Суруди миллии ҷУМҲурии тоҷикистон шеъри Гулназар Келдӣ Оҳанги Сулаймон Юдаков



Download 1,67 Mb.
bet8/20
Sana21.02.2022
Hajmi1,67 Mb.
#2589
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   20
Гуфтори сию саввум Сабабҳо ва оғози сар даровардани қӯшунҳои рус ба Осиёи Миёна
Нақша:

  1. Вазъи умумии мулкҳои Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус.

  2. Сабабҳои асосии аз тарафи Россия забт карда шудани Осиёи Миёна.

  3. Кӯшишҳои Россияи подшоҳӣ барои забти Осиёи Миёна дар миёнаи асри XIX.

Дар миёнаи асри XIX дар сарзамини Осиёи Миёна ба гайр аз се давлатҳои мустақил: аморати Бухоро, хонигариҳои Хӯқанд ва Хева, боз як қатор мулкҳои ниммустақил, ба монанди Шаҳрисабз, Китоб, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва ғайра вуҷуд доштанд. Онҳо дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус дар зинаи тараққиёти муносибатҳои феодалй буданд. Дар байни онҳобештар душманӣ ҳукмфармо буд. Хусусан ҷангҳои беохири байни аморати Бухорою хонагирии Хӯқанд боиси харобиҳои зиёди мулкҳои ҳарду тараф мегардидаанд.
Бо сабаби ҷангҳои беохири байни аморати Бухорою хонигарии Хӯқанд ҳар бор мардуми Уротеппаю Хуҷанд ва Нову Ҷиззах зарари зиёд медиданд. Танҳо дар зарфи 65 соли аввалн асри XIX онҳо ба Ӯротеппа қариб 50 маротиба лашкар кашидаанд.
Хулоса, дар лаҳзаҳои ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба Осиёи Миёна дар ин сарзамин нооромй, ҷангу ҷидолҳо, иқтисодиёти қафомондаю харобгардида ҳукмрон буд. Вазнинии чунин вазъият бештар ба дӯши мардуми бечора меафтод. Онҳо зиндагии қашшоқона доштанд.
Аз охирҳои соли 40 ва авваалҳои солҳои 50-уми асри XIX ба мулкҳои Осиёи Миёна ҳуҷуми қӯшунҳои Росеияи тэдшоҳй сар мешавад, ки барои он сабабҳои зерин вуҷуд доштанд: якум, подшодони рус дер боз, аниқтараш аз замони Пётри 1 яият доштанд, ки Осиёи Миёнаро ба тасарруфи худ дароранд. Бо ин мақсад, соли 1717 Пётри 1 ба муқобили хони Хева нахустин ҳуҷуми ҳарбй, вале бебарор ташюш карда буд. Минбаъд Россия то миёнаи асри XIX асосан бо сабабҳои мураккабии муносибаташ дар Ғарб имконияти ғасби Осиёи Миёнаро надошт.
Дуюм, дар Россия бо бекор карда шудани ҳуқуқи крепостноӣ (1861) барои инкишофи муносибатҳои капиталистӣ имконияти васеъ кушода шуд. Дар он махсусан саноати бофандагӣ тараққӣ кард, ки он вобастаи ашёи хом - пахтаи америкоӣ буд. Вале бо сабаби ҷанги гражданй дар ИМА (солҳои 1861-1865) барои Россия аз ин мулк низ овардани пахта мураккаб гардид. дар натиҷа қисме аз фаббрикаҳои бофандагии Россия аз набудани пахта фаъолияти худро боздоштанд. Бинобар ҳамин ҳам
127
ҳукуматдорони рус то ин ки норозигии саноатчиён ба вуҷуд наояд, мехостанд Осиёи Миёнаро ба зери нуфузи худ дароварда, онро ба макони ашёи хом, яъне паҳта табдил диҳанд.
Сеюм, барои саноатчиёни рус бозори нави молфурӯгаӣ зарур буд. Ин гуна бозорро Россия дар қитъаи Европаи Ғарбй ба даст дароварда наметавонист. Аниктараш маҳсулоти саноатии Россия дар бозорҳои мамлакатҳои Ғарб рақобат карда наметавонист.
Аз ин рӯ ҳомиёни саноати бофандагй ният доштанд, ки ҳар чй зудтар Осиёи Миёнаро ба бозори фурӯши моли худ табдил диҳанд.
Чаҳорум, маълум, ки Россияи подшоҳӣ дар ҷанги Қрим (1853-1856) шармандавор шикаст хӯрд ва сулҳи Париж бар зарари он буд. Бинобар ин ҳукуматдорони рус мехостанд Осиёи Миёнаро забт карда, ба сарҳади Ҳиндустон - мустамликаи Англия наздик шуда, бо ин яке аз аъзоёни асосии зидди Россиягй, аниқтараш сарвари он - Англияро барои бекор кардани шартҳои вазнини сулҳи Париж моил гардонад.
Панҷум, »укумати подшоҳии рус, ки бо шикаст хӯрдан дар ҷанги Қрим хеле 6 ;обрӯ шуда, боиси коста шудани нуфузаш дар байни табақаҳои ҳукмрони мамлакат гардида буд, ният дошт бо ба зери тасарруфи худ даровардани Осиёи Миёна обрӯяшро ақалан дар дохили мамлакат аз сари нав барқарор намояд.
Тавре ки зикр гардид, ҳукумати подшоҳӣ охири солҳои 40 ва гьвали 50-ум ҳучуми харбиро ба муқобили Осиёи Миёна сар кард.
Соли 1847 кӯшунҳои рус аз самти Оренбург ҳаракат карда ба соҳилҳои бахри Арал расиданд ва дар резишгоҳи дарёи Сир истеҳкоми Раим (ҳозира қалъаи Арал)-ро бино карданд. Соли 1853 генерал-губери&тори Оренбург Перовский баъди муҳосираи 22 рӯза қалъаи Оқыичит (ҳозира Қизил-Ӯрда)-ро забт намуд (28 июли соли 1853).
Содҳои 1850-1854 қисми дигари қӯшунҳои рус аз ҷанубу шарқ (аз Се »шш. латинск) ҳаракат карда, води Залийро гирифтанд ва соли 1854 ба а«ҳри Вг.рный (Алмаатои ҳозира) асос гузоштанд.
Вале мпнбаъд, бо сабабҳои авҷ гирифтани кризиси Шарқ, ки боиси сщш&тъ ҷанги Қрим гардвд, амалиёти ҷашй дар Осиёи Миёна аз тарафи ҳарбиёни рус дар ҳар ду самт ҳам мавқуф гузошта шуд.
128
Гуфтори сию чаҳорум Ҳуҷуми катъии кушунҳои рус ба Осиёи Миёна ва оқибатҳои он
Нақша:

