Моддаи 199. Тасарруфи яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои
таркиш
1)Тасарруфи яроқи оташфишон, қисмҳои комплектии (пуркунандаи) он, лавозимоти ҷангӣ,
моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Тасарруфи яроқи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва дигар намуди яроқи қатли
ом, ҳамчунин мавод ё таҷҳизотҳое, ки ҳангоми сохтани яроқи қатли ом истифода шуданашон
мумкин аст,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи
шахсон
бо маслиҳати пешакӣ;
в) бо истифодаи зўроварӣ, ки ба ҳаёт ва ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи
чунин зўроварӣ анҷом дода шуда бошад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи
молу мулк
ё
бидуни он ҷазо дода мешавад.
4) Кирдори пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
б) бо истифодаи зўроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи
чунин зўроварӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи
молу мулк
ҷазо
дода мешавад.
Моддаи 199
1
. Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)
1) Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ
доштан, фурўхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ
(пиротехникӣ) ба миқдори на чандон калон ё дар давоми сол пас аз таъини ҷазои маъмурӣ барои
содир намудани чунин кирдорҳо, ‐
бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдорҳо, агар ба миқдори калон содир шуда бошанд, ‐
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз
озодӣ ба мўҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон аз бист то сад адад маводи тарфгарии
(пиротехникии) барои оташфаввораҳо истифодашаванда, аз панҷоҳ то дусад адад бозичаҳои
оташбозӣ ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё
ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда), ба миқдори калон зиёда аз сад адад маводи тарфгарии
(пиротехникии) барои оташфаввораҳо, зиёда аз дусад адад бозичаҳои оташбозӣ ба монанди
капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ
печонидашуда) фаҳмида мешавад.
Do'stlaringiz bilan baham: |