислом дар минтақаи Хуросон ва Мовароуннаҳр ва қабул гардидани забони арабӣ ба ҳайси забони идораи давлат, иқтисод, фарҳанг ва илм мебошад. Забони ба истилоҳ форсии нав ҳамон забонест, ки пеш аз ҳама дар натиҷаи омезиши забонҳои қадимаи эронӣ ва ворид гардидани иқтибосоти фаровони арабӣ ба шакли нав зуҳур карда, ташаккул ёфт. Дар айни ҳол, бо назардошти воқеияти таърихӣ баъди интишори Ислом, ба таркиби луғавии забони форсӣ (тоҷикӣ) адади фаровоне аз вожаҳои бегона , аз ҷумла аз забони арабӣ ворид гардид, ки онҳо дар калимасозӣ ва қудратманд сохтани ин забон нақши бисёр муҳим бозидаанд. Ба гуфти эроншиноси шинохтаи амрикоӣ Ричард Фрай "Маҳз забони арабӣ буд, ки забони форсии навро бо иқтибосоти фаровон ғанӣ сохта, барои гулгулшукуфии адабиёти он заминаи созгор дар асрҳои миёна омода намуд" .
Дар таҳқиқоти забоншиносӣ роҷеъ ба таъсири забони арабӣ ва иқтибосоти он ба забони форсӣ (тоҷикӣ) дар шароити кунунӣ, як қатор таҳқиқот ва натиҷагириҳои мушаххас ба анҷом расидааст, ки ба сабаби ба мавзӯи таҳқиқи мо алоқаи бевосита надоштан аз зикр ва баррасии онҳо худдорӣ намуда, номгӯи онҳоро дар рӯйхати адабиёт ва дар ҷойҳои алоҳида ҳангоми баррасии мавзуи таҳқиқ ишора кардаем. Вале як масъалаи муҳимми таърихии алоқаҳои забонӣ ва фарҳангии забони арабӣ ва забони форсӣ (тоҷикӣ), ки он ҳам таъсири забони форсӣ (тоҷикӣ) ба забони арабӣ мебошад, аз мадди назари донишмандон дур мондааст.
Яке аз ховаршиносони маъруф А. Кристенсен, ки корҳои арзишманд роҷеъ ба адабиёт ва фарҳанги эронӣ ба анҷом расонидааст, чунин мегӯяд: Эрониён ҳамеша оростагии сурати зоҳирро муҳим мешумориданд. Асноди расмӣ ва номаҳои хусуси ҳамеша мебоист ба сурати маснуъ ва сабки муқаррар таҳрир гардад. Дар ин номаҳо нақли қавли бузургон, насоеҳи ахлоқӣ, пандҳои динӣ, ашъор, муаммоёт, латифа ва амсоли он ворид мешуд ва маҷмуаи бисёр зариферо ташкил медод. Мақом ва рутбаи мухотаб ва нависандаро дар тарзи истеъмоли калимот комилан риоят менамуд. Ҳамон иборатпардози ва тасаннуоти адабӣ, ки дар ағлаби кутуби паҳлавӣ ва дар аксари баёноти подшоҳон ҳангоми ҷулус мебинем, дар мукотиботе, ки зимомдорони бузурги давлати сосонӣ дар байни худашон ё бо давлатҳои хориҷа мекарданд, ошкор аст.
Аз гуфтаҳои ховаршиноси шинохта ин хулоса берун меояд, ки дар даврони Сосониён ҳунари нависандагӣ ҷанбаи ҳирфаи дошта, аз ҷониби нависандагону дабирон дар навиштани номаҳои расмӣ, фармонҳои шоҳӣ, хитобаҳо, андарзномаҳо ва дигар таълифоти адабӣ ба сурати фаровон мавриди истифода қарор доштааст. Хулосаи андешаҳо дар ин аст, ки таъсири забон ва адабиёти форсӣ (тоҷикӣ) ба адабиёти араб як падидаи тасодуфӣ ва зудгузар набуда, ҳар ду забон ва адабиёт ба навбат ба ҳамдигар таъсири мутақобилаи судманд кардаанд. Чунин ҳолатро дар давраҳои баъдина, яъне баъди пайдоиш ва густариши Ислом забони ба истилоҳ форсии нав низ мушоҳида мекунем, ки дар ин навбат забон ва адабиёти араб ба забон ва адабиёти форсӣ (тоҷикӣ) таъсир намуд, ки ин падидаи забониро эроншиноси америкоӣ Ричард Фрай чунин баён кардааст: «Забони форсии нав дар баробари забони арабӣ, забони Ислом қарор гирифт, худи Ислом низ асоси арабии худро тағйир дода, ба фарҳанг ва дини гуногунмиллат ва гуногунфарҳанг табдил ёфт. Дар ин вазъият Эрон нақши арзанда бозид. 8 Гумон метавон кард, ки Ислом пештар аз қабули эрониён тағйир меёфт, вале тамаддуни эронӣ дар пешрафти фарҳанги исломӣ ҳамон нақшеро бозидаст, ки фарҳанги юнонӣ дар ташаккули масеҳият ва тамаддуни он».
ХУЛОСА
Дар ҷараёни омӯхтаи кори курсӣ чунин хулоса ба миён омад,ки Забони мардуми тоҷик дар тўли садаҳои зиёди мавчудиётиш аз ҷиҳати таркиби луғавию сохти грамматикӣ тағйироти зиёдро аз сар гузарондааст. Дар давраҳои алоҳидаи таърихвоситаю унсурҳои ноустувор аз доираи умум истисно шуда, ба чои онҳо чузъҳо таркибу таъбирҳои умумиистеъмолй дохил шудаанд. Натичаи аз сар гузаронидани давраҳои муайяни таърихист, ки забони миллии тоҷик аз забонҳои таркибан бою такмилёфта ва шинохташудаи чаҳон ба шумор меравад. Ин буд, ки алалхусус баъди Инқилоби Октябр қисмҳои гуногуни ин забон мавриди тадқиқи олимони шўравию хоричй қарор гирифт.Холо оид ба ҳар як қисми забони миллии точик асарҳои гаронбаҳои илмй-тадқиқотй ба табъ расидаанд ва чунин тадқиқот идома дорад. Ин китоб ба яке аз қисматҳои грамматика-наҳв бахшида шудааст. Грамматика як қисми забоншиносй буда, сарф ва наҳвро дар бар мегирад. Ин ду қисми грамматика бо ҳам алоқаи зич доранд. Маълум аст, ки сарф дар барои таркиби калима, калимасозӣ, категрорияҳо, модалият, сиға ва оиди ин ё он ҳиссаи нутқ будани калима баҳс мекунад. Масалан калимаҳои боғбон, гандумдаравй, баланд, се, омад, озодона, магар, ваҳ ҳар кадом аз чиҳати маъно ва мафҳум ах ҳам фарқ карда, аз чиҳати сохт категорияи таҳлил меёбанд. Аммо дар наҳв ин калимаҳо ба таври дигар маънидод карда мешаванд; ҳиссаи ибораанд ё чумла, ба вазифаи кадом аъзои чумла омадаанд, нисбат ба фикри гуфташуда чи гунна муносибат доштани гўяндаро ифода мекунад ва ғайра.
Забоншиносӣ дар Шарқи Қадим, баъди ба вуҷуд омадани хат пайдо шудааст. Барои таълими хат ва забони хаттӣ дар Байнаннаҳрайни Қадим ва баъдтар дар дигар мамлакатҳои Осиёи Пеш (дар ҳазорсолаи 2-юми то мелодӣ) руйхати рамзҳои ҳиҷоӣ, шаклҳои грамматикӣ ва луғатҳо тартиб медоданд, вале он вақт назарияи забон ба вуҷуд наомада буд. Забоншиноси дар Хиндустони Қадим ба дараҷаи фавқулода баландӣ инкишоф расида буд. Грамматикае, ки Панинӣ (тадр. а. 5 то м.) тартиб додааст, тасвири пурра ва дар айни ҳол хеле мҷази забон буд. Дар Юнони Қадим ва Рим забоншиносӣ асосан дар шакли ба истилоҳ грамматикаи мантиқӣ ҷараён дошт, ки намояндаи барҷастаи ин равия Аристотел буд. Аз а. 19, аз вақте ки забоншиносии умумӣ ва муқоисавӣ-таърихӣ (Вилҳелм Гумболдт, Франз Бопп, Якоб Гримм ва дигарон) ва мактаби ҷавонграмматикҳо (Карл Брутман, Бертҳолд Делбрюк ва дигар) ба вуҷуд омаданд, давраи муҳимтарини тараққиёти забоншиносӣ cap мешавад. А. Шлейхер забоншиносиро ба илмҳои табиӣ ва қонунҳои дохилии онро ба қонунҳои табиат нисбат медод, вале Г. Штейнтал қонунҳои дохилии забонро «коллективӣ-психологӣ» медонист. Иван Бодуэн де Куртенэ таълимоти Гумболдтро дар бораи «шакли забонӣ» инкишоф дод, ки баъдтар асоси бештари равияҳои структурализм қарор гирифт (вай мафҳуми фонемаро низ тадқиқ кардааст). Дар ибтидои садаи XX равияҳои гуногун, ба монанди географияи лингвистӣ, баъдтар неолингвистика, мактаби эстетикӣ, назарияҳои атомистӣ, ки кӯшиш доштанд забонро ҳамчун эҷодиёти шахсони алоҳида пешниҳод кунанд, мактаби формалӣ (Ф. Ф. Фортунатов ва дигарон), равияи сотсиологӣ (А. Мейе ва дигарон) роли намоён бозидаанд. Баъди табъ ёфтани «Курси забоншиносии умуми»-и Фердинанд де Соссюр (1916) дар забоншиносӣ равияҳои гуногуни структурализм, чун мактаби прагагӣ, ки ба истилоҳ, назарияи фонологиро ба вуҷуд овардааст, мактаби копенгагенӣ, ки кӯшиш дошт назарияи универсалии системаҳои семиотиро тapтиб диҳад Забоншиноси дескриптивии америкоӣ, фалсафаи забон, забоншиносии математики ва ғайра паҳн гардиданд. Дар солҳои 40—50 доир ба эабоншиносни мудоисави-таърихӣ як силсила таълифот ба миён омад.
Do'stlaringiz bilan baham: |