  1. Нахустин муҳорибаҳои байни Россия ва аморати Бухоро.

  2. Аз ҷониби русҳо забт гардидани Хуҷанд, Уротеппа ва Ҷиззах.

  3. Муҳорибаҳои охирини Россия ва Бухоро. Шартномаи 23 июни еоли 1868 ва моҳияти он.

Дар соли 1864 ҳуҷуми қатъии қӯшунҳои подшоҳӣ ба Осиёи Миёна сар мешавад. Дар моҳи сентябри ҳамон сол Чимкент забт гардид. сипас қӯшуни подшоҳӣ ба тарафи Тошкент ҳаракат кард ва дар моҳи апрели соли 1865 ба ишғол намудани қалъаи Ниёзбек муваффақ гардид. ин қалъа дар соҳили дарёи Чирчиқ бино ёфта, барои мудофиаи Тошкент роли калон мебозид. Илова бар ин саргаҳи оби дохили шаҳр низ дар наздикии ҳамин қалъа воқеъ шуда буд. Дар ҳамлаи сахт ва ҷангҳои шадиди кӯчагй 17 июни соли 1865 яке аз калонтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна сукут кард.
Аввалин маротиба задухӯрди қӯшунҳои рус ва амири Бухоро Музаффар 8 маи соли 1866 дар дашти Дилварзин, дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст ва ғалаба насиби русҳо гардид. Қайд кардан лозим аст, ки фармондеҳи қӯшуни рус Романовский пас аз ин шикасти қӯшуни Музаффар ба сӯи Бухоро ҳаракат накарда, Хуҷанд (24 май) қалъан Нов (28 май) ва Уротеппаро (2 октябр) забт намуд, чунки ин маҳалҳо аҳамняти калони стратегии ҳарбӣ дошта, дар саргаҳи роҳи водии Фарғона воқеъ гардида буданд.
Романовский ба ин васила паҳлӯи чапи худро мустаҳкам намуда, тамоми қувваҳои худро ба муқобнли душмани асосй - амир Музаффар равона сохт. Амир Музаффар ба ҷанги зидди Россия омодагии дуруст надошт.
18 октябри соли 1866 қӯшуни подшоҳӣ пас аз муҳосираи чандвақта қалъаи Ҷиззахро тасарруф кард ва мавқеи худро дар хоки аморати Бухоро устувор гардонида, ба дуввумин шаҳри бузурги он шаҳри бостонии тоҷикон - Самарқанд таҳдид намуд.
Дар аввали соли 1868 ҳукмрони Хӯқанд Худоёрхон ба ҳукумати подшоҳӣ муоҳидан сулҳ баста, ба империяи Россия тобеъ гардидани худро эътироф намуд. Дар худи ҳамон сол (1868) пас аз тобеъ гардидани Хӯқанд аскарони рус таҳти фармондеҳии генерал Кауфман ба тарафи яке аз калонтарин ва қадимтарин шаҳри Осиёи Миёна -Самарқанд ҳаракат намуд ва такдири он ҳал гардид, яъне аскарони руссарбозони амирро торумор намуда, 2-юми майи соли 1868 ба Самарқанд дохил шуданд.
129
Аз по афтодани Самарқанд дар байни сарбозон ва доираҳои ҳукмрони Бухоро парешонй ба амал овард. Кауфман роҳи пойтахти аморат - шаҳри бухороро пеш гирифт ва охирин шаҳри калони дар сари роҳи пойтахт воқеъгардидаи Каттақӯргонро ишгол кард. Амир Музаффар охирин қувваҳои худро ҷамъ намуда дар баландии Зирабулоқ мавқеъ ишиол намуд.
Дар моҳи июни соли 1868 аскарони рус дубора ба сарбозони амири бухоро зарбаи қатъӣ расониданд. Амир Музаффар пас аз маглубияти назди Зирабулоқ имконияти муқобилиятро тамоман аз даст дод ва бо таклифи сулҳ ба назди генерал Кауфман элчӣ фиристод ва худаш ба Бухоро рафта, дар интизори ҷавоб нишаст.
Ҳамин тариқ, дар зарфи солҳои 1864-1868 ду давлати Осиёи Миёна - хони Хӯканд ва аморати Бухоро ба мағлубият дучор гардиданд.
Генерал Каӯфман таклифи амир Музаффарро доир ба сулҳ қабул намуд ва 23-юми июни соли 1868 сулҳнома имзо карда шуд, ки он дар таърих бо номи сулҳномаи Зирабулоқ маълум аст.
Тибқи ин сулҳнома як қисми аморати Бухоро (Хуханд, Нов, Уротеппа, Ҷиззах, Самарқанд, Каттақӯрғон ва иайра), ки қӯшунҳои рус забт карда буданд ба Россия гузашт. Бухоро аз ҳуқуқи боихтиёри худ муносибат кардан бо давлатҳои хориҷӣ маҳрум гардид. Амир Музаффар маҷбур шуд, ки ба Россия 500 ҳазор суми русй товони ҷанг диҳад. Тоҷирони рус метавонистанд дар тамоми қаламрави аморат озодона фаъолият намоянд ва гайра. Аморати Бухоро ба вассали фармонбардори ҳукумати подшоҳй мубаддал гардид.
130
Гуфтори сию панҷум Футуҳоти минбаъдаи қӯшунҳои рус дар солҳои 70-80 асри XIX
Нақша:

