Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Моддаи 63. Таъини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои  ин  ҷиноят пешбинӣ



Download 1,54 Mb.
Pdf ko'rish
bet28/200
Sana23.02.2022
Hajmi1,54 Mb.
#131210
TuriКодекс
1   ...   24   25   26   27   28   29   30   31   ...   200
Bog'liq
Penal Code tg

Моддаи 63. Таъини ҷазои сабуктар нисбат ба ҷазое, ки барои  ин  ҷиноят пешбинӣ  
шудааст 
1) Дар ҳолати мавҷуд будани ҳолатҳои мустаснои вобаста бо мақсаду ниятҳо, нақши гунаҳгор, 
рафтори ў ҳангоми содир намудани ҷиноят ё пас аз он ё ҳолатҳои дигаре, ки дараҷаи хавфнокии 
ҷамъиятии ҷиноятро хеле кам мекунанд ва ҳамчунин дар ҳолати мусоидати фаъолонаи иштирокчии 
ҷинояти гурўҳӣ барои ошкор намудани ҷинояти содирнамудаи гурўҳ, мумкин аст ҷазо аз ҳадди 
поёнии дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида камтар таъин карда 
шавад ё суд метавонад нисбат ба ҷазои дар ин модда пешбинигардида ҷазои сабуктар таъин намояд 
ё ҷазои иловагиро, ки ба сифати ҷазои ҳатмӣ пешбинӣ шудааст, таъин накунад. 
2) Ҳолатҳои алоҳидаи сабуккунанда ва ҳам маҷмўи чунин ҳолатҳо метавонанд ҳамчун ҳолатҳои 
мустасно эътироф карда шаванд. 
Моддаи 64. Таъини ҷазо барои ҷинояти нотамом 
1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо барои ҷинояти нотамом ҳолатҳое ба назар гирифта 
мешаванд, ки бо сабаби онҳо ҷиноят то ба охир расонида нашудааст. 
2) Мўҳлат ё андозаи ҷазо барои тайёрӣ ба ҷиноят аз нисфи мўҳлати ҳадди аксар ё андозаи
болотарини намуди ҷазои сахте, ки дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс барои 
ҷинояти тамомшуда пешбинӣ гардидааст, зиёд буда наметавонад. 
3) Мўҳлат ё андозаи ҷазо барои сўиқасди ҷиноят аз чор се ҳиссаи мўҳлати ҳадди аксар ё
андозаи болотарини намуди ҷазои сахте, ки дар моддаи дахлдори Қисми махсуси ҳамин Кодекс 
барои ҷинояти тамомшуда пешбинӣ гардидааст, зиёд буда наметавонад. 
4) Барои тайёрӣ ба ҷиноят ва сўйқасди ҷиноят ҷазои қатл ва ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум 
сохтан таъин карда намешавад. 


Моддаи 65. Таъини ҷазо барои содир намудани ҷиноят дар шарикӣ 
1) Ҳангоми таъин намудани ҷазо барои ҷинояти дар шарикӣ содиршуда хусусият ва дараҷаи 
иштироки воқеии шахс дар содир намудани он, аҳамияти ин иштирок дар муваффақ шудан ба
мақсади ҷиноят, таъсири ў ба хусусият ва андозаи зарари расонидашуда ё зарари имконпазир ба 
назар гирифта мешавад. 
2) Ҳолатҳои сабуккунанда ё вазнинкунандаи марбут ба шахсияти яке аз шарикон ҳангоми 
таъин намудани ҷазо танҳо нисбат ба ин шарик ба назар гирифта мешавад. 

Download 1,54 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   24   25   26   27   28   29   30   31   ...   200




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish