Моддаи 318. Иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ
Аз ҷониби шахси мансабдор таъсис додани ташкилоте, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом
медиҳад ё шахсан иштирок дар идораи чунин ташкилот ё ба воситаи шахси боваринок хилофи
манъи муқаррарнамудаи қонун, агар ин кирдор аз фароҳам овардани имтиёз ва бартарӣ ё бо дигар
шакли пуштибонӣ ба чунин ташкилот алоқаманд бошад, ‐
бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои
ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли
мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода
мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10.№617)
Моддаи 319. Гирифтани пора
1) Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди
пул, коғазҳои қиматнок дигар,
молу мулк
ё фоидаи дорои характери
молу мулк
ӣ дошта, барои
иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ў, агар чунин
ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор дохил бошанд ё он вобаста ба
қудрати мавқеи мансабиаш ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонад, ҳамчунин
барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли
мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли
мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол бо мусодираи
молу мулк
ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар аз ҷониби шахсе
содир шуда бошад, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидораи
маҳаллиро ишғол мекунад,‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли
мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати аз се то панҷ сол бо мусодираи
молу мулк
ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи
шахсон
бо маслиҳати пешакӣ ё гурўҳи муташаккил;
в) бо тамаъҷўии пора;
г) ба миқдори калон, ‐
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи
молу мулк
бо
маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба
мўҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: 1) Дар моддаи 319 Кодекси мазкур зери мафҳуми миқдори калон, миқдори пул, арзиши
қоғазҳои қиматнок, дигар
молу мулк
ё фоидаи дорои хусусияти
молу мулк
ӣ доштае фаҳмида
мешавад, ки арзиши онҳо аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳадди ақал зиёд бошад.
2) Таҳти мафҳуми такроран (такрорӣ) дар моддаҳои 319, 320, 324 ва 325‐и ҳамин Кодекс
ҷинояте дар назар дошта шудааст, ки агар қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбинӣ намудаи ҳамин
моддаҳоро содир шуда бошад.
Do'stlaringiz bilan baham: |