  1. Эъломияи Искандаркӯл ва ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба мукобиля хонигарии Хева.

  2. Барҳам дода шудани хонигарии Хӯқанд ва ба ҷои он ташкил ёфтани вилояти Фарғона.

  3. Аз ҷоииби қӯшунҳои рус забт гардидани сарзамини қабилаҳои туркман.

Баробари ба ихтиёри Россия гузаштани Самарқанд, ҳукуматдоронк рус тасмим мегиранд, ки мулкҳои болооби Зарафшон, Ки аҳолиаш тоҷикон буданд, ба Россия ҳамроҳ намоянд. Бо ин мақсад, баҳори соли 1870 бо сардории генерал Абрамов Эъзомияи (экспедитсня)-и Искандаркӯл ташкил карда мешавад.
Сафари эъзомия 25-уми апрели соли 1870 аз Самарқанд сар шуд. Моҳи август шаҳри Панҷакент бе муҳорибаи ҷиддӣ ба ихтиёри қӯшуни рус гузашт. Вале дар деҳаҳои Панҷрӯд, Даштӣ, Кулолӣ, Фалгар, Мастчоҳ ва ғайра ҷаыгҳои шадид ба амал омаданд. Дар ин амалиёт бисёр деҳаҳоро бо ҳукми Абрамов ба хок яксон намуданд (Ҳотамов Н.Б.)
Моҳи июни соли 1870 эъзомия амалиёти худро ба охир расонид. Аз хисоби мулкҳои ниммустақили қуҳистонии болооби Зарафшон «Туманҳои кӯҳистонй» ташкил ёфт ва он ба музофоти Зарафшон (ҳукумати подшоҳй аз ҳисоби Самарқанд, Каттақӯргон ва дигар мулкҳои Зарафшони аз аморати Бухоро забт намудааш музофоти Зарафшонро бунёд намуда, генерал Абрамовро сардори он таъин намуд) ҳамроҳ карда шуд.
Дар эъзомияи Искандаркӯл як қатор олимон: табиатшинос Фелдченко, геолог Мишенков, нақшабардор (баъдтар арбоби намоёни ҳарбию сиёсӣ) Соболев ва дигарон дохил буданд. Бо ташаббуси ин дошппмандон барои тадқиқи захираҳои табии болооби Зарафшон кадамҳои аввалин ва муҳими илмӣ гузошта шуд.
Минбаъд амалиёти кӯшунҳои рус барои забт кардани хонигарии Хева нигаронида мешавад. Миёнаҳои моҳи майи соли 1873 қӯшунҳои подшоҳй амалиёти ҷангиро сар мекунанд. 29 май барои шаҳри Хева чаягхои сахгтарин ба вуқӯъ омад. Хони Хева Савд Муҳаммад Раҳими П аз тарс гурехта, бо ишораи таслим аз Кауфман сулҳ талабид. 12 июн бо фармони Кайфман амалиёти ҷангй дар қаламрави хонигарии Хева вть гардид. 12-уми августи ҳамон сол байни Россияю Хева шартнома шыээ гардид, ки мувофиқи он Хева тобем Россия гардида, боад чун товони ҷанг ба хазинаи подшоҳӣ 2 млн. 200 ҳазор сӯм медод. Аз
131
заминҳои хонигарӣ соҳилҳои рости дарёи Ому ба ихтиёри Россия гузашт.
Ҳангоми ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хони Хева амири Бухоро Музаффар на танҳо ин амалиётро тарафдорӣ кард, балки ба қӯшунҳои рус кӯмаки амалӣ расонид. Чунин рафтори нисбат ба Россия содиқонаи амир ба амалдорони ҳукумати подшоҳӣ хеле маъқул гардид, бинобар ҳамин ҳам ҳукумати подшоҳӣ маҳз садоқати амирро нисбат ба худ ба инобат гирифта, ба ивази он мулкҳое, ки аз ҳисоби аморат ба ихтиёри Россия гузашта буданд, заминҳои ҷорҷӯйро аз ихтиёри хони Хева гирифта, ба ихтиёри амири Бухоро дод.
Баъди тобеи Россияи подшоҳӣ гардидани хонигарии Қӯқанд аҳволи халқ боз ҳам бадтар шуд. Аз ин ҷост, ки соли 1873 шӯриши калонтарине, сар шуд, ки он то соли 1876 давом кард. Баҳонаи асосии шӯриш зиёд ситонидани закот. Яъне андоз аз чорво ба ҳисоб мерафт. Дар шӯриш ӯзбекҳо, тоҷикҳо ва қиргизҳо фаъолона иштирок доштанд.
7-уми августи соли 1875 Кауфман ба муқобили шӯришчиён қувваи бузурге гузошт, ки бо мағлубияти эшон анҷом ёфт.
19-уми феврали соли 1876 бо розигии подшоҳи Россия Александри П, бо супориши генерал-губернатори Туркистон Кауфман хонигарии Хӯқанд барҳам дода шуд. Ба ҷои он дар ҳайати генерал-губернатори Туркистон боз як вилояти нав - Фаргона ташкил ёфт. Губернатори ҳарбии вилоят генерал Скобелев таъин гардид.
Ҳамин тавр, шӯриши калонтарини мардуми водии Фарғона шикаст хӯрд. Он аз ҷиҳати характери худ халқӣ буда, дар аввал асосан ба муқобили зулму истибдоди хонигарӣ ва минбаъд ба муқобили ниятҳои мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳй нигаронида шуда буд. Хукуматдорони подшоҳй натиҷаи онро ба фоидаи Россия ҳал намуданд.
Дар сиёсати забткоронаи ҳукумати подшоҳӣ дар Осиёи Миёна баъди ҳалли тақдири хонигарии Хӯқанд масъалаи забти сарзамини қабилаҳои туркман ба миён омад. Қӯшунҳои рус бо сардории генерал Скобелев 18-уми январи соли 1881 Ашқободро забт намуданд. Забти қисматҳои боқимондаи сарзаминҳои туркман то соли 1885 давом кард. 18-уми Марти ҳамон сол қӯшунҳои рус нуқтаи охирон Кӯшкаро ишгол намуданд.
Ҳамин тавр, сарзамини қабилаҳои туркман ҳам аз тарафи қувваҳои ҳарбин Россияи подшоҳй истило карда шуд. 26-уми декабри соли 1897 вилояти Моварои Каспӣ (Закаспия) аз ҷиҳати идоракунӣ ба ихтиёри генерал - губернатори Туркистон гузашт.
132
Гуфтори сию шашум
Таъсисёбии генерал-губернатории Туркистон ва оқибатҳои
забти Осиёи Миёна аз ҷонибн Россия
Нақша:
1. Таъснеёбии генерал-губернатори Туркистон ш ҳуқуқҳои
номахдуди нахустин губернатори он генерал К.П.Кауфман.
2. Оқибатҳои аз тарафи Россия забт шудани Осиёи Миёна:
а) ҷиҳатҳои мусбат;
б) ҷиҳатҳои манфӣ.
Ҳукумати подшоҳӣ барои идора кардани қисмати ишғолшудаи Осиёи Миёна дар соли 1867 бо фаро гирифтани вилоятҳои Ҳафтрӯд ва Сирдарё генерал-губернатории Туркистонро таъсис намуд, ки он заминҳои аз соли 1347 то он лаҳза аз мулкҳои хонигарии Хӯқанд ва аморати Бухоро забт намудаи қӯшунҳои русро дарбар мегирифт ва марказаш шаҳри Тошканд буд. Дар ҳамон лаҳза генерал-губернаторӣ тавре Ки зикр намудем, аз ду вилоят - Сирдарё бо марказ дар Тошканд ва Ҳафтрӯд бо марказ дар Верный иборат буд. Мувофиқи ин тақсимот мулкҳои Хуҷанд, Нов, Уротеппа, Ҷиззах ва ғайра ба ҳайати вилояти Сирдарё дохил мешуданд8. Ҳудуди генерал-губернаторӣ ва миқдори вилоятҳои он минбаъд аз ҳисоби мулкҳои тозаишголи қӯшунҳои рус меафзуданд.
Дар як вақт инчунин округи ҳарбии Туркистон низ ташкил ёфт. 14 июли соли 1867 аввалин генерал-губернатори Туркистон генерали подшоҳӣ К.П Кауфман таъин гардид. подшоҳи Россия Александри П дар асоси «Ярлиқи зарин»-и худ ба Кауфман ҳуқуқи васеъ дода буд. Вай хақ дошт, ки бо давлатҳои ҳамсоя музокироти дипломатӣ барпо
^намояд, ҷанг эълон кунад, сулҳ банда два монанди инҳо. Яъне соҳиби ваколати номаҳдуде буд. Ҳамин тавр, дар сарзамине, ки аз тарафк қӯшунҳои Россия забт гардида буд, генерал-губернатории Туркистон ташкил ёфт. Минбаьд мнкдори вилоятҳои ба ҳайати он дохил гардида хеле афзуд: Сирдарё, Хафтрӯд, Самарқавд, Фаргона ва Моварои Каспӣ (Закаспий). Хулоса, кишвари Туркистон оа мустамликаи^Россия та&дил ёфт.
Забти Осиёи Миёна аз чониби Россия ба худ чиҳатҳои мусбат ва манфиро дорост. Ҷиҳатҳои мусбат:
1. Дар Оснёи Миёна, ки то забтшавӣ муносибатҳои феодалй хукмфармой мекард, минбаъд ба доираи муносибатҳои молию пулии
* Соли 1875 1ақсимоти нави маъмурии кишвари туркистон гузароиида шуд, ки мувофики ои уезди Хучанд (ба он Нов ва Уротеппа низ дохил мешуд) ба хайати вилояти Самарканд дохил гардид.
133
ҷамъияти капиталистӣ кашида шуданд. Аввалин заводу фабрикаҳо ба вуҷуд омаданд, роҳҳои оҳан сохта шуд. Масалан, роҳи оҳани Закаспий дар солҳои 80-уми асри XIX сар шуда, соли 1898 ба итмом мерасад. Аз Красноводск сар шудаг тавассути Қизил Арват, Ашқобод, Мари, Чорҷӯй, Бухорои Нав то Самарқанд омада мерасад.
Соли 1895 сохтмони роҳи оҳани Осиёи Миёна идома ёфт. Он соли 1899 ба воситаи Хавос ва Хуҷанд то Андиҷон расид ва дар ҳамин муддат дигар хати он аз Хавос то ба Тошканд омад. Сохтмони ин роҳ барои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ аҳамияти махсус дошт. Бояд гуфт, ки роҳи оҳани осиёи Миёна ба роҳи оҳани умумироссиягӣ пайваст гардид. умуман иқтисодиёти кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳод. Осиёи Миёна оҳиста-оҳиста на танҳо ба бозори умумироссиягӣ, балки ба воситаи он ба бозори умумиҷаҳонӣ муносибат пайдо кард.

  1. Ҷангҳои байниҳамдигарии давлатҳои мустақил ва ниммустақили кишвар, махсусан байни аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд, ки боиси хонахаробиҳои зиёд ва қашшоқии мардум мегардид, барҳам дода шуд. Зеро аз болои тамоми мулкҳои Осиёи Миёна назорати қатъии ҳукумати подшоҳӣ ҷорӣ гардид. хомӯш гардидани ҷангу ҷидолҳои дохилӣ бошад барои инкишофи тиҷорати байни ноҳияҳо ва вилоятҳои Осиёи Миёна шароити мусоид ба вуҷуд овард.

  2. Боқимондаҳои муносибатҳои ғуломдорӣ (махсусан хариду фурӯши гуломон) манъ карда шуд (агарчанде дар аморати Бухоро он амалан боз чанде давом дошт).

  3. Имконияти шиносшавӣ ба маданияти якдигар ва ғанӣ гардидани он ба вуқӯъ омад. Барои омӯзиши илмии табиату маънавиёти Осиёи Миёна қадамҳои аввалин ва ҷиддӣ гузошта шуд.

Ҷиҳатҳои манфӣ:
1. Бо забти Осиёи Миёна аз тарафи Россияи подшоҳӣ
мустақилияти давлатдории халқҳои ин сарзамин аз байн рафт.
Кишвари Туркистон қисми таркибии империяи Россия гардид.
Аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ пурра ба доираи сиёсати
ҳукумати подшоҳии рус даромаданд. Онҳо ба ғайр аз Россия бо дигар
давлатҳо муносибат карда наметавонистанд.
2. Дар сарзамини генерал-губернатории Туркистон тартиботи
сахти мустамликавӣ ҷорӣ гардид. Хукумати иртиҷоии амири Бухоро ва
хонигарии Хева агарчанде ба зери ҳимояи ҳукумати подшоҳӣ кашида
шуда бошанд ҳам, аммо тартиботи идоракунии дохилй дар ҳар дуи ин
мулкҳои Осиёи Миёна бетагйир монд. Минбаъд ҳукуматдорони
амирию хонӣ дар зери сояи қувваҳои ҳарбии Россияи подшоҳй нисбат
ба мардуми бечораи худ зулмро боз ҳам зиёдтар раво дониста, онҳоро
бераҳмона истисмор мекарданд. Дар натиҷаи ҳамаи ин мардум ба
зулми боз ҳам сахттар гирифтор шуд.
134
3. Шартномаи байни Россияю Англия дарёи Панҷро сарҳади нуфуз қарор дода, халқи тоҷикро, ки ҳазорҳо сол боз дар тарафи чап ва рости он зиндагӣ карда, бо ҳам рафту омад ва хешу таборӣ дошт, аз ҳам ҷудо кард. Он лаҳза ҳангоми муайян намудани марзи давлатй, манфиати халқи тоҷик умуман ба эътибор гирифта нашуд, зеро такдири халқи тоҷик аз сиёсати бузургдавлатии забткоронаи Россияю Англия сахт вобастагӣ дошт.
135
Гуфтори сию ҳафтум Васеъ шудани марзи аморати Бухоро дар солҳои 70-80-уми асри XIX
Нақша:

  1. Вазъи мулкҳои шарқии аморат ва ҳуҷуми аввали амир Музаффар ба водии Ҳисор,

  2. Ҳуҷуми дуюми қӯшунҳои амир ба водии Ҳисор ва таслим намудани Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон ва водии Вахш,

  3. Забти Қаротегин ва Дарвоз. Тобеи Ҳукумати амирӣ гардидани мулкҳои Бухорои Шарқӣо

Бояд қайд намуд, ки дар сарзамини аморат мулкҳое ба монанди Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Деҳнав, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, кӯлоб ва гайра буданд, ки ҳокимони онҳо худро мустақил ҳисобида ба ҳукумати амирӣ сар намефароварданд. Мулки Қӯргонтеппа бошад он лаҳза макони кашмакашй гардида, тобеи гоҳ Қундуз, гоҳ Кӯлобу Балҷувон ва гоҳ тобеи Ҳисор мешуд. Амирони Мангитияи Бухоро низ барои тобеи худ гардонидани ин мулкҳо, аз ҷумла ба муқобили Шаҳрисабзу Китоб борҳо ҳуҷум карда хуни зиёд резондаанд.
Амир Музаффарро бемуваффақиятии амалиётҳои ҷангии 1866 ба муқобили қӯшунҳои рус ором нагузошт. Ӯ мехост, ки ҷои мулкҳои аз даст додаашро (яъне Хуҷанд, Уротепппа, Нов, Ҷиззах ва гайраро) аз ҳисоби мулкҳои Бухорои Шарқӣ пур кунад. Бо ҳамин сабаб вай аллакай охири ҳамон сол ба сӯи водии Ҳисор лашкар кашид. Албатта муваффақияти ин ҳуҷум аз бисёр ҷиҳат ба мавқеи ҳокимони Китобу Шаҳрисабз вобастагй дошт. Зеро ҳамон лаҳза ҳокимони Шаҳрисабз Ҳакимбек ва Китоб Ҷӯрабек низ майли ба амири Бухоро итоат карданро надоштанд. Вале он дар пеши ҳуҷуми қӯшунҳои рус хусумати худро нисбат ба амир як сӯ гузошта, бо мақсади зарба задан ба душмани асосӣ - қушунҳои ҳукумати подшоҳии рус муваққатӣ бошад ҳам, бо амир якҷоя амал карданро зарур мешумориданд. Бо ҳамин мақсад онҳо ба амир Музаффар изҳори итоат намуданд. Амир ба садоқати онҳо боварӣ надошт. Лекин ба ҳар ҳол ин дафъа садоқати рӯякии ин ҳокимонро истифода бурданй шуд.
Инак, амир Музаффар охири соли 1866 ва аввали соли 1867 сарзамини Қаршӣ ва шаҳрисабзро ба такягоҳи қушунҳои худ табдил дода, ба сӯи водии Ҳисор ҳуҷум кард.
Баробари огоҳӣ аз ин ҳаракати амир дар маҳалҳои Бойсун ва Деҳнав бо ташаббуси ҳокими Ҳисор Абдукарим додхоҳ дастаҳои ихтиёрии ин мулкҳо ҷамъ омаданд. Дар байни онҳо қувваи асосиро ҳисориҳо ташкил медоданд ва бо ҳамин сабаб ҳамаи он қувваҳои зидди амирӣ чун «ҳисориҳо» ном бурда мешавад. Бо даъвати Абдулкарим ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарахон ҳам, ки баромадаш аз қабилаи
136
қатағани Кӯлоб буд, ҳамчун иттифоқчӣ бо қушуни худ ба майдони муҳориба ҳозир шуд.
Мувофиқи баъзе маълумотҳо муҳосираи қалъаи Деҳнав,, ки асосан аз тарафи ҳисориҳо мудофиа карда мешуд, шаш рӯз давом кардааст. Баъди забти он аскарони амир тамоми муҳофизони қалъаро қатл ва худи онро ба хок яксон намудааст. Сипас сарбозони амир ба самти Шарк ба дохили водии Ҳисор ҳаракат карданд. Онҳо қалъаҳои Регар, Қаротоғ, Файзобод ва гайраро низ ба хок яксон карданд. Абдулкарим додхоҳ бошад ба назди иттифоқчии худ ҳокими Кӯлобу Балҷувон -Сарахон гурехт. Вале Сарахон барои ҳифзи мансаб ва ҷони худ Абдулкаримро ҳабс намуда, ба ихтиёри амир супорид ва тамоми гуноҳро ба гардани ӯ бор карда, бо ин мансаб ва ҷони худро нигоҳ дошт. Амир Абдулкаримро бо тамоми авлодаш ба қатл расонд.
Амир Музаффар баъди ин галабаҳо дар Бойсун, Деҳнав, Ҳисор ва Файзобод аз ҷумлаи содиқони худ ҳокимони навро таъин карда, аввали соли 1867 ба Бухоро баргашт. Зеро чуноне таъкид карда шуд, бо сабаби дар назди ӯ сари таслим фаровардани Сарахон ба сӯи Кӯлоб ҳаракат карданро зарур нашуморид. Чунин ҳолат амирро то андозае хотирҷамъ ҳам карда буд. У боварӣ дошт, ки ҳокимони боқимондаи Бухорои Шарқӣ дигар саркашй накарда, дар итоати вай боқӣ хоҳанд бимонд.
Солҳои 1868-1870 барои амир Музаффар чуноне аллакай ишора шуд, хеле душвор буд. Аз ҷумла, танҳо соли 1868 соли шикастхӯрӣ аз қӯшунҳои рус дар муҳорибаҳои Чупонато ва Зирабулоқ, имзои шартномаи барояш вазнин бо Россия5 ниҳоят исёни писараш Абдумаликтӯра ва гайраҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳангоми шӯриши Абдумаликтӯра яж қатор ҳокимон аз итоати амир саркашӣ намуда буданд, аз ҷумла Сарахон аз ӯ рӯ гардонида ба исёнгарон майл карда буд. Ҳокими нави Ҳисор ҳам ҳамин гуна мавқеъро ишғол кард.
Инак, амир Музаффар соли 1870 баъди он Ки қушунҳои рус шӯриши Абдумаликтӯраро пахш карда Китоб ва шаҳрисабзро тобеи ӯ (яъне амир) намуданд боз ба сӯи водии Ҳисор лашкар кашид. Ҳамроҳи вай қушбегй Яъқуббек ҳам буд. Дар ин сафари ҳарбй сарбозони амир дастаҳои ҳарбии беки Шеробод Остонақулбий ва ҳокими нави Деҳнав Улуғбекро шикаст дода ба Ҳисор наздик шуданд. Дар ин сарзамин 15 рӯз ҷанг давом кардааст. Шумораи танҳо қатлшудагон ба панҷ ҳазор нафар расида води Ҳисор ба харобазор табдил ёфтааст.
Бедодгариҳои Музаффар дар водии Ҳисор тарсу ваҳми ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарахонро хеле зиёд намуд. Он лаҳза дар зери итоати ӯ водии Вахш - мулкҳои Қӯрғонтеппаю Қабодиён низ буданд. Амир худи ҳамон соли 1870 ба муқобили Сарахон ба сӯи Кӯлоб дастаҳои махсусро бо сарварии қушбегӣ Яъқуббек фиристод. Сарахон бошад,
137
боварии комил дошт, ки барои муқобилият қуввааш кифоягӣ намекунад ва ҳангоми маглубият саломат нахоҳад монд. Бинобар ин ӯ аз муқобилиятнишондиҳӣ даст кашида, барои халосии ҷони худ ба мулки Афгон гурехт. Дар натиҷа Яъқуббек бе ягон муҳориба Кӯлоб, Балҷувон, Қӯргонтеппа ва Қубодиёнро ба зери тасарруфи ҳукумати амирӣ даровард.
Амалиёти минбаъдаи қӯшунҳои амирӣ барои забти Қаротегину Дарвоз нигаронида шуда буд. Амир Музаффар бо дастгирии саркардаҳои ҳарбии рус соли 1877 ҳокими Қаротегин Саидхонро аз Қаротегин ба Бухоро даъват карда, ба Қаротегин чун ҳоким Худойназар атолуқро фиристод. Дар натиҷаи ин амалиёт Қаротегин бе ҷанг пурра ба қатори мулкҳои Бухоро дохил карда шуд.
Баъди ҳалли тақцири Қаротегин масъалаи Дарвоз ба миён омад. Иҷроиши он ба зиммаи беки Қаротегин Худойназар гузошта шуд. У соли 1877 ба сӯи Дарвоз бори аввал лашкар кашид, вале шикастт хӯрд. Худойназари маккор бо роҳи фиреб шоҳи Дарвоз Сироҷиддинхонро гӯё барои мулоқот боа мир Музаффархон ба Шаҳрисабз фиристода, дар он ҷо ба асорат гирифтор намуд.
Чунин маккории Худойназар газаби мардуми Дарвозро боз ҳам зиёдтар намуд ва онҳо ин дафъа ҳам ба ӯ муқобилияти сахт нишон дода, қушуни якунимҳазорнафараашро торумор карданд. Амир Музаффар ба Дарвоз қувваи зиёдеро фиристод. Ба ин қуваҳо боз Худойназар сарварӣ мекард. Ниҳоят онҳо соли 1878 қалъаи хеле мустаҳками Кафтархонава баъд Қалъаи Хумбро забт намуданд. Бо ҳамин мулки Дарвоз ҳам ба қисми таркибии аморати Бухоро табдил ёфт.
Ҳамин тавр дар муддати солҳои 1866-1878 мулкҳои ниммустақили Бухорои Шарқӣ (ба ғайр аз мулкҳои кӯҳии Бадахшон) тобеи ҳукумати амирии Бухоро гардид. Барои осон гардонидани идоракунии мулкҳои Бухорои Шарқӣ он ба бекигариҳои зерин: Балҷувон, Бойсун, Дарвоз, Деҳнав, Кӯлоб, Шеробод, Юрчӣ, Ҳисор, Каротегин, Қубодиён ва Қӯрғонтеппа тақсим карда шуд. Ҳар кадоми ин бекигариҳо аз ҷумлаи шахсони ба амир наздик ва содиқ ҳокими худро дошт.
138
Гуфтори сию ҳаштум Ошӯбҳои халқӣ дар минтақаи Кӯлоб. Шӯриши Восеъ»
Нақша:

  1. Ҷунбишҳои мардумӣ дар Балҷувон (1870).

  2. Шӯриши машҳури Восеъ ва аҳамията таърихии он.

Дар солҳои 70-80-уми асри XIX дар минтақаи Кӯлоб ошӯбҳои пурзӯри халқӣ ба амал омаданд. Соли 1870 ду ҳазор деҳқонон аз худсарию зиёд шудани миқдори хироҷу закот ба шӯр омада, қалъаи Балҷувонро муҳосира карданд. Яке аз косалесони амир -Абдулкаримбек дар ҳамин қалъа менишаст ва сабабгори зиёд шудани хироҷу закот ҳам худаш буд. Ба ҳар ҳол бек аз газаби халқ тарсида ба Ҳисор гурехт. Ин баромади мардумӣ муташаккил набуд, барои ҳамин ҳам деҳқонон қалъаро гирифтанду молу мулки онро байни худ тақсим карда, ҳамон дам хона ба хона пароканда шуданд.
Чӣ ҷойи ҳайрат аст, ки ин ошӯбро ҳамон дам дастаи аскарони ҳокими Ҳисор Яъқуб қушбегӣ пахш кард. Чанд ошӯбгарро ба дор кашиданд, бисёриҳо ба Дарвоз гурехтанд. Абдукарим боз ба Балҷувон баргашта мисли пештара худсарӣ кардан гирифт.
Моҳи декабри соли 1874 дар Балҷувон боз ошӯб шуду сабабаш боз ҳамон худсарии амлокдорон дар бобати хироҷу андоз буд. Ин дафъа лақайҳои ӯзбек шӯриданд. Аз нодонии сиёсии шӯришгарон истифода бурда, онҳоро фиреб доданд, ки ба амир арз намоянд ва ҷавоби аризаро интизор шаванд. Дар ин мобайн сардори дастаи қушунҳои Бухоро 7 нафар сардори шӯришро дастгир намуда ба зиндон партофт ва бо ҳамин шӯриш анҷом ёфт.
Соли 1884 ва чанд соли аз ин пеш барои мардуми минтақаи Кӯлоб ниҳоят вазнин омад, зеро аксари зироат аз хушкй сӯхта рафту боқимондаи онро малах нобуд кард. Соли 1885 пас аз чанд соли беҳосилй бори аввал андак ҳосили хуб шуда буд, ки амлокдорон қарзҳои солҳои пешинро ҳам талаб карданд. Ғайр аз ин миқдори андоз ҳам зиёд карда шуд. Одамонеро, ки барои шикоят ба Кӯлоб фиристода буданд, ба зиндон партофтанд. Амлокдори ҳокими Кӯлоб Муҳаммадназарбек, ки ба Мӯъминобод барои андозгундорй омад, деҳқонон ӯро дошта заданд. Пас аз ин деҳқонон хонаву замини худро партофта ба Балҷувон рафтанд ва умед доштанд, ки беки Балҷувон ба онҳо паноҳгоҳ медиҳаду муҳофизат мекунад. Вале ҳокими Балҷувон нахост, ки ба кори ҳамсояаш дахолат кунад ва ба деҳқонон маслдҳат дод, ки ба манзили худ баргарданд.
Ниҳоят моҳи декабри соли 1885 ошӯб ба авҷи аълои худ расид. Деҳқонон аз касе напурсида аз хирманҳо ғалларо ба хонаҳои худ бурданд, аз додани андоз даст кашиданд (яъне сар кашиданд) ва ба
139
амир одам фиристоданду соддалавҳона гумон доштанд, ки решаи ин касофат дар худи ҳамин ҷойҳо мебошад. Ҳокими Кӯлоб дар навбати худ аз амир. илтимос кард, ки барои пахши ошӯб аскар диҳад. Ошӯб пахш гардид, вале ҳокими Кӯлоб Муҳаммадназарбекро худи амир аз кор гирифт. Аммо ин аҳволи мардумро беҳ накард.
Ҳамаи ин шӯру ошӯбҳо барои ҳаракати азиме, ки соли 1885 тамоми бекигариҳои Кӯлобу Балҷувонро фаро гирифт, гӯё замина гайёр карданд ва ин шӯриш дар адабиёти таърихй аз номи пешвои ок Восеъ -чун «Шӯриши Восеъ» машҳур аст. Ин шӯриши ҳақиқатан таърихӣ ин тавр ҷараён дошт.
Бо сардории Восеъ деҳқонони атрофи Ховалинг ба ҳавлии амлокдори Ховалинг дарафтоданд. Ҳавлиҳои дигар бою муллоҳоро ҳам ба хок яксон намуданду пас аз ин Восеъ ба деҳаҳои Балҷувону Кӯлоб одамони худро фиристод. ки мардум дар ҷанги зидди амир ба ӯ ҳамроҳ шаванд. Ҷавобан ба ин даъвати Восеъ ҳазорон деҳқонон, Ки аз зулму ситами амир ба дод омада буданд, дар атрофи Восеъ гирд омаданд. Мардум бо сарварии Восеъ роҳи Балҷувонро пеш гирифт. Шӯришгарон ба назди ҳоким одам фиристоданду хостанд бо маслиҳат микдори андозро андаке кам кунанд. Аммо кор ранги дигар гирифт. Чанд нафар намояндагони шӯришгаронро ба даруни кдлъаи Балҷувон роҳ доданду аз паси онҳо дарвозаро бастанд. Ба назди деҳқонон чанд муллоро фиристонданд. Ки дар байни шӯришгарон низоъ андозанд ва онҳоро аз роҳ зананд. Муллоҳо ба панду насиҳат даромаданд, Ки мардум бомд ба умеди «илтифот»-и ҳоким бошанду аз паи зиндагии худ шаванд. Вале деҳқонон ба ин панду насиҳат гӯш накардакд ва интизори бозгашти намояндагони худ шуданд.
Дар ҳамин лаҳза дарвозаи қалъа якбора воз шуду ба сари шӯришгарон сарбозони ҳокими Балҷувон фурӯ рехтанд ва бо ин ҳамлаи ногаҳони шӯришро бо якборагй пахш карданй шуданд. Вале Восеъ фавран деҳқононро саф ороста ба мудофиа омода сохт ва онҳо худ ба ҳуҷум гузашта сарбозонро гурезониданд ва қалъаро гирифтанд. Ҳокими Балҷувон гайр аз пой ба каф гирифта гурехтан дигар илоҷе надошт.
Шӯришгарон қалъаро фатҳ намуда, намояндагони худро, ки нӯкарони ҳоким онҳоро ваҳшиёна калтаккорӣ карда ба зиндон андохта буданд, раҳой доданд. Баъд қӯрхонаи қалъаро кушода аслиҳаро байни худ гакеим намуданд. Се шабонарӯз қалъаи Балҷувон дар дасти шӯришгарон буд. Хатои калони шӯришгарон ҳамин буд, ки барои паҳн гардидани шӯриш ба дигар маҳалҳои водии Кӯлоб, ҳамчунин ба Ҳисору Қаротегин ҳеҷ тадбире наандешиданд. Аз галабаи худ мамнун шуда қадаме а 1 Балҷувон берун намонданд.
Дар ин мобайн ҳокими Балҷувон ба Кангурт расида аз он ҷо ба ҳокимони Кӯлобу Ҳисор чопар фиристод, ки фавран ба ёрӣ оянд,
140

Download 1,67 Mb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   20




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish