Адабиёт:
Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII-XIV қисми 1 – Душанбе; 1976
Расул Ҳодизода - Тасаввуф дар адабиёти форсу тоҷик- Душанбе; Адиб 1999
Ҳазратқулов М – Тасаввуф. Душанбе; 1988
Наҷмиддин Комилов – Тасаввуф. Нашрҳои Мовароуннаҳр – Ӯзбекистон; 2009
Саид Нафисӣ – Сарчашмаҳои тасаввуф дар Эрон. Теҳрон; 1343
Зарринкӯб А - Арзиши мероси сӯфия.
Зарринкӯб А – Ҷустуҷӯ дар тасарруфи Эрон.
18.02.2020
Мавзӯъ: Тариқати маломат дар тасаввуф.
Таълимоти маломат ба ободии ботин ва хароб кардани зоҳир асос меёбад. Шайхҳои маломатия барои он, ки аз қабул ва иззату икроми мардум гурезанд худро мавриди таҳқиру маломат ва харобии зоҳир қарор медоданд. Зеро ба назари аҳли маломат эҳтироми халқ доми шайтон ва парастиши ҷоҳ менамуд. Бинобар ақидаи онҳо тамоми он, чи ки сӯфию орифро назди омма мақбул ва писандида мегардонад, ӯро аз ҳақ (худо) дур ва ба халқ, ба нафс машғул мегардонад. Паҳн шудани таълимоти маломат аксул амал ва эътирозе буд. Ба муқобили зоҳидону шайхоне, ки бо изҳори каромату валоят (авлиёгӣ) ва ё пӯшидани либоси махсус – дақу пӯст ва хирқа худро дар назди омма маҳбуб ва воҳиди эҳтиром мекарданд.
Ақидаи маломат пеш аз он, ки чун аксуламале зоҳир шавад, чун равияи махсусе дар дохили тасаввуф ташаккул ёбад, дар фикри баъзе зоҳидон ба тарзи нохуд огоҳ вуҷуд доштааст. Чунончи шайхе аз солими Барусӣ яке аз саромадони маломат пурсидааст, ки «Ёрони маро чӣ гуна бини?» Барусӣ фавоб додааст : он зӯҳде, ки дар зоҳир нишон медиҳанди агар дар ботинашон ҳам мебуд, мардони ростин мебуданд., намози бисёр, рӯзаи бисёр ва хушӯъ (аҷз)-и бисёр дар онҳо мебинанд, аммо нури Ислом дар эшон намебинанд.
19.02.2020
Мавзӯъ:Давоми дарси гузашта.
Маломатия дар ҳақиқат мехостааст тасаввуфро аз сохтакорӣ, риё халос кунад, онро аз шакли як корхонаи кароматсозӣ ва як дастгоҳи муридпарварӣ бурун оранд. Ҳатто баъзе эътирозоте, ки онҳо нисбат ба сӯфия доштанд иборат аз ҳамонҳое буд, ки пештар аксари аҳли Ислом бар онҳо доштаанд. Аз қабили манъ аз тарк кардани касбу кор ва аз ифрот (зиёдаравӣ) дар таваккул, парҳез аз зикру самоъ, ки дар таълимоти маломат ба вуҷуд омад, дар ақидаи бештари аҳли ислом низ буд.
Маломатия бар хилофи сӯфия либоси махсусро, ки хирқа ва пашмина мегуфтанд, намеписандиданд, ки ин ҳам эътирозе ба сӯфия буд. Маломатиён хирқаи тасаввуфро либоси шӯҳрат маънидод менамуданд. Шӯҳрат бошад, ба назари онҳо офат аст. Дар ҳақиқат асоси фикри маломатиён чунон,ки саромадони он Ҳамдуни Қассор (271 ҳиҷрӣ) ва Абуҳафзи Ҳаддод таълим медоданд, иборат аз тақвою зӯҳди пинҳонӣ буд, ки аз ҳама гуна даъвою намоишкорӣ дур буд. Бинобар ин тариқаи маломат зӯҳди ошкори сӯфиёнро ба зӯҳди пинҳонӣ табдил дод ва аз зӯҳду фақри худнамоёна ба фақру зӯҳди ботинӣ ва холи аз ҳар навъи намоишкорӣ таваҷҷӯҳ намуда, бо ҳамин дар таърихи тасаввуф таъсири бузург гузоштааст. Назариётчиёни тасаввуф маломатро тариқаи олӣ ҳисоб кардаанд. Парҳез аз шӯҳрат ва аз иззату икроми халқ сабабшуд, ки маломатиён аз ҳар он чӣ онҳоро ба унвонҳои зоҳид, олим ва ориф ва бартар эҳтиром менамуданд, худро дар канор гиранд. Ҳамин ҳол онҳоро бештар ба аҳли ҳирфа (косибон) наздик мекард. Ва сабаби ривоҷи тариқаи онҳо дар байни аҳли бозор гардид.
Абу Амри Маломатӣ мегӯфтааст,ки мард то тамоми кору кирдори худро рио ва тамоми аҳволи хешро даъво ҳисоб накунад,ба мақоми аҳли маломат намерасад. Абу Усмони Ҳилавӣ,ки тариқаи маломатро таълим медод, чунин мегӯяд: "тарс аз худованд туро ба ӯ мерасонад ва худбинӣ туро аз худованд ҷудо мекунад".
Шайхони маломат либоси айёрону шотиронро бештар аз либоси зоҳидону сӯфиён дӯст медоштанд. Ба ин тариқ бинои тариқати маломат ба ихлос дар аввал ниҳода шуда буд. Азбаски тариқаи футуват (ҷавонмардӣ) низ ба дараҷаи маълум бар асли ихлос дар амал ва бархез аз риё асос ёфта буд, тариқаи маломат тадриҷан бо оини футуват омезиш ёфт.
Суннати аҳли маломат ба воситаи қаламдарон низ идома ёфт,ки либоси айёрону сарбозон мепӯшиданд ва ё ба кулли улён ва бо мӯи тарошида ҳаракат мекарданд. Тарзи зиндагии маишии қаландарон бештар ба ранги ҳаёти ринди маломати буда, аз тарзи зиндагии сӯфии аҳли парҳез фарқи кулли дошт. Қаландарон он хонақоҳу ҷои ҳузури шайхони мутасаввифро намеписандиданд. Ба ҳамин сабаб аҳли суфия онҳоро аз зумраи худ берун мешумурданд. Хонақоҳи қаландарон мисли хонақоҳи аҳли футуват лангар номида мешудааст.
Do'stlaringiz bilan baham: |