Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон


пешьининамудаи қисми 8 моддаи 49 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 №



Download 1,54 Mb.
Pdf ko'rish
bet37/200
Sana23.02.2022
Hajmi1,54 Mb.
#131210
TuriКодекс
1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   ...   200
Bog'liq
Penal Code tg

пешьининамудаи қисми 8 моддаи 49 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 № 
617) 
Моддаи 78. Мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва 
заноне, ки кўдакони то синни ҳаштсола доранд 
1) 
Занони ҳомилаи маҳкумшуда ё занони дорои фарзандони то синни ҳаштсоларо ба 
истиснои заноне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум гардидаанд, суд метавонад то 
ҳаштсола шудани кўдак адои ҷазоро нисбати онҳо мавқуф гузорад. 
2) Нисбати зани маҳкумшуда адои ҷазо дар сурате мавқуф гузошта мешавад, ки оила ё
хешовандонаш барои якҷоя бо ў зиндагӣ кардан розигӣ додаанд ё барои мустақилона таъмин 
намудани шароити лозимаи тарбияи кўдак имконият доранд. 
3) Агар зани маҳкумшудае, ки нисбати он адои ҷазо мавқуф гузошта шудааст аз кўдак даст 
кашад ё ўро ба ятимхона супорад, аз маҳалли сукунат ғайб зада бошад ё аз тарбияи кўдак ва
нигоҳубини ў саркашӣ намояд, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунад ва дар ин хусус мақоми ба ў 
назораткунанда зиёда аз ду маротиба ўро хаттӣ огоҳ карда бошад, суд метавонад зани
маҳкумшударо барои адо намудани ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристад. 
4) Пас аз ҳаштсола шудани кўдак ё дар ҳолати вафот кардани ў, суд вобаста ба рафтори зани 
маҳкумшуда метавонад ўро аз адои ҷазо озод кунад ё онро бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз намояд 
ва ё зани маҳкумшударо барои адо намудани ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристад. Дар ин ҳолат суд 
метавонад вақтеро, ки дар давоми он зани маҳкумшуда мўҳлати ҷазоро адо накарда аст, пурра ё
қисман ба мўҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирад. 
5) Агар зани маҳкумшуда дар давраи мавқуф гузоштани адои ҷазо ҷинояти нав содир кунад, 
суд мувофиқи қоидаҳои дар моддаи 68 ҳамин Кодекс пешбинигардида ба ў ҷазо таъин мекунад. 


Моддаи 79. Бо сабаби беморӣ аз ҷазо озод кардан 
1) Суд шахсеро, ки пас аз баромадани ҳукм ба бемории рўҳӣ гирифтор шуда, имконияти 
дарки воқеии амалҳои худ ва идора кардани онҳоро аз даст додааст, аз ҷазо ё адои минбаъдаи он
озод мекунад. Ба чунин шахс суд метавонад чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббиро таъин 
намояд. 
2) Шахсеро, ки пас аз баромадани ҳукм мубталои бемории дигари вазнине гардидааст, ки
монеи адои ҷазо мебошад, суд метавонад аз адо намудани ҷазо озод кунад ё ин ҷазоро бо ҷазои 
нисбатан сабуктар иваз намояд. Зимнан вазнинии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда, 
хусусияти беморӣ ва ҳолатҳои дигар ба назар гирифта мешаванд. 
3) Хизматчиёни ҳарбие, ки ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ё нигоҳ доштан дар қисми
ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд, дар ҳолати мубталои беморие шуданашон, ки дар натиҷаи он 
барои хизмат ношоям эътироф мегарданд, аз ҷазо ё адои минбаъдаи он озод карда мешаванд. 
Ҳамчунин қисми адонашудаи ҷазо мумкин аст ба ҷазои дигари нисбатан сабуктар иваз карда шавад. 
4) Шахсони дар қисмиҳои якум ва дуюи ҳамин модда зикргардида, дар ҳолати шифо
ёфтанашон, агар мўҳлати дар моддаи 81 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, нагузашта бошад, 
мумкин аст ҷазо дода шаванд. Дар айни замон вақте, ки дар давоми он нисбати онҳо чораҳои 
маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ андешида шудаанд, ба мўҳлати ҷазо ҳисоб карда мешавад. 

Download 1,54 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   33   34   35   36   37   38   39   40   ...   200




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish