Б О Б И 10
ТАЪИНИ ҶАЗО
Моддаи 60. Асосҳои умумии таъини ҷазо
1) Ба шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудааст, дар доираи
муқаррарнамудаи Қисми махсус ва бо дарназардошти муқаррароти Қисми умумии ҳамин
Кодекс ҷазои сазовор таъин карда мешавад.
2) Намуди ҷазои нисбатан сахттар аз ҷумлаи ҷазоҳое, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ
гардидааст, танҳо дар ҳолате таъин карда мешавад, ки намуди ҷазои нисбатан сабуктар ноил шудан
ба мақсади ҷазоро таъмин карда натавонад.
3) Ҳангоми таъини ҷазо суд принципи фардикунондани ҷазоро ба асос гирифта, хусусияту
дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун
муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва
андозаи зарари расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, фикру ақидаи
ҷабрдидаро аз рўи парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ ба назар мегирад.
Моддаи 61. Ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук мекунанд
1) Ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо инҳо мебошанд:
а) бори аввал содир намудани ҷиноят;
б) ноболиғ будани гунаҳгор;
в) ҳомиладор будан;
г) кўдакони хурдсол доштани гунаҳгор;
д) бо сабаби вазнинии шароити зиндагӣ ва ё аз рўи дилсўзӣ содир намудани ҷиноят;
е) содир намудани ҷиноят дар ҳолати ҳаяҷони сахти рўҳие, ки сабаби он зўроварӣ, таҳқири
сахт ё амалҳои дигари ғайриқонунии ҷабрдида мебошад;
ж) содир намудани ҷиноят дар ҳолати аз ҳадди муҳофизати зарурӣ гузаштан, дастгир кардани
шахси ҷиноят содирнамуда, зарурати ниҳоӣ, таваккали асоснок, иҷрои фармон ё амр;
з) таҳти таъсири маҷбуркунии ҷисмони ё рўҳи вобастагии моддӣ, хизматӣ ва ё
вобастагии дигар содир намудани ҷиноят;
и) ихтиёран омада ба гуноҳи худ иқрор шудан, сидқан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат
кардан дар ошкор намудани ҷиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни ҷиноят ва дар кофтукови
молу мулк
и дар натиҷаи ҷиноят бадастомада;
к) бевосита пас аз содир намудани ҷиноят расонидани ёрии тиббӣ ё кўмаки дигар ба ҷабрдида,
ихтиёран талофӣ кардан ё рафъ сохтани зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи ҷиноят
расонидашуда, анҷом додани амалҳои дигаре, ки ба ислоҳи зарари ба ҷабрдида расонидашуда
равона гардидаанд.
2) Агар ҳолати дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида дар моддаи дахлдори Қисми
махсуси ҳамин Кодекс ба сифати аломати ҷиноят пешбинӣ шуда бошад, онро такроран ҳамчун
ҳолати сабуккунандаи ҷазо ба назар гирифтан мумкин нест.
3) Ҳангоми таъин намудани ҷазо ҳолатҳои дигари дар қисми якуми ҳамин модда
зикрнагардида мумкин аст ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ба назар гирифта шаванд.
Do'stlaringiz bilan baham